Главная / Гуногун / ИСПАНИЯ: ДАР ТАЪРИХ – АСРИ XIX – АВВАЛИ АСРИ XX

ИСПАНИЯ: ДАР ТАЪРИХ – АСРИ XIX – АВВАЛИ АСРИ XX

Вазъияти Испания дар нимаи аввали асри XIX. Муборизаи миллию озодихоҳии мустамликаҳои Испании Америкаи Лотинӣ вазъияти сиёсиро дар Испания тағйир дод. Шоҳ маҷбур шуд, ки соли 1812 дар мамлакат конститутсияро ҷорй намояд. Мувофиқи он ба кортесҳо (парламенти мамлакат) интихобот гузаронида шуд. Вале худи шоҳ Ферлинанди VII ҷонибдори мутлақияти шоҳй буд. Аз ин рӯ, ҳаракат мекард, ки мамлакатро бе конститутсия ва кортесҳо идора намояд. Ҳамин буд, ки дере нагузашта ин конститутсия бекор карда шуд.

Вале замона дигар шуда буд. Дар мамлакат муносибатҳои сармоядорӣ сол то сол ташаккул меёфтанд. Табақаи нави доро – буржуазия ба воя мерасид. Он ба ҳокимияти шоҳй фишор меовард

аксулмутлақа муваққатан ғолиб баромада, ҳокимияти қонунгузорро ба даст дароварда, чандин чораҳои инқилобии мӯътадили иқтисодиро амали намуданд, ба хусус оид ба кишоварзӣ.

Аз сиёсати дохилии  нерӯҳои инқилобӣ норозӣ буданд. Барой ҳамин кўшиш менамуданд, ки шоҳ Фердинанда VII-po бо бародари ӯ Дон Карлос, ки қатъиян зидди ҳокимияти мутлақи шоҳ буд, иваз намоянд.

Соли 1823 “Игтифоқи Муқаддас” бар зидди Испания таҷовузи аксулинқилобй кард. Моҳи апрел лашкари 100- ҳазорнафараи Фаронса ба Испания зада даромад. Дар натиҷаи ин инқилоби Испания шикаст хӯрд. Фердинанди VII конститутсияи мамлакатро бекор карда иштирокчнёни инқилобро шадидан таъкиб мекард. Бо ҳамин дар мамлакат иртиҷоъ ҳукмрон гардид.

Мутлақиятхоҳони ашаддӣ дар атрофи бародари хурдии Фердинанди VII Дон Карлос муттаҳид шуданд. Дар таърих ин ашхос карлчиён ( аз номи Дон Карлос) номгузорй шудаанд.

Соли 1833 шоҳ вафот кард. Духтари хурдсоли ӯ Изабелла шоҳи Испания зълон карда шуд. Маҷлиси махсуси кортесҳо, ки бо ҳамин мақсад даъват карда шуда буд, ба Изабелла савганд ёд кард. Малика Кристина (ҳамсари Фердинанди VII) пуштибони Изабеллаи хурдсол зълон гардид. Карлчиён бошанд, баъди ин Дон Карлосро шоҳи қонунй зълон намуданд ва ба ҷанги ифротй даст заданд, ки он то соли 1840 идома ёфт.

Диктатурам Нарваэс (1843-1851). Дар зарфи 8 сол сарвари Ҳукумати Испания генерали карлчиён Нарваэс буд. Ӯ дар мамлакат Диктатурам шахсии худро ҷорй намуд. Бо фармони Нарваэс танҳо соли 1844 –ум 214 нафар одам қатл карда шуд. Ӯ аз кортесҳо ҳуқуқи ташаббуси қонунгузориро гирифт. Нарваэс қатлкуниро воситаи ягонаи мубориза бар зидди рақибони сиёсии худ медонист. Сарфи назар аз ин вазъияти ҳокимияти ӯ он қадар мустаҳкам набуд. Аз ин рӯ, ӯ оқибат маҷбур шуд, ки соли 1851 ба истеьфо равад. Ҳукумати нав бошад, кортесҳоро тамоман пароканда кард.

Инқилоби солҳои 1854 – 1856. Мамлакатро бе кортесҳо идора Кардан, надоштани хоҳиш барои ба амал баровардани ислоҳоти нави иқтисодй ва идораи давлатй, ришватхӯрию бадахлоқй дар дарбор қаҳру ғазаби оммаҳои васеъи аҳолии Испанияро ба вуҷуд оварданд, ки дар байни онҳо заминдорони озодандеш ва буржуазия низ буданд. Вахте ки фармони ҳукумат дар бораи 6 моҳ пешакӣ пардохгтани андоз интишор гардид, генерали озодандеш О’ Доннел Моҳи июни соли 1854 дар ш. Мадрид шўриш бардошт. Ӯ бо ҳамроҳии ҳамсафонаш ба халқ муроҷнатнома қабул кард. Дар он тақозо карда мешуд, ки «шуллук»-ҳои дарборй аз ҳокимият дур, қонунҳо риоя ва андозҳо кам карда шаванд. Дар муроҷиатнома фикр дар бораи ташкил намудани политсия низ зикр ёфта буд.

Шӯриш дере нагузашта шаҳрҳои калонтарини мамлакатро фаро гирифт. Дар ҳама ҷо дастаҳои политсия ва хунтаҳои инқилобӣ ташкил карда мешудаид. Қисме аз инкилобчиён барон Испания ҷумҳурй талаб мекард. Барои паст гардониданн шиддати инқилоб шоҳ (малика) генерал Эспартереро, ки қаблан сардори ҳукумат буд, аз нав ба ин вазифа таъйин кард. Вале ӯ чун пештара аз ҷорй намудани ислоҳоти қатъии демократй дар мамлакат даст кашид.

Инқилоб ҳамоно давом мекард. Соли 1855 дар Каталония коргарон корпаргоин умумй карда, то якдараҷа ба мақсадхои худ ноил шуданд. Соли 1856 генерал О’ Доннел ба он муваффақ шуд, ки Эспертере ба истеъфо биравад. Вале Эспертере ҳокимиятро ғасб намуда, мамлакатро дар ҳолати ҳарбй эълон кард. Ҷавобан ба табаддулоти аксулинқилобй дар Мадрид ва шаҳрҳои дигари Испания шўришҳо cap заданд. Лекин баъди ҷангҳои начандон калону тӯлонй онҳо аз тарафи ҳукумати Эспертере пахш карда шуданд. Ҳамин тариқ, инқилоби солҳои 1854- 1856 шикаст хӯрд. Дар мамлакат аз нав иртиҷоъ ва таъкибот ҳукмрон гардиданд.

Инқилоби солҳои 1868- 1874. Шӯриши 18 сентябри соли 1868 дар флоти дар Кадис мустакарбуда оғози инқилоби нави Испания гардид. Он дар мамлакат чунон босурьат паҳн шуд, ки баъди 2 рӯз Изабелла, маликаи Испания маҷбур шуд, ки ба Фаронса фирор кунад. Ҳукумати Испания аз ҳисоби мўътадилон ва озодандешони чап ташкил дода шуд ва Моҳи июни соли 1869 кортесҳо Конститутсияи нави Испанияро эълон карданд. Моддаҳои дахлдори он ҷорй намудани ҳуқуқи интихоботи умумй (барои зану мард). озодии виҷдон, созмон ва маҷлисҳоро эълон доштанд. Конститутсия дар мамлакат никоҳи шаҳрвандиро иҷозат дод, меросй нигоҳ дошта шуд. Буржуазияи озодандешу мутлақиятхоҳ ҳокимиятро дар дасти худ нигоҳ дошт.

Конститутсияи мутлақа эътирози оппозитсияи инқилобию демократиро ба вуҷуд овард. Шӯришҳои демократию ҷумхурихоҳй дар Сарагоса, Валенсия ва маҳалҳои дигари мамлакат ба амал омаданд. Барой ҳамин кортесҳо саросема буданд. Онҳо мехостанд, ки тезтар ҳокимияти шоҳро мустаҳкам созанд ва худашон дар сари ҳокимияти Испания монанд. Барой ҳамин кортесҳо саросемавор шоҳзодаи италиявй Амадеи Савоиро шоҳи Испания интихоб намуданд. Ӯ соли 1870 ба тахти шоҳй нишаст, лекин рӯҳониён ва ашрофон Амадеи Савоиро душманона истиқбол намуданд. Артиш ва вазирон ҳам Амадеи Савоиро хуб дастгирӣ накарданд. Аз ин рӯ, ӯ маҷбур шуд, ки Моҳи феврали соли 1873 аз тахту тоҷи шоҳии Испания даст кашад. Дар шароити баамаломада кортесҳо маҷбур шуданд, ки Испанняро ҷумҳурӣ эълон намоянд. Вале душманони ҷумҳурй дар мамлакат ниҳоят бисёр буданд. Онҳо обрӯю эътибори ҷумҳуриро бо ҳар роҳу восита мерезониданд. Заминдорон ва буржуазия бошанд, аз шӯришхо сахт тарсида буданд. Бинобар ин барои эҳё намудани ҳокимияти Бурбонҳо даст заданд ва 24 январи соли 1874 кортесҳо ба тахти шоҳии Испания писари Изабелла Алфонси ХII-ро шинонданд.

Бесалоҳиятй ва дар татбиқи мақсадхои худ қатъй набудани ҷумҳурихоҳон ба он оварда расонид, ки инқилоби солҳои 1868- 1874 ҳам оқибат шикаст хӯрд. Дар Испания ҳокимияти мутлақи дворянӣ мондан гирифт, ки акнун ба он сулолаи Бурбонҳо ҳукмронй мекард.

 

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …