Главная / 2018 / April / 16 (страница 2)

Архивы за день : 16.04.2018

Маҷбуран овардан

moddai-65-kodeksi-hukukvayronkunii-mamuri

Моддаи 65-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Маҷбуран овардан  Дар ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур нисбат ба шахси воқеӣ ва ё намояндаи шахси ҳуқуқие, ки нисбати ӯ парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ пеш бурда мешавад ё нисбат ба намояндаи қонунии шахси ноболиғи ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидашаванда, инчунин нисбат ба шоҳид чораи маҷбуран овардан татбиқ карда …

Муфассал »

Ҷой ва тартиби нигоҳдории шахсони дастгиршуда

moddai-64-kodeksi-hukukvayronkunii-mamuri

Моддаи 64-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Ҷой ва тартиби нигоҳдории шахсони дастгиршуда  Шахсони дастгиршуда дар биноҳои барои ин мақсад ҷудокардашудаи мақомоти пешбининамудаи қисми 2 моддаи 61 Кодекси мазкур ё дар муассисаҳои махсуси тибқи тартиби муқарраргардида аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таъсисгардида нигоҳ дошта мешаванд. Ин биноҳо бояд ба талаботи …

Муфассал »

Мӯҳлати дастгиркунии маъмурӣ

moddai-63-kodeksi-hukukvayronkunii-mamuri

Моддаи 63-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Мӯҳлати дастгиркунии маъмурӣ  Мӯҳлати дастгиркунии маъмурии шахсе, ки ҳуқуқвайронкунии маъмуриро содир кардааст, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар қисмҳои 2 ва 3 ҳамин модда пешбинӣ шудаанд, наметавонад аз се соат зиёд бошад. Дар ҳолатҳои истисноӣ, бинобар зарурати махсус нисбат ба шахсони маҳали истиқоматашон номуайян мумкин аст …

Муфассал »

Протоколи дастгиркунии маъмурӣ

moddai-62-kodeksi-hukukvayronkunii-mamuri

Моддаи  62-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Протоколи дастгиркунии маъмурӣ  Дар бораи дастгиркунии маъмурии шахси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содиркарда протокол тартиб дода мешавад, ки дар он вақт ва маҳали тартибдиҳии он, вазифа, насаб, ном ва номи падари шахси протоколро тартибдода, маълумот дар бораи шахси дастгиршуда, вақт, ҷой, сабаб ва асосҳои дастгиркунӣ нишон дода …

Муфассал »

Дастгиркунии маъмурӣ

moddai-61-kodeksi-hukukvayronkunii-mamuri

Моддаи  61-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Дастгиркунии маъмурӣ  Дастгиркунии маъмурӣ, яъне маҳдудкунии муваққатии озодии шахси воқеӣ мумкин аст дар ҳолатҳои истисноӣ татбиқ карда шавад, ба шарте ки он барои таъмини баррасии саривақтӣ ва дурусти парванда, инчунин ҷиҳати иҷрои қарор оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ зарур бошад. Дастгиркунии маъмурии шахсе, ки ҳуқуқвайронкунии …

Муфассал »

Овардани шахсе, ки ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содир кардааст, ба ҷойи тартибдиҳии протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ

moddai-60-kodeksi-hukukvayronkunii-mamuri

Моддаи  60-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Овардани шахсе, ки ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содир кардааст, ба ҷойи тартибдиҳии протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ  Овардани шахсе, ки ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содир кардааст, яъне ба ҷойи тартибдиҳии протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ маҷбуран овардани шахси ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидашаванда ва намояндаи шахси ҳуқуқӣ бо мақсади тартиб додани протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, …

Муфассал »

Номгӯи чораҳои таъминкунандаи пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ

moddai-59-kodeksi-hukukvayronkunii-mamur

Моддаи 59-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣi. Номгӯи чораҳои таъминкунандаи пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ  Бо мақсади пешгирии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, муқаррар намудани шахсияти шахси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содирнамуда ва алоқамандии ӯ ба содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, тартиб додани протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ба шарте ки тартиб додани он дар ҷойи содиршавии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ғайриимкон бошад, …

Муфассал »

Баҳодиҳии далелҳо

moddai-58-kodeksi-hukukvayronkunii-mamuri

Моддаи  58-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Баҳодиҳии далелҳо Судя, мақоми ваколатдори давлатии (шахси мансабдори) анҷомдиҳандаи пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ далелҳоро мутобиқи қонун ва ақидаи ботинии худ, ки ба таҳлили ҳаматарафа, пурра ва воқеъбинонаи тамоми ҳолатҳои парванда асос ёфтааст, баҳо медиҳанд. Ягон далел пешакӣ қувваи муайянкунандаро надорад.

Муфассал »

Талаб кардани маълумот

moddai-57-kodeksi-hukukvayronkunii-mamuri

Моддаи 57-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Талаб кардани маълумот  Судя, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор), ки парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар баррасӣ ва пешбурди онҳо қарор дорад, ҳуқуқ доранд, дар бораи талаб карда гирифтани маълумоти барои ҳалли масъалаҳои парванда зарурӣ таъинот ё қарор бароранд. Маълумоти талаб кардашуда, бояд дар давоми се шабонарӯзи …

Муфассал »

Супоришу дархост оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ

moddai-56-kodeksi-hukukvayronkunii-mamuri

Моддаи 56-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Супоришу дархост оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ  Судя, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор), ки парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар пешбурди онҳо қарор дорад, ҳуқуқ доранд, бо мақсади ба даст овардани далелҳо оид ба ҳамин парванда ба мақомоти ҳудуди дахлдор дархост ирсол намоянд ё ба шахси мансабдори …

Муфассал »