Главная / 2018 / March / 19 (страница 5)

Архивы за день : 19.03.2018

Мўҳлати пардохтҳо

moddai-282-kodeksi-andoz

Моддаи 282-и Кодекси Андоз. Мўҳлати пардохтҳо Маблағи андозҳо аз молу мулки ғайриманқул (андози замин ва (ё) андоз аз объектҳои ғайриманқул) барои соли ҷории андоз аз ҷониби андозсупорандагон, ба истиснои шахсони воқеие, ки чунин молу мулки ғайриманқулро дар фаъолияти соҳибкории худ истифода намебаранд, дар мўҳлатҳои зерин супорида мешавад: -барои ба объектҳои …

Муфассал »

Тартиби пешниҳоди ҳисоби андоз

moddai-281-kodeksi-andoz

Моддаи 281-и Кодекси Андоз. Тартиби пешниҳоди ҳисоби андоз Андозсупорандагон, ба истиснои шахсони воқеие, ки молу мулки ғайриманқули андозбандишавандаро дар фаъолияти соҳибкории худ истифода намебаранд, ҳар сол на дертар аз 1-уми марти соли ҷорӣ ба мақомоти андози маҳалли ҷойгиршавии қитъаҳои замин ва (ё) объектҳои ғайриманқули худ ҳисоби маблағи андозҳо аз молу …

Муфассал »

Тартиби умумии ҳисоб ва пардохти андозҳо аз молу мулки ғайриманқул

moddai-280-kodeksi-andoz

Моддаи 280-и Кодекси Андоз. Тартиби умумии ҳисоб ва пардохти андозҳо аз молу мулки ғайриманқул Ҳисоб намудани андозҳо аз молу мулки ғайриманқул (андози замин ва (ё) андоз аз объектҳои ғайриманқул) бо роҳи зарб задани манбаи андоз ба меъёрҳои дахлдори андоз оид ба ҳар як объекти андозбандӣ алоҳида сурат мегирад. Андозҳо аз …

Муфассал »

Меъёри андоз

moddai-279-kodeksi-andoz

Моддаи 279-и Кодекси Андоз. Меъёри андоз Меъёри андоз аз объектҳои ғайриманқул вобаста ба масоҳати ишғолнамудаи объекти молу мулки ғайриманқул ва мақсади истифодабарии он бо фоиз аз рўи нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо коэффитсиенти минтақавӣ дар миқёси шаҳру ноҳияҳо муайян карда мешавад. Меъёри андоз тибқи андозаҳои зерин мукаррар карда мешавад: -барои объектҳои …

Муфассал »

Имтиёзҳо

moddai-278-kodeksi-andoz

Моддаи 278-и Кодекси Андоз. Имтиёзҳо Бо андоз аз объекти ғайриманқул инҳо андозбандӣ намегарданд: – муассисаҳои давлатие, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ  маблағгузорӣ мешаванд,нисбат ба объектҳои ғайриманқули давлатие, ки бевосита аз ҷониби чунин муассисаҳо барои татбиқи вазифаҳои оинномавии худ истифода бурда мешаванд; – шахсони ҳуқуқӣ, ки 50 фоизи кормандонашонро маъюбон ташкил …

Муфассал »

Манбаи андоз

moddai-277-kodeksi-andoz

Моддаи 277-и Кодекси Андоз. Манбаи андоз Манбаи андоз масоҳати умумии ишғолнамудаи объекти ғайриманқул, аз ҷумла масоҳати ҳар як ошёнаи бинои бисёрошёна мебошад. Барои таҳхонаҳо ва болохонаҳои биноҳо, ки баландии онҳо ба ҳисоби миёна зиёда аз 2 метр мебошад, ҳамчун манбаи андоз 50 фоизи масоҳати ишғолнамудаи онҳо гирифта мешавад. Ба манбаи …

Муфассал »

Объекти андозбандӣ

moddai-276-kodeksi-andoz

Моддаи 276-и Кодекси Андоз. Объекти андозбандӣ Объектҳои андозбандӣ иморатҳо, хонаҳои истиқоматӣ, биноҳо, бўстонсаройҳо, гаражҳо ва дигар биною иморатҳои дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъбуда, инчунин объектҳои сохтмонашон нотамом аз лаҳзаи зиндагонӣ кардан, истифода бурдан (минбаъд – объектҳои ғайриманқул) мебошанд. Ба объектҳои ғайриманқул инчунин контейнерҳо, систернаҳо, дўконҳо, шипангҳо (навесҳо), вагонҳо ва дигар …

Муфассал »

Андозсупорандагон

moddai-275-kodeksi-andoz

Моддаи 275-и Кодекси Андоз. Андозсупорандагон Супорандагони андоз аз  объектҳои ғайриманқул соҳибони (истифодабарандагони) объектҳои ғайриманқул, ки объекти андозбандӣ мебошанд, ба шумор мераванд.

Муфассал »

Имтиёзҳо оид ба андози замин

moddai-274-kodeksi-andoz

Моддаи 274-и Кодекси Андоз. Имтиёзҳо оид ба андози замин Аз андози замин инҳо озод мебошанд: – ҳудуди мамнўъгоҳҳо, боғҳои миллӣ ва дендрологӣ, ботаникӣ мутобиқи номгўи чунин ташкилотҳо ва масоҳати ҳудудҳоионҳо, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст; -заминҳое, ки муассисаҳои давлатӣ барои татбиқи мақсад, вазифа ва амалҳои дар ҳуҷҷатҳои …

Муфассал »

Меъёрҳои андози замин

moddai-273-kodeksi-andoz

Моддаи 273-и Кодекси Андоз. Меъёрҳои андози замин Меъёрҳои андоз аз як гектари замин дар миқёси вилоятҳо ва шаҳрҳо (ноҳияҳо) бо дарназардошти минтақаҳои кадастрӣ ва намудҳои замин, аз ҷумлазаминҳои маҳалҳои аҳолинишин, заминҳои зери ҷангалзор ва буттазорҳои маҳалҳои аҳолинишин ва заминҳои истифодаи кишоварзӣ ҳар 5 сол бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ оид …

Муфассал »