Главная / Гуногун / ШАҚОИҚИ ДАҚОИҚИ ҲИКАМ

ШАҚОИҚИ ДАҚОИҚИ ҲИКАМ

ШАҚОИҚИ ДАҚОИҚИ ҲИКАМ, КИ БА РАШАҲОТИ САҲОБИ КАРАМ ДАР ЗАМИНИ ҚУЛУБИ ҲУҚАМО ВА АРОЗИИ ХАВОТИРАШОН ХОСТА ВА БА ШАРҲУ БАЁНИ ОН МАТОВИИ ДАФОТИРАШОН ОРОСТА

Фоида

Ҳаким касеро гўянд, ки ҳақиқати чизҳоро ба он қадар, ки тавонад, бидонад ва амал ба муқтазои10 он чӣ тааллуқ ба амал дорад, маликаи нафси худ гардонад.

Р у б о ӣ
Хуш он, ки ба тарки ҳаззи фонӣ¹¹ бикунӣ,
Тадбири бақои ҷовидонӣ бикунӣ,
Кўшиш бикунию ҳар чӣ битвон донист,
Донӣ, пас аз он ҳар чӣ бидонӣ, бикунӣ.

1

Ҳ и к о я т

Искандари Румӣ дар овони ҷаҳонгирӣ бо ҳилаи тамом ҳисореро бикушод ва ба вайрон карданн он фармон дод. Гуфтанд: «Дар он ҷо ҳакимест доно ва бар ҳалли мушкилоти ҳикмат тавоно». Вайро талаб дошт. Чун биёмад, шакле дид аз қабули табъ дур ва табъи ақли қабул аз вай нуфур. Гуфт; «Ин чӣ сурати ғариб ва шакли муҳиб !3 аст?» Ҳаким аз он сухан барошуфт ва хандон-хандон дар он ошуфтагӣ гуфт:

Қ и т ъ а
Таъна бар ман мазан ба сурати зишт
Ай тиҳӣ аз фаилати инсоф!
Тан бувад чун ғилофу ҷон шамшер,
Кор шамшер мекунад, на ғилоф!

Дигар гуфт: «Ҳар киро хулқ бо халқ на накўст бар бадан зиндони ўст. Чунон аз вуҷуди худ дар тангноест афтода, ки зиндон дар ҷанби 14 он базмгоҳест кушода».

Қ и т ъ а
Касе, ки бо ҳама кас хўи бад ба кор барад,
Ҳамеша дар кафи сад ғусса мумтаҳан 15 донаш.
Марав ба шаҳна, ки зиндон мақоми ў гардон,
Ки пўст бар тани бадхў бас аст зиндонаш.

Ва дигар гуфт: «Ҳасуд ҳамеша дар ранҷ аст ва бо парвардигори хеш ситезасанҷ, ҳар чӣ дигаронро диҳад, вай написандад ва ҳар чӣ на насиби вай, дил дар он бандад».

Қ и т ъ а
Эътироз аст бар аҳкоми ҷаҳондори ҳаким
Одати марди ҳасадпеша, ки хокаш ба даҳан.
Ҳар чӣ бинад ба кафи ғайр, фиғон бардорад,
Ки чаро дод ба вай бесабаб онро, на ба ман?

Дигар гуфт: «Хирадмандони карим мол бар дўстон шуморанд ва бехирадони лаим аз барои душманон бигузоранд».

Қ и т ъ а
Чӣ омад ба дасти марди карим,
Ҳама дар пои дўстон афшонд,
В-он чӣ андўхт сифлатабъи 16 лаим 17,
Баъди марг аз барои душман монд.

Дигар гуфт: «Бо хурдон дар ҳазлу фисус 18 овехтан обрўи бузургӣ рехтан аст ва ғубори зиллату19 хорӣ ангехтан».

Қ и т ъ а
Ай, ки бар сифла медарӣ ҷома,
Ном, тарсам, ба гургият биравад.
Машав афсўспеша бо хурдон,
Варна фарри 20 бузургият биравад.

Дигар гуфт: «Ҳар кӣ бо зердастон шеваи муштзанӣ бар даст гирад, дар лагаткўби забардастон бимирад».

Қ и т ъ а
Дило, гўш кун аз ман ин нуктаи хуш,
Ки мондаст дар гўшам аз нуктадонон,
Ки ҳар кас кашад теғи номеҳрубонӣ,
Шавад куштаи теғи номеҳрубонон.

Чун Искандар гўши хеш аз он ҷавоҳири ҳикмат пур ёфт, даҳонашро чун гўши худ пур ҷавоҳир кард ва инон аз харобии он ҳисор бартофт.

Ҳ и к м а т
Афридун2¹, ки дар замини шафқат ҷуз тухми насиҳат накишт, ба фарзандони худ ин тавқеъ22 навишт, ки сафаҳоти айём сафҳаи эъмор23 аст, дар он манависед ҷуз он чӣ беҳтарини аъмол ва осор аст.

Қ и т ъ а
Сафҳаи даҳр бувад дафтари умри ҳама халқ,
Инчунин гуфт хирадманд, чу андеша гумошт;
Хуррам он кас, ки бар ин дафтари пок аз ҳама ҳарф
Рақами хайр кашиду асари хайр гузошт.

Ҳ и к м а т

Яке аз ҳукамо гуфтааст: «Чиҳил дафтар дар ҳикмат навиштам ва ба он мунтафеъ24 нагаштам; чиҳил калима аз он ихтиёр кардам, аз он низ баҳра ба даст наёвардам; чаҳор калима аз он баргузидам, дар он ёфтам, он чӣ металбдам:
«Аввал, он ки занонро чун мардон маҳали эътимод нагардон, зеро ки зан агарчӣ аз қабилаи мўътамадон ояд, аз он қабил нест, ки мўътамаде рошид»; қитъа:

Ақли зан ноқис асту динаш низ,
Ҳаргизаш комилэътимод макун.
Гар бад аст аз вай эътибор магир,
В-ар накў бар вай эътимод макун.

«Дуюм, он ки ба мол мағрур машав, агарчӣ биёр бувад, зеро ки оқибат поймоли ҳаводиси рўзгор шавад».

Қ и т ъ а
Мағрур машав ба мол чун бехабарон,
Зеро ки бувад мол чу абри гузарон.
Абри гузарон агарчӣ гавҳар борад,
Хотир наниҳад марди хирадманд бар он.

«Сеюм, он ки асрори ниҳон доштании худро ба ҳеҷ дўст дар миён манеҳ, зеро ки бисёр бошад, ки дар дўстӣ халал афтад ва ба душманӣ бадал гардад».

Қ и т ъ а
Ай писар, сирре, к-аш аз душман нуҳуфтан лозим аст,
Беҳ, ки аз ифшои он бо дўстон кам дам занӣ.
Дидаам бисёр, к-аз сайри сипеҳри каҷниҳод
Дўстон душман шаванду дўстиҳо — душманӣ.

«Чаҳорум, он ки ҷуз илмеро фаро нагирӣ, ки ба тарки он базеҳманд 26 мирӣ. Аз фузулӣ27 бигурез ва он чӣ зарурист, дар он овез».

Қ и т ъ а
Илме, ки ногузири ту бошад, бад-он гирой28,
В-онро, к-аз он гузир бувад, ҷустуҷў макун.
В-он дам, ки ҳосили ту шавад илми ногузир,
Ғайр аз амал ба мўҷиби он орзу макун!

Ҳ и к м а т
Ибни Муқаффаъ29 гўяд: «Кутубхонаи ҳукамои Ҳиндро бар сад шутур мекашиданд. Малики эшон истидъои30 ихтисор кард, ба ду шутур бозоварданд ва ба такрори истидъо ба чаҳор калима қарор гирифт: калимаи нахустин дар далолати подшоҳон ба адолат.

М а с н а в ӣ
Чу гардад шоҳи олам адлпеша,
Шавад осоиши гаҳ-гаҳ ҳамеша.
Чу нолад бедиле аз синарешӣ,
Бувад яксар зи неши зулмкеше.
Халосиро зи даҳри печ дар печ
Зи шоҳон адл мебояд, дигар ҳеҷ.

Калимаи дуюм дар васияти раият ба некўкорӣ ва фармонбардорӣ.

Ш е ъ р
Тухми зулми шоҳ нофармонии мардум бувад,
Ҷав чу корӣ, ҳосили он кишта кай гандум бувад?

Калимаи сеюм дар муҳофизати сиҳҳати абдон31, ки то гурусна нашаванд, даст ба таом наёваранд ва чун бихўранд, пеш аз он ки сер шаванд, даст аз таом бидоранд.

Р у б о ӣ
Он беҳ, ки зи асбоби мараз32 парҳезӣ,
В-аз нанги табибони дағал бигрезӣ.
Ногашта тиҳӣ меъда, ба хон наншинӣ,
3-он пеш, ки меъда пур кунӣ, бархезӣ.

Калимаи чаҳорум дар насиҳати занон, ки чашм аз рўи бегонагон дур доранд ва рўй аз чашми номаҳрамон мастур33.

Қ и т ъ а
Зан он бувад, ки ба ҳар кас, ки нест маҳрами ў,
Агарчӣ мардуми чашм аст, рўй нанмояд.
Ба рўи ҳар кӣ на ҷуфти вай аст, агарчӣ ба ҳусн
Бувад чу моҳи фалак тоқ, чашм накшояд.

Ҳ и к о я т

Чаҳор калима аст, ки чаҳор подшоҳ пардохтаанд, ки гўё як тир аст, ки аз чаҳор камон андохта.
Кисро гуфтааст: «Ҳаргиз пушаймон нашудам аз он чӣ нагуфтаам ва басо гуфта, ки аз пушаймонии он дар хоку хун хуфтаам».

Қ и т ъ а
Хомўш нишин, ки ҷамъ нишастан ба хомўшӣ
Беҳтар зи гуфтане, ки парешонӣ оварад!
Аз сирри сарбамўҳр пушаймон нашуд касе,
Бас фош гашта сир, ки пушаймонӣ оварад.

Қайсар фармудааст: «Қудрати ман бар ногуфта беш аз он аст, ки бар гуфта, яъне он чӣ нагуфтаам, битавонам гуфт ва он чӣ гуфтаам, натавонам нуҳуфт».

Қ и т ъ а
Ҳар чӣ ифшои он бувад душвор,
Ба ҳарифон магў ба осонӣ,
К-он чӣ дорӣ нуҳуфта, битвон гуфт,
В-он чӣ гуфтӣ, нуҳуфт натвонӣ!

Хоқони Чин дар ин маънӣ сухан чунон рондааст, ки бисёр бошад, ки парешонии гуфтан сахттар бошад аз пушаймонии нуҳуфтан.

Қ и т ъ а
Ҳар сирри сарбамўҳр, ки дар хотир афтадат,
Суръат макун ба лавҳи баёнаш нигоштан.
Тарсам, шавад ғаромати 34 изҳори он туро
Мушкилтар аз надомати пўшида доштан.

Малики Ҳинд бад-ин нукта забон кушодааст, ки ҳар ҳарф, ки аз забон ҷастааст, дасти тасарруфи маро аз худ бастааст ва ҳар чӣ нагуфтаам, молики35 ўям, агар хоҳам, бигўям ва агар хоҳам нагўям.

Қ и т ъ а :
Бихрадеро 36 зи рози фошу ниҳон
Масале нек бар забон рафта,
К-ин чу тирест монда дар қабза,
В-он чу тирест аз камон ҷаста.

Ҳ и к о я т

Малики Ҳинд ба халифаи Бағдод тўҳфаҳо фиристод ва ҳамроҳ табибе файласуф, ба маҳорат дар тиббу ҳикмат мавсуф37. Пеши халифа ба пой хост, ки се чиз овардаам, ки ҷуз мулукро набояд ва ҷуз салотинро нашояд. Фармуд, ки он кадом аст. Гуфт: «Аввал, хизобе 38, ки мўи сафедро сиёҳ гардонад ба ваҷҳе, ки ҳаргиз мутағайир нашавад ва сафед нагардад. Дуюм, маъҷуне 39, ки ҳарчанд таом хўрад, меъда гарон нагардад ва мизоҷ аз эътидол наяфтад. Сеюм, таркибе, ки ў пуштро қавӣ гардонад ва аз он на заъфи басар хезад ва на нуқсони қувват».
Халифа лаҳзае тааммул карду гуфт: «Ман туро аз ин донотар гумон доштам ва зирактар мепиндоштам. Аммо он хизоб, ки гуфтӣ, сармояи ғурур ва пирояи кизбу40 зўр аст, сиёҳии мўй зулф ва сафедии он нур аст. Зиҳӣ, нодон касе, ки дар он кўшад, ки нурро ба зулмат бипўшад.

Қ и т ъ а
Аблаҳе, к-ў мекунад мўйи сафеди худ сиёҳ,
Аз пайи пирӣ ҷавониро ҳамедорад умед.
Пеши доноён, ки дар банди шикори давлатанд,
Кай бувад зоғи сияҳро равнақи бози сафед?

Ва аммо он маъҷун, ки зикр кардӣ, ман аз он қабил нестам, ки таоми бисёр хўрам ва ба он лаззат гирам. Чӣ аз он нохуштар, ки ҳар лаҳза ба ҷое бояд рафт, ки дар ў нодиданиро бояд дид ва ношуниданиро бояд шунид ва нобўйиданиро бояд бўйид. Ҳукамо гуфтаанд: «Гуруснагӣ беморист дар мизоҷ ва таому шароб онро моддаи илоҷ». Нодон касе, ки худро ба ихтиёр бемор созад, то ба изтирор41 тимор кунад 42.

Қ и т ъ а
Мекунад касби иштиҳо хоҷа,
То ба он рахна дар мизоҷ кунад
В-он гаҳ он рахнаро зи пухтаву хом
Ҳар чӣ ёбад, ба он илоҷ кунад.

Ва аммо он таркиб, ки фармудӣ мубошират бо занон шўъбаест аз ҷунун. Аз қоидаи хирад дур аст, ки халифае рўйи замин пеши духтараке ба ду зону дарояд ва чоплуссӣ намояд.

Қ и т ъ а
Ай зада лофи хирад чанд ба шаҳватгирӣ
Гесўйи шоҳиду занҷири ҷунунҷунбонӣ.
Чӣ ҷунун бошад аз ин беш, ки пеши занаке
Биншинӣ ба сари зонуву кун ҷунбонӣ.

Ҳ и к о ят

Дар маҷлиси Кисро43 се тан аз ҳукамо ҷамъ омаданд: файласуфи рум, ҳакими ҳинд ва Бузургмеҳр 44. Сухан ба он ҷо расид, ки сахттарини чизҳо чист? Румӣ гуфт: «Пирию сустӣ ва нодорию тангдастӣ». Ҳиндӣ гуфт: «Тани бемор бо андўҳи бисёр». Бузургмеҳр гуфт: «Наздикии аҷал бо дурӣ аз ҳусни амал».
Ҳама ба қавли Бузургмеҳр бозомаданд.

Қ и т ъ а
Пеши Кисро зи хирадманд ҳакимон мерафт
Сухан аз сахттарин мавҷ дар ин луҷҷаи 45 ғам.
Он яке гуфт, ки беморию андўҳи дароз,
В-он дигар гуфт, ки нодорию пирист ба ҳам.
Саввумин гуфт, ки қурби 46 аҷалу сўйи 47 амал,
Оқибат рафт ба тарҷеҳи 48 савум ҳукми ҳикам.

Ҳ и к мат

Ҳакимеро пурсиданд, ки одамизод кай ба хўрдан шитобад? Гуфт: «Тавонгар ҳар гоҳ гурусна шавад ва дарвеш ҳар гоҳ, ки биёбад».

Қ и т ъ а
Бихўр чандон, ки нанҳад хонаи тан
Зи бешию камӣ рў дар харобӣ.
Агар дорандайӣ, ҳар гоҳ хоҳӣ,
В-агар нодор, ҳар гоҳе, ки ёбӣ.

Ҳ и к м а т

Ҳакиме бо писари худ гуфт: «Бояд, ки бомдод аз хона берун наёйӣ, то нахуст ба таоме лаб накушойӣ, зеро ки серӣ тухми ҳилму бурдборист ва гуруснагӣ мояйи хушкмағзию сабуксорӣ.

Қ и т ъ а
Хўи худро зи рўза тира макун,
К-аз ҳама ҳилму бурдборӣ беҳ.
Чун шавад рўза мояйи озор,
Рузахорӣ зи рўзадорӣ беҳ.

Чун гурусна бошӣ, ҳар ош ё нон, ки бинӣ, аз табиати ту шаҳвати он хезад ва ба ошноён, ки нишинӣ, томеаи 48 ту дар эшон овезад.

Қ и т ъ а
Ҳар чӣ ёбӣ ба хона аз тару хушк,
Беҳ, к-аз он то ҳади шабаъ50 бихурӣ,
То таоми касон ҳавас накунӣ,
В-аз атои хасон тамаъ бибурӣ».

Ҳ и кмат

Чун мизбон бар канори хон нишинад ва худро дар миён бинад, тўъма аз ҷигари худ хўрӣ беҳ, ки аз нони ў ва шарбат аз хуни ҷигар ошомӣ беҳ, ки аз хони ў.

Қ и т ъ а
Ҳар кӣ гўяд хону нонии ман, бикаш
Пойи хеш аз хону даст аз нони ў.
Таррае, к-аз бўстони худ хўрӣ,
Хуштар аст аз барраи бирёни ў.

Ҳ и к мат

Панҷ чиз аст, ки ба ҳар кас, ки доданд, зимоми зиндагонии хуш дар дасти ў ниҳоданд: аввал сиҳати бадан, дуюм аминӣ, сеюм вусъати ризқ, чаҳорум рафиқи шафиқ, панҷум фароғат. Ҳар киро аз ин маҳрум карданд, дари зиндагонии хуш бар рўйи вай бар-оварданд.

Қ и т ъ а
Ба панҷ мерасад асбоби зиндагонии хуш
Ба иттифоқи ҳакимони шўҳра дар офоқ:
Фароғу эминию сиҳҳату кифофи маош,
Рафиқи хубсияр-ҳамдами накўахлоқ.

Ҳ и к м а т

Ҳар неъмат, ки бар марг завол пазирад, онро хирадманд дар ҳисоби неъмат нагирад. Умр агарчӣ дароз бувад, чун марг рўй намуд, аз он дарозӣ чӣ суд. Нўҳ51, алайҳиссалом 52, ҳазор сол дар ҷаҳон ба сар бурдааст. Имрўз панҷ ҳазор сол аст, ки мурдааст. Қадр неъматеро бувад, ки ҷовидона бошад ва аз офати завол бар карона.

Қ и т ъ а
Ба назди марди доно наъмат он аст,
К-аз ў ҷонат бувад ҷовид масрур.
На симу зар, ки чун гўрат шавад ҷой,
Бимонад ҳамчу сангат бар сари гўр.

Ҳ и к м а т

Бузургмеҳрро пурсиданд, ки кадом подшоҳ покизатар?
Гуфт: «Он, ки покизагон аз вай эмин бошанд ва гуноҳгорон аз вай битарсанд».

Б а й т
Шоҳ он бошад, ки равшанхотиру бихрад бувад,
Некувонро ҳол аз ў некў, бадонро бад бувад.

Ҳ и к о я т
Ҳаҷҷоҷро гуфтанд: «Аз худой битарс ва бо мусулмонон зулм макун».
Ба минбар баромад (вай бағоят фасеҳ буд) ва гуфт:
— Худои таоло маро бар шумо мусаллат53 кардааст. Агар ман бимирам, шумо баъд аз ман аз зулм нахоҳед раст ба ин феъл, ки шуморост. Худои таолоро ҷуз ман бандагон бисёранд, агар ман бимирам, яке батар аз ман биёяд.

Қ и т ъ а
Хоҳӣ, ки шоҳ адл кунад, адлпеша бош
Дар кори худ, ки маъракаи гирудори туст,
Шоҳ ойина аст, ҳар чӣ ҳаме бинӣ андар ў,
Партав фиганда қоидаи корубори туст.

Ҳ и к о я т

Подшоҳе аз ҳакиме талаби насиҳат кард. Ҳаким гуфт: «Аз ту масъалае бипурсам, бе нифоқ ҷавоб гўй: зарро дўсттар медорӣ ё хасмро?» Гуфт: «Зарро». Гуфт: «Чун аст, ки онро дўсттар медорӣ, яъне зарро ин ҷо мегузорӣ ва он чӣ дўст намедорӣ, яъне хасмро бо худ мебарӣ?». Подшоҳ бигиристу гуфт: «Некў панде додӣ, ки ҳама пандҳо дар ин дарҷ аст».

Қ и т ъ а
Ҳазор гуна хусумат кунӣ ба халқи ҷаҳон,
Зи бас ки дар ҳаваси симу орзуи зарӣ.
Турост дўст зару сим, хасм соҳиби он,
Ки гирӣ аз кафаш онро ба зулму ҳилагарӣ.
На муқтазои54 хирад бошаду натиҷаи ақл,
Ки дўстро бигузорию хасмро бибарӣ.

Ҳ и к о я т

Искандар яке аз кордоронро аз амале шариф азл кард 55 ва амале хасис ба вай дод. Рўзе он мард ба Искандар даромад. Гуфт: «Чӣ гуна мебинӣ амали хешро?» Гуфт: «Зиндагонии подшоҳ дароз бод, на мард ба амал бузургу шариф гардад, балки амал ба мард бузургу шариф шавад. Дар ҳар амале, ки ҳаст, некўсиратӣ мебояд ва инсофу дод». Искандарро хуш омад, амали вайро ба вай боз дод.

Қ и т ъ а
Боядат мансаби баланд, бикўш,
То ба фазлу ҳунар кунӣ пайванд.
На ба мансаб бувад баландии мард,
Балки мансаб шавад ба мард баланд.

Ҳ и к м а т

Се кор аз се гурўҳ зишт ояд: тундӣ аз подшоҳон ва ҳирс бар мол аз доноён ва бухл аз тавонгарон.

Қ и т ъ а
Ин се кор аст, к-иш нигорад зишт
Аз се кас хомаи нигоранда:
Тундхўйийи подшоҳи қавӣ,
Ҳирси донову бухли доранда.

Ҳ и к м а т

Ҳакимон гуфтаанд, ки ҳамчунон ки ба адл ҷаҳон ободон гардад, ба ҷавр вайрон шавад. Адл аз ноҳияти хеш ба ҳазор фарсанг рўшнойӣ бахшад ва ҷавр аз ҷойи худ ба ҳазор фарсанг торикӣ диҳад.

Қ и т ъ а
Ба адл кўш, ки чун субҳи он тулўъ кунад,
Фурўғи ў биравад то ҳазор фарсангӣ.
Заломи зулм чу зоҳир шавад, барояд бар
Ҷаҳон зи тирагию талхайшию тангӣ.

Ҳ и к о я т
Дарвеше қавиҳиммат бо подшоҳе соҳибшавкат тариқаи ихтилот 56 ва собиқаи инбисот 57 дошт. Рўзе аз вай нисбат ба худ гаронӣ тафарруҷ 58 кард. Ҳарчанд таҷассус 69 намуд, ҷуз касрати 60 тараддуд 61 ва бисёрии омадшуд онро сабабе наёфт. Доман аз ихтилоти ў дарчид ва бисоти инбисот аз ў дарнавардид. Рўзе он подшоҳро бо вай дар мамаре иттифоқи мулоқот афтод. Забон ба мулоқот бикушод, ки «Ай дарвеш, мўҷиб чист, ки аз мо бибуридӣ ва қадам аз омадшуди мо даркашидӣ?» Гуфт: «Мўҷиб он, ки донистам, ки аз сабаби ноомадан суол беҳ, ки аз ҷиҳати омадан изҳори малол».

Қ и т ъ а
Ба дарвеш гуфт он тавонгар: «Чаро
Ба пешам пас аз дерҳо н-омадӣ?»
Бигуфто: «Чаро н-омадӣ?» пеши ман
Басе хуштар аст аз «Чаро омадӣ?».

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …