Архивы за день : 22.01.2019

Ҳаракати об ва моддаҳои маъданӣ дар растаниҳо

rastani-023

Чӣ тавре ки шумо аллакай медонед, об ва моддаҳои маъданиро растанӣ аз хок ба туфайли мӯякрешаҳояш меҷаббад. Дар хок об дар шакли холис вуҷуд надорад. Вай метавонад дар шакли маҳлули хокӣ, ки намакҳои маъдании дар об ҳалшаванда дорад, дастраси растаниҳо гардад. Минбаъд дар растанӣ ба маҳлули ин моддаҳо чӣ ҳодиса …

Муфассал »

Обро ҷаббидани реша

rastani

Реша дар ҳаёти растаниҳо аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Растаниҳо ба воситаи решаашон дар хок устувор ҷойгир шуда, аз он об ва моддаҳои маъдании барои ҳаёташон заруриро мегиранд. Барои исботи ин гуфтаҳо таҷрибаҳои гуногун кӯмак мерасонанд. Агар ягон растании дар рег ё аррамайдаи намнок парвариш кардашударо гирифта, бо решааш ба дохили пробирка …

Муфассал »

Сабзиши реша ва Қисмҳои он

tirresha-patakresha

Маълум аст, ки ҳангоми ба нешзанӣ шурӯъ кардани тухм, пеш аз ҳама решачаи ҷанин неш зада мебарояд. Сараввал он кам аён буда, вале ба зудӣ кад кашида калон мешавад. Ин ҳодиса чӣ тавр амалӣ мегардад? Решачаи ҷанини тухм ва решаи растании нашъунамокунанда монанди дигар узвҳои растанӣ низ аз ҳуҷайраҳо иборатанд. …

Муфассал »

Хелҳои реша – Типи системаи реша ва хок

navi-resha

Аҳамияти он барои ҳаёти растаниҳо. Муҳофизати хок: Решаи дарахтон сабзида, ба қабатҳои чуқури хок шоха ронда, ғафс мешавад ва танаи хеле вазнину боҳашамати шохаҳои сербаргро мустаҳкам нигоҳ медорад. Албатта, на ҳамаи растаниҳо монанди дарахтони азимҷусса решаи устувору шохаронда доранд. Решаи растаниҳои алафии яксола нисбатан хурд буда, ба замин чуқур намедарояд. Тамоми …

Муфассал »

Ғизогири ва сабзиши майса

mevai-tar-xushk

Мӯҳлати кишти майса: Ҳангоми чашидани таъми тухми насабзида (барои муқоиса), сипас дони нешзадаи ҷав, гандум ё ҷавдор, шумо ба андак ширин будани тухми нешзада боварӣ ҳосил мекунед. Зеро ҳангоми сабзиши тухм оҳари эндосперми тухм аз таъсири об ва моддаҳои махсус ба канд табдил меёбад. Сипас, қанд дар шакли маҳлули обӣ …

Муфассал »