Главная / Маданият ва санъат / Худованд ду ояти аз Қуръонро ду ҳазор сол пештар аз пайдоиши махлуқот навиштааст

Худованд ду ояти аз Қуръонро ду ҳазор сол пештар аз пайдоиши махлуқот навиштааст

Аз Ҳазрати Ибни Аббос (раз) ривоят шудааст, ки: Расулуллоҳ (с) фармуд: Худованд ду оятро аз хазинаҳои биҳишт берун намуд ва онҳоро ду ҳазор сол пештар аз пайдоиши махлуқот бо дасти билокайфи худ навишт, ҳар касе он оятҳоро баъд аз намози хуфтан бихонад, ҳамин оятҳо қоиммақоми намози таҳаҷҷуди вай хоҳанд шуд.

Бихишт

Ва дар ривояте аз «Мустадрак»-и Ҳоким ва Байҳақӣ омадааст, ки Расулуллоҳ (с) фармуд: Худованд охирин ду ояти сураи «Бақара»-ро аз хазонаи махсусаш, ки зери Арш мебошад, ба ман ато фармуд, бинобар ин шумо онҳоро хуб ёд бикунед ва ҳамсарону фарзандонатонро биёмӯзонед.

Ба ҳамин хотир Ҳазрати Умари Форуқ (раз) ва Ҳазрати Алии Муртазо (раз) фармуданд: Гумони мо бар ин аст, ҳар касе, ки каме ақл дорад, охирин ду ояти сураи «Бақара»-ро бихонаду бихобад.

Ду ояти охирини сураи «Бақара» ин аст:

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Омана-р-расулу би мо унзила илайҳи ми-р-Раббиҳи ва-л- муъминун, куллун омана биллоҳи ва малоикатиҳи ва кутубиҳи ва русулиҳи ло нуфарриқу байна аҳади-м-ми-р-русулиҳ ва қолу самиъно ва атаъно, ғуфронака Раббано ва илайка-л-масир. Лo юкаллифуллоҳу нафсан илло вусъаҳо, лаҳо мо касабат ва алайҳо мактасабат, Раббано ло туохизно иннасино ав ахтаъно, Раббано ва ло таҳмил алайно исран камо ҳамалтаҳу ала-л-лазина мин қаблино, Раббано ва ло туҳаммилно мо ло тоқата лано биҳ ва-ъфу анно ва-ғфир лано, ва-рҳамно, Анта мавлоно фа-нсурно ала-л-қавми-л- кофирин.[1]

Тарҷума: Пайғамбар ба он чӣ аз Парвардгораш ба сӯйи ӯ фурӯд оварда шуд, бовар дошт ва муъминон низ; ҳама ба Худо ва фариштагони ӯ ва Китобҳои ӯ ва пайғамбарони ӯ имон оварданд. (Гуфтанд:) Миёни ҳеҷ касе аз пайғамбарони ӯ фарқ намегузорем. Ва гуфтанд: «Шунидем ва фармонбардорӣ кардем. Эй Парвардгори мо, омурзиши Туро мехоҳем ва бозгашт ба сӯйи Туст!»

Худо бар ҳеҷ кас ҷуз ба андозаи тавоноиаш воҷиб намекунад; он чи амал кард, аз они ӯ аст ва он чи гуноҳ кард, бар вай аст. «Эй Парвардгори мо, агар фаромӯш кунем, ё хато кунем, моро (ба уқубат) магир! Эй Парвардгори мо, бар мо бори гарон манеҳ, чунон ки онро ба касоне ниҳодӣ, ки neш аз мо буданд! Эй Парвардгори мо, ва бар мо он чиро манеҳ, моро ба он тавон нест. Ва аз мо даргузар ва моро биомурз ва бар мо бибахшой, Туӣ Худованди мо, пас, моро бар гурӯҳи кофирон пирӯзӣ деҳ!».

Ин оятҳои 285-286-уми сураи «Бақара»-ро Худои таоло барои бандагон аз барои ошкоро намудани оҷизӣ ва хостани нусрату ҳоҷаташон таълим менамояд. Имрӯзҳо хондани ин оятҳо барои ҳар як афроди мусалмон хеле лозиму зарурӣ аст. Чаро ки душманони ислом дар камин ҳастанд, ки мусалмононро аз ақидаҳои исломиашон дур намоянд. Худои таоло ба фазли худ тамоми мусалмононро аз зулму шарри ин золимон наҷот диҳад. Пайғамбари Худо (с) фармудаанд, ки: Ду ояти охири сураи «Бақара» то охир дар ҳар хонае хонда шаванд, шайтон то се шаб наздики он нахоҳад рафт. Ва ҳамчунин фармудаанд, ки: Худованди мутаъол сураи «Бақара»-ро бо ду оят хатм кардааст. Ин ду оят аз зери Арш ба ман дода шудаанд, пас шумо онҳоро ёд бигиред ва ба занону фарзандонатон ёд бидиҳед, зеро инҳо раҳмат ва Қуръон ва дуо мебошанд.

Равиши хоси қабулияти дуо

Уламо ва бузургони дин дар иртибот бо хавосу фавоиди хондани «Ҳасбуналлоҳу ва ниъма-л-вакил» навиштаанд, ки агар ин оятро ҳазор маротиба бо кашиш ва шавқи хоси эътиқодӣ хонда шавад ва пас аз он дуо карда шавад, Худо хоҳад, он дуо мавриди иҷобат қарор хоҳад гирифт. Хусусан, ҳангоме ки шахсе дучори мушкилот ва ғаму андӯҳ бошад, хондани ин оят бисёр муфиду муҷарраб мебошад.

[1] Сураи Бақара, оятҳои 285-286.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …