Главная / 2018 / March / 13 (страница 4)

Архивы за день : 13.03.2018

Пешниҳоди маълумот ба мақомоти андоз

moddai-57-kodeksi-andoz

Моддаи 57-и Кодекси Андоз. Пешниҳоди маълумот ба мақомоти андоз Ҳангоми амалӣ намудани назорати андоз мақомоти андоз ҳуқуқ доранд бо роҳи фиристодани огоҳиномаи хаттӣ аз ҳар шахс талаб намоянд, ки дар мўҳлати 10 рўз: -маълумоти зеринро пешниҳод намояд, азҷумла, дар бораи даромад ва хароҷоти андозсупоранда барои давраи муайяни андоз, дар бораи …

Муфассал »

Суратҳисобҳои бонкӣ

bank-bonk

Моддаи 56-и Кодекси Андоз. Суратҳисобҳои бонкӣ Ташкилотҳои қарзӣ ўҳдадоранд: -суратҳисобҳои бонкии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро (ба истиснои суратҳисобҳои пасандозии шахсони воқеӣ) танҳо бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳое, ки аз ҷониби мақомоти андоз додани рақами мушаххаси андозсупоранда ё рамзи сабаби ба ҳисоб гузоштанро тасдиқ менамоянд, кушода, дар мўҳлати 5 рўз ба воситаи шабакаҳои …

Муфассал »

Тамдид кардани мўҳлати пешниҳоди эъломияҳои андоз

moddai-55-kodeksi-andoz

Моддаи 55-и Кодекси Андоз. Тамдид кардани мўҳлати пешниҳоди эъломияҳои андоз Барои андозсупорандаи бомасъулияте, ки то ба охир расидани мўҳлати пешниҳоди эъломия бо хоҳиши тамдид кардани мўҳлати эъломияи андоз аз даромад ё андоз аз фоида муроҷиат намуда, ҳамзамон маблағи арзёбишудаи андози ҳисобкардашударо супоридааст, мўҳлати пешниҳоди эъломия ба мўҳлати ду моҳ дароз …

Муфассал »

Пешниҳоди иттилоот оид ба пардохтҳо ё амалиёти дигар

moddai-54-kodeksi-andoz

Моддаи 54-и Кодекси Андоз. Пешниҳоди иттилоот оид ба пардохтҳо ё амалиёти дигар Шахси ҳуқуқӣ, филиал ва намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ, муассисаи доимии ғайрирезидент ва соҳибкори инфиродӣ, ки дар давоми соли тақвимӣ ба манфиати дигар шахсон пардохтҳо анҷом медиҳанд, ўҳдадоранд иттилооти дахлдорро оид ба пардохтҳо тибқи тартиб ва дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи …

Муфассал »

Пешниҳод намудани ҳисоботи андоз

moddai-53-kodeksi-andoz

Моддаи 53-и Кодекси Андоз. Пешниҳод намудани ҳисоботи андоз Ҳисоботи андоз аз ҷониби андозсупоранда ба мақомоти андоз дар мўҳлатҳои муқаррарнамудаи Кодекси мазкур пешниҳод карда мешавад. Ҳисоботи андоз ба мақомоти андози маҳалли баҳисобгирии андозсупоранда пешниҳод карда мешавад. Ҳисоботи андоз аз рўи намудҳои алоҳидаи андозҳо низ дар ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур аз ҷониби …

Муфассал »

Мўҳлати нигоҳдории ҳисоботи андоз

moddai-52-kodeksi-andoz

Моддаи 52-и Кодекси Андоз. Мўҳлати нигоҳдории ҳисоботи андоз Ҳисоботи андозро андозсупорандагон (агентҳои андоз) дар давоми на камтар аз мўҳлати даъво, ки Кодекси мазкур муқаррар кардааст, нигоҳ медоранд. Ҳангоми азнавташкилшавии андозсупоранда (агенти андоз) – шахси ҳуқуқӣ ўҳдадориҳо оид ба нигоҳдории ҳисоботи андоз ба зиммаи вориси ҳуқуқии он гузошта мешавад.

Муфассал »

Тартиби таҳия ва пешниҳоди ҳисоботи андоз

modai-51-kodeksi-andoz

Моддаи 51-и Кодекси Андоз. Тартиби таҳия ва пешниҳоди ҳисоботи андоз Ҳисоботи андозро андозсупоранда (агенти андоз) ё намояндаи он дар шакли коғазӣ ё электронӣ бо забони давлатӣ тибқи тартиб ва шаклҳои муқаррарнамудаи Кодекси мазкур, тартиб медиҳад. Бо Кодекси мазкур ҳолатҳое пешбинӣ мешаванд, ки таҳияи ҳисоботи андоз ба зиммаи агенти андоз, мақомоти …

Муфассал »

Ҳисоботи андоз

modai-50-kodeksi-andoz

Моддаи 50-и Кодекси Андоз. Ҳисоботи андоз 1. Ҳисоботи андоз – ҳуҷҷатҳое мебошанд, ки ба онҳо ариза, ҳисобҳо ва эъломияҳо оид ба низомҳои андозбандӣ, ҳар як намуди андоз ё оид ба даромадҳои пардохтшуда, инчунин замимаҳо ба ҳисобҳо ва эъломияҳои андозҳо, ки тибқи тартиби муқарраршуда тартиб дода шудаанд, дохил мешаванд. 2. Ҳисоботи …

Муфассал »

Баҳисобгирии ҷудогона ва қоидаҳои пешбурди он

modai-49-kodeksi-andoz

Моддаи 49-и Кодекси Андоз. Баҳисобгирии ҷудогона ва қоидаҳои пешбурди он Андозсупорандагоне, ки намудҳои фаъолиятеро иҷро менамоянд, ки барои онҳо Кодекси мазкур шартҳои (низомҳои) гуногуни андозбандиро пешбинӣ намудааст, вазифадоранд баҳисобгирии ҷудогонаи объектҳои андозбандӣ ва объектҳои бо андозбандӣ алоқамандро, ки бо ин намудҳои фаъолият вобастаанд, пеш баранд. Баҳисобгирии ҷудогонаро андозсупорандагон ба воситаи …

Муфассал »

Қоидаҳои умумии баҳисобгирии андоз

modai-48-kodeksi-andoz

Моддаи 48-и Кодекси Андоз. Қоидаҳои умумии баҳисобгирии андоз Андозсупоранда ўҳдадор аст баҳисобгирии даромаду хароҷотро дар асоси маълумоти бо ҳуҷҷатҳо асоснокшуда дақиқ ва саривақт пеш барад ва даромаду хароҷотро ба давраҳои ҳисоботии дахлдоре, ки дар давраи онҳо гирифта ё пардохт шудаанд, вобаста ба усули баҳисобгирии тибқи моддаҳои 140-154 Кодекси мазкур истифодашаванда …

Муфассал »