Главная / 2018 / March / 28 (страница 4)

Архивы за день : 28.03.2018

Баҳисобгирии давомнокии рухсатиҳои меҳнатии ҳарсола

moddai-101-kodeksi-mehnat

Моддаи 101-и Кодекси Меҳнат. Баҳисобгирии давомнокии рухсатиҳои меҳнатии ҳарсола Давомнокии рухсатиҳои меҳнатии ҳарсола бо рўзҳои тақвимӣ, сарфи назар аз низом ва ҷадвали корӣ ба ҳисоб гирифта мешавад. Рўзҳои иди ғайрикорӣ, ки ба давраи рухсатӣ рост меоянд, мувофиқи моддаи 89 Кодекси мазкур ҳангоми муайян намудани давомнокии рухсатӣ ба ҳисоб гирифта намешаванд. …

Муфассал »

Рухсатии иловагӣ барои собиқаи кории давомнок

moddai-100-kodeksi-mehnat

Моддаи 100-и Кодекси Меҳнат. Рухсатии иловагӣ барои собиқаи кории давомнок Ба кормандоне, ки дар як соҳа ё дар як ташкилот муддати дароз кор карда, дорои собиқаи кории давомнок мебошанд, рухсатии иловагии давомнокиаш то 10 рўзи тақвимӣ дода мешавад. Номгўйи соҳаҳо, истеҳсолот, кор, касб ва вазифаҳо (мансабҳо), шароити пешниҳод ва давомнокии …

Муфассал »

Рухсатии иловагии бо рўзи корӣ ба меъёр гирифтанашуда

moddai-99-kodeksi-mehnat

Моддаи 99-и Кодекси Меҳнат. Рухсатии иловагии бо рўзи корӣ ба меъёр гирифтанашуда Ба кормандони рўзи кориашон ба меъёр гирифтанашуда барои зиёда аз давомнокии вақти кории муътадили муқарраргардида иҷро намудани кор рухсатии иловагӣ на камтар аз 10 рўзи тақвимӣ дода мешавад. Давомнокии мушаххаси чунин рухсатӣ барои кормандони ташкилотҳои аз ҳисоби буҷети …

Муфассал »

Рухсатии иловагии ҳарсола барои кор дар шароитҳои махсуси табиию иқлимӣ

moddai-98-kodeksi-mehnat

Моддаи 98-и Кодекси Меҳнат. Рухсатии иловагии ҳарсола барои кор дар шароитҳои махсуси табиию иқлимӣ Рухсатии иловагии ҳарсола барои кор дар шароитҳои махсуси табиию иқлимӣ бо давомнокии на камтар аз 8 рўзи тақвимӣ дода мешавад. Давомнокии мушаххаси рухсатии иловагии ҳарсола ва шарти додани онро санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии …

Муфассал »

Рухсатии иловагии ҳарсола барои хусусияти махсуси кор

moddai-97-kodeksi-mehnat

Моддаи 97-и Кодекси Меҳнат. Рухсатии иловагии ҳарсола барои хусусияти махсуси кор Рухсатии иловагии ҳарсола барои хусусияти махсуси кор бо давомнокии на камтар аз 3 рўзи тақвимӣ ба гурўҳҳои алоҳидаи кормандон, ки меҳнати онҳо ба шиддати зиёди асаб ва эҳсосот вобаста мебошад ё дорои хусусияти махсуси иҷрои кор аст, дода мешавад. …

Муфассал »

Рухсатии иловагии ҳарсола барои кор дар шароитҳои зарарнок ва вазнини меҳнат

moddai-96-kodeksi-mehnat

Моддаи 96-и Кодекси Меҳнат. Рухсатии иловагии ҳарсола барои кор дар шароитҳои зарарнок ва вазнини меҳнат Рухсатии иловагии ҳарсола барои кор дар шароитҳои зарарнок ва вазнини меҳнат бо давомнокии на камтар аз 7 рўзи тақвимӣ ба кормандоне дода мешавад, ки дар корҳои кўҳии зеризаминӣ, дар конҳои кушоди кўҳӣ, буриш ва карерҳо, …

Муфассал »

Рухсатиҳои иловагии ҳарсола

moddai-95-kodeksi-mehnat

Моддаи 95-и Кодекси Меҳнат. Рухсатиҳои иловагии ҳарсола Корфармо уҳдадор аст ба шахсони зерин рухсатиҳои иловагии ҳарсола диҳад: – ба кормандоне, ки дар корҳои шароити зарарнок ва вазнин кор мекунанд; – ба кормандоне, ки корашон хусусияти махсус дорад; – ба кормандоне, ки дар шароити номусоиди табиию иқлимӣ кор мекунанд; – ба …

Муфассал »

Давомнокии рухсатии асосии ҳарсолаи дарозкардашуда

moddai-94-kodeksi-mehnat

Моддаи 94-и Кодекси Меҳнат. Давомнокии рухсатии асосии ҳарсолаи дарозкардашуда Ба гурўҳҳои алоҳидаи кормандон бо назардошти шароит ва хусусияти уҳдадориҳои меҳнатӣ, синну сол, собиқаи корӣ, вазъи саломатӣ ва дигар ҳолатҳо мумкин аст рухсатии асосии дарозкардашуда мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шавад. Рухсатии асосии ҳарсолаи дарозкардашуда муқаррар карда мешавад: …

Муфассал »

Давомнокии рухсатии меҳнатии асосии ҳарсолаи камтарин

moddai-93-kodeksi-mehnat

Моддаи 93-и Кодекси Меҳнат. Давомнокии рухсатии меҳнатии асосии ҳарсолаи камтарин Давомнокии рухсатии меҳнатии асосии ҳарсолаи камтарин 24 рўзи тақвимиро ташкил медиҳад. Рухсатии асосии ҳарсолаи камтарин барои ҳамаи кормандон ба таври ҳатмӣ дода мешавад. Корфармо ҳуқуқ дорад, ки аз ҳисоби маблағҳои худӣ муҳлати давомнокии рухсатии меҳнатии асосии ҳарсолаи камтаринро бо тартиб …

Муфассал »

Ҳуқуқ ба рухсатии меҳнатии асосии ҳарсолаи камтарин ва рухсатии меҳнатии асосии ҳарсолаи дарозкардашуда

moddai-92-kodeksi-mehnat

Моддаи 92-и Кодекси Меҳнат. Ҳуқуқ ба рухсатии меҳнатии асосии ҳарсолаи камтарин ва рухсатии меҳнатии асосии ҳарсолаи дарозкардашуда Кормандон ҳуқуқ доранд, новобаста аз корфармо ва намуди шартномаи меҳнатии бо онҳо басташуда, шакли ташкилию ҳуқуқии ташкилот ва музди меҳнат ба рухсатии меҳнатии асосии ҳарсолаи камтарин ё рухсатии меҳнатии асосии ҳарсолаи дарозкардашуда бароянд.

Муфассал »