Главная / Ҷамъият / Фаъолияти бонкии исломӣ

Фаъолияти бонкии исломӣ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН  

Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2014, №7, қ. 2, мод. 405)

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии фаъолияти бонкии исломиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, шароити мусоидро барои пешбурди фаъолияти бонкии исломӣ фароҳам месозад.

БОБИ 1.

МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои дигари қарзии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияткунанда;

фаъолияти бонкии исломӣ – аз ҷониби ташкилотҳои қарзии исломӣ анҷом додани амалиёти бонкии исломӣ ва аҳдҳое, ки дар Қонуни мазкур пешбинӣ гардидааст;

принсипҳои маблағгузории исломӣ – амалӣ намудани фаъолияти бонкии исломӣ бо риояи стандартҳое, ки ба меъёрҳои ҳуқуқии исломӣ асос ёфта, нисбат ба хизматрасониҳои бонкӣ татбиқ мегарданд;

стандартҳои фаъолияти бонкии исломӣ – маҷмӯи қоидаҳое, ки Шӯрои машваратии хизматрасонии бонкии исломӣ маъқул дониста, аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон тасдиқ шудаанд ва тибқи онҳо ташкилотҳои қарзии исломӣ фаъолияти бонкии исломиро анҷом медиҳанд;

ташкилотҳои қарзии исломӣ – шахсони ҳуқуқие (бонкҳои исломӣ, ташкилотҳои қарзии ғайрибонкии исломӣ, ташкилотҳои маблағгузории хурди исломӣ, аз ҷумла «равзанаи бонкии исломӣ»), ки дар асоси иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон ҳама ё баъзе аз амалиёти бонкии исломии дар Қонуни мазкур пешбинишударо иҷро менамоянд;

ташкилотҳои қарзии анъанавӣ – шахсони ҳуқуқие (бонкҳо, ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ, аз ҷумла ташкилотҳои маблағгузории хурд), ки дар асоси иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон ҳама ё баъзе аз амалиёти бонкии дар Қонуни мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешбинишударо иҷро менамоянд;

бонки исломӣ – ташкилоти қарзии исломие, ки дар асоси иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон ба фаъолияти бонкии исломӣ машғул мебошад;

ташкилотҳои қарзии ғайрибонкии исломӣ – ташкилотҳои қарзии исломие, ки ҳуқуқи иҷрои баъзе аз амалиёти бонкии исломиро доранд. Номгӯи амалиёти бонкии исломиро барои ташкилотҳои қарзии ғайрибонкии исломӣ Қонуни мазкур ва Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар менамоянд;

ташкилотҳои маблағгузории хурди исломӣ – ташкилотҳои қарзии исломие, ки дар асоси иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон ба фаъолияти маблағгузории хурди исломӣ машғул мебошанд. Андозаи маблағгузории хурди исломӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад;

равзанаи бонкии исломӣ – филиали ташкилоти қарзии анъанавӣ, ки дар асоси иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон пурра ё қисман амалиёти бонкии исломиро амалӣ менамояд;

филиал – воҳиди махсуси сохтории ташкилоти қарзии исломӣ, ки берун аз маҳалли ҷойгиршавии он қарор дошта, аз номи он пурра ё қисман фаъолияти бонкии исломиро иҷро менамояд ва бо ташкилоти қарзии исломӣ сармояи оинномавӣ ва тавозуни ягона дорад;

филиали бонки исломии хориҷӣ – воҳиди махсуси сохторӣ, ки аз ҷониби бонки исломии хориҷӣ барои анҷом додани фаъолияти бонкии исломӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст;

ташкилоти қарзии фаръии исломӣ – ташкилоти қарзие, ки зиёда аз панҷоҳ фоизи саҳмияҳои (ҳиссаи) овоздиҳандаи он ба ташкилоти қарзии дигари исломӣ тааллуқ дорад;

ҷамъияти холдингии ташкилоти қарзии исломӣ – шахси ҳуқуқие, ки ташкилоти қарзии исломӣ ба он тааллуқ дорад ё аз ҷониби он назорат карда мешавад;

ҷамъияти вобаста – шахси ҳуқуқие, ки ташкилоти қарзии исломиро назорат мекунад, ҳамчунин шахси ҳуқуқии дигаре, ки аз тарафи он  назорат карда мешавад, аз ҷумла шахси ҳуқуқие, ки мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон ба ин гурӯҳ дохил мешавад;

намояндагӣ – воҳиди махсуси сохтории ташкилоти қарзии исломӣ, ки берун аз маҳалли ҷойгиршавии он қарор дошта, манфиатҳои онро ҳифз ва намояндагӣ мекунад, вале ҳуқуқи иҷро намудани фаъолияти бонкии исломиро надорад;

Шӯрои машваратии хизматрасонии бонкии исломӣ – мақоме, ки  фаъолияти ташкилотҳои қарзии исломии дар асоси принсипҳои маблағгузории исломӣ амалкунандаро танзим менамояд;

Кумитаи хизматрасонии маблағгузории исломӣ – мақоми ташкилоти қарзии исломӣ, ки барои мутобиқ будани созишномаҳои (шартномаҳои) басташудаи онҳо ба стандартҳои фаъолияти бонкии исломӣ масъул мебошад;

кормандони роҳбарикунанда – раиси ташкилоти қарзии исломӣ ва муовинони ӯ, раиси Раёсат ва аъзои дигари он, сармуҳосиби ташкилоти қарзии исломӣ, роҳбар ва сармуҳосиби филиали ташкилоти қарзии исломӣ, роҳбар ва сармуҳосиби «равзанаи бонкии исломӣ» ва филиали бонки исломии хориҷӣ;

шахси вобаста – шахсони зерин дар назар дошта мешаванд:

а) корманди роҳбарикунанда;

б) аъзои оилаи корманди роҳбарикунанда;

в) шахс ва аъзои оилаи ӯ, ки дар ташкилоти қарзии исломӣ ҳиссаи иштироки афзалиятнок доранд ва шахси ҳуқуқие, ки дар он шахс ё корманди роҳбарикунанда дорои ҳиссаи иштироки афзалиятнок мебошад;

г) шахси ҳуқуқие, ки дар он ташкилоти қарзии исломӣ ҳиссаи иштироки афзалиятнок дошта, ҳангоми омодасозии ҳисоботи молиявии маҷмӯӣ ба инобат гирифта намешавад;

д) шахсе, ки ба ташкилоти қарзии исломӣ ба сифати узви Кумитаи хизматрасонии маблағгузории исломӣ хизмат мерасонад;

резидент – шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор» ба ҳамин сифат эътироф шудааст;

ғайрирезидент – шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки резидент нест;

форфейтинг – маблағгузории аҳдҳои тиҷоратӣ бо роҳи баҳисобгирии векселҳо бидуни ӯҳдадории фурӯшанда;

факторинг – маблағгузорӣ таҳти гузашт кардани талаботи пулӣ;

тратта (вексели интиқолӣ) – ҳуҷҷати аз ҷониби ташкилоти қарзии исломӣ (ё аз номи он) пешниҳод карда шуда, ба пулҳои нақд баробар карда мешавад ва наметавонад бидуни пардохт ё фармоиши хаттии кредитор ба қарздор оид ба пардохти маблағи муайян ба шахси сеюм баргардонида шавад ва баъди аз ҷониби қарздор гирифта шудани ҳуҷҷати мазкур эътибор пайдо мекунад;

низоми клиринг – низоми ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ва байнибонкӣ, ки ба талабот ва ҳисоби  ӯҳдадориҳои пардохти мутақобилаи пулӣ асос ёфтааст;

шахси аз нигоҳи касбӣ босалоҳият ва боэътимод – шахси воқеие, ки:

а) бо ҳукми суд барои содир кардани ҷиноятҳои қасдонаи (аз ҷумла хусусияти коррупсионӣ дошта) ба амалҳои динӣ ё сиёсии ӯ алоқаманд набуда аз озодӣ маҳрум нашуда бошад;

б) аз тарафи суд дар давоми ҳафт соли охир муфлис эътироф нашуда бошад;

в) аз тарафи суд барои кирдори ба амалҳои динӣ ё сиёсии ӯ алоқаманд набуда аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян маҳрум нашуда бошад;

суратҳисоби сармоягузорӣ – суратҳисобе, ки тавассути он ташкилоти қарзии исломӣ маблағҳои пулиро бо мақсади сармоягузорӣ мутобиқи принсипҳои маблағгузории исломӣ бидуни ба зимма гирифтани ӯҳдадории пурра баргардонидани маблағ қабул менамояд, ба шарте ки:

а) танҳо фоида ё фоидаву зарар мутобиқан дар байни шахси маблағдиҳанда ва ташкилоти қарзии исломии маблағгиранда тақсим карда шавад;

б)  он бо пардохт ё бе пардохт бошад;

қарзи исломӣ – маблағе, ки аз ҷониби ташкилоти қарзии исломӣ ба муштарӣ мутобиқи принсипҳои маблағгузории исломӣ дода шуда, метавонад шартҳои пардохти маблағи асосӣ, фоида, иҷора ё ҳаққи хизматрасониро дар бар гирад ё бидуни он;

амонат ё пасандозҳои исломӣ – маблағи пулӣ ва сарватҳои дигари шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки барои нигоҳ доштан ба ташкилоти қарзии исломӣ бо шарти пардохти пурра бо фоида ё бидуни он, ба соҳиби амонат ё намояндаи он, бо дархост ё ба мӯҳлатҳои мувофиқашуда бо намудҳои зерин ва бо риояи принсипҳои маблағгузории исломӣ дода мешаванд:

а) амонати мӯҳлатнок – маблағҳои пулии ба ташкилоти қарзии исломӣ додашуда, ки онҳоро ташкилоти қарзии исломӣ метавонад бо иҷозати амонатгузор ё бо ихтиёри худ бо шартҳои идоракунии боваринок ба сифати маблағҳои сармоягузорӣ истифода намояд. Ин маблағҳо баъди тамом шудани мӯҳлати пешбининамудаи шартнома метавонанд гирифта шаванд;

б) амонати пасандозӣ – маблағҳои пулие, ки ба ташкилоти қарзии исломӣ барои нигаҳдорӣ бо ҳуқуқи истифода бурдани онҳо барои мақсадҳои сармоягузорӣ супурда шудаанд. Гирифтани ин маблағҳо ҳангоми риоя шудани шартҳои пешбининамудаи шартнома иҷозат дода мешавад;

в) амонати дархостӣ – маблағҳои пулии ба ташкилоти қарзии исломӣ додашуда, ки метавонанд ҳар вақт аз тарафи амонатгузор гирифта шаванд;

г) нигоҳдории амонатӣ – нигоҳдории дороиҳои муштарӣ аз ҷониби ташкилоти қарзии исломӣ бе ҳуқуқи истифодаи онҳо;

д) амонати сармоягузорӣ – маблағҳои пулӣ, ки аз ҷониби муштарӣ ба ташкилоти қарзии исломӣ дар шакли амонат бо ҳуқуқи истифодаи онҳо аз рӯи шартҳои пешбиникардаи шартнома дода шудаанд;

даромад ё фоида – вобаста ба мафҳумҳои «қарзи исломӣ», «суратҳисоби сармоягузорӣ» ва «амонат ё пасандозҳои исломӣ» шаклҳои гуногуни даромад, дивиденд ё фоида, рента (изофабаҳо), инчунин ҳаққи хизматрасонӣ ё туҳфае, ки ба ташкилоти қарзии исломӣ пардохта ё аз ҷониби он дода мешаванд;

ваколати назорат аз болои шахси ҳуқуқии дигар – ваколатҳои шахсе, ки:

а) ба таври мустақим ё ғайримустақим, тавассути як ё якчанд шахси молик, назораткунанда ё дорандаи 25 фоиз ё бештар аз он саҳмияҳои овоздиҳанда ва ё ҳиссаҳои шахси ҳуқуқӣ бошад;

б) имконияти интихоби аксарияти роҳбарони шахси ҳуқуқиро дошта бошад;

в) дорои ваколати назоратии дигаре бошад, ки Бонки миллии Тоҷикистон муайян кардааст;

ҳиссаи иштироки афзалиятнок – ҳиссаи иштироки бевосита ё бавоситаи шахсе, ки мустақилона ё тавассути ягон шахс ё якҷоя бо як ё якчанд шахсони дорои зиёда аз 10 фоизи сармояи оинномавӣ ё саҳмияҳои овоздиҳандаи ташкилоти қарзии исломӣ мебошад ё ҳиссаи иштироки афзалиятноке, ки онро Бонки миллии Тоҷикистон муайян кардааст;

меъёрҳои мақбул – меъёрҳои иқтисодие, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади танзими фаъолияти ташкилотҳои қарзии исломӣ муқаррар гардида, риояи онҳо аз ҷониби ташкилотҳои қарзии исломӣ ҳатмӣ мебошад;

аудити берунӣ – санҷиши мустақилонаи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи муҳосибӣ (молиявӣ), ки аз ҷониби аудитори ватанӣ ё хориҷӣ гузаронида мешавад;

иҷора – аз тарафи ташкилоти қарзии исломӣ бо дархости муштарӣ ба даст овардани таҷҳизот ё молу мулки дигар ва ба мӯҳлати муайян ба иҷора (кироя) додани он.

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

Моддаи 3. Доираи амали Қонуни мазкур

  1. Амали Қонуни мазкур нисбат ба ҳамаи бонкҳо, ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ ва ташкилотҳои маблағгузории хурде, ки барои амалӣ намудани фаъолияти бонки мутобиқи принсипҳои маблағгузории исломӣ асосёфта иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистонро доранд, татбиқ мегардад.
  2. Амали Қонуни мазкур нисбат ба инҳо татбиқ намегардад:

– мақомоти давлатӣ;

– ташкилотҳои қарзие, ки барои амалӣ намудани фаъолияти бонкии исломӣ иҷозатнома надоранд;

– иттифоқҳои қарзие, ки фаъолияти худро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои қарзӣ» амалӣ менамоянд;

– ташкилоти тиҷоратие, ки ташкилоти қарзӣ нест.

Моддаи 4. Амалиёти бонкии исломӣ ва дигар аҳдҳои ташкилоти  қарзии исломӣ

  1. Ба амалиёти бонкии исломӣ, ки ташкилотҳои қарзии исломӣ анҷом дода метавонанд, тааллуқ доранд:

1) ҷалб намудан ва гирифтани амонати исломӣ, пасандози исломӣ ё пешбурди суратҳисоби сармоявии шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ;

2) кушодан ва хизматрасонии суратҳисоби муштарӣ (барои амонати исломӣ, пасандози исломӣ ё суратҳисоби сармоявӣ), суратҳисоби муросилотии бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ ва инчунин суратҳисоби бонкҳо барои амалиёт бо металлу сангҳои қиматбаҳо;

3) амалиётҳои кассавӣ: қабул, аз нав ҳисоб кардан, иваз намудан, мубодила, бастан ва нигоҳ доштани пулҳои коғазӣ ва тангаҳо;

4) амалиётҳои интиқолӣ: иҷрои хизматрасониҳои интиқолӣ барои интиқоли маблағи шахсони воқеӣ ё  ҳуқуқӣ;

5) амалиётҳои баҳисобгирӣ: ба ҳисоб гирифтани векселҳо ва дигар коғазҳои қиматбаҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;

6) маблағгузории тиҷорат: додани қарзи исломӣ дар шакли нақдӣ ё маблағгузории исломӣ (таъминшуда, таъминнашуда), аз ҷумла бидуни маҳдудияти:

– маблағгузории истеъмолӣ ҳамчун қарзи истеъмолӣ, ипотекӣ ва байнибонкӣ;

– факторинг;

– форфейтинг;

7) маблағгузории исломӣ барои сармоягузории асосӣ дар асоси фармоиши  сармоягузор;

8) амалиёти ба боварӣ асосёфта: идоракунии маблағҳои пулӣ (коғазҳои қиматнок) ба манфиати молик ва дар асоси фармоиши он;

9) хизматрасонии фосилавии бонкӣ, клирингӣ, ҳисоб-баробаркунӣ ва интиқолӣ марбут ба воситаҳои пулӣ, коғазҳои қиматнок, супоришномаҳои пардохт ва воситаҳои дигари пардохт (аз ҷумла кортҳои пардохти бонкӣ, чекҳо, чекҳои сафарӣ ва векселҳо);

10) амалиётҳои сейфӣ: хизматрасониҳо оид ба бехатар нигоҳ доштан ва хизматрасониҳои амонатӣ ва идоракунии ҳисобот, ҳуҷҷат ва дороиҳои муштариён, аз ҷумла ба иҷора гирифтани қуттиву хонаҳои сейфӣ, нигоҳдории дороиҳо (пул, коғазҳои қиматнок, металлҳо, маснуоти заргарӣ ва дигар дороиҳо);

11) гаравгузорӣ: додани қарзҳои кӯтоҳмуддат бар ивази гарави коғазҳои қиматноки мубодилашаванда ва моликияти манқуле, ки ҳамчун пасандоз истифода мешавад;

12) додани тратта;

13) ҷамъ кардан, қабул, пардохт ва тасдиқи ҳуҷҷатҳои пардохт, кушодан ва тасдиқ намудани эътиборномаҳои тиҷоратӣ;

14) додани кафолати бонкӣ, аз ҷумла кафолат ва эътиборномаҳо аз номи худ ва аз номи муштариён;

15) барориши воситаҳои пардохт, аз ҷумла кортҳои пардохти бонкӣ, чек, чекҳои сафарӣ, ӯҳдадориҳои қарзӣ ва дигар воситаҳои пардохт;

16) қабул намудани инкассатсия  ва фиристодани пулҳои коғазӣ, тангаҳо ва ашёи қиматбаҳо;

17) аҳдҳо оид ба мубодилаи асъор;

18) хариду фурӯши воситаҳои зерин аз ҳисоби  худ ё муштариён:

– воситаҳои бозории пул, аз ҷумла чек, вексел, ӯҳдадориномаҳо ва тасдиқномаҳои пасандоз;

– асъори хориҷӣ;

– саҳмияҳо ва дигар коғазҳои қиматноки интиқолшаванда;

– қарордодҳои форвардӣ, созишномаи своп, фючерс, опсион ва дигар ҳосилаҳое, ки ба асъор, саҳмия, вомбарг, металлу сангҳои қиматбаҳо ё қурбу меъёрҳои маблағгузории исломӣ дахл доранд;

19)  амалиётҳои дигаре, ки аз амалиётҳои дар моддаи мазкур зикршуда бармеоянд ва бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд ва ба принсипҳои маблағгузории исломӣ муқобил намебошанд.

  1. Тартиби анҷом додани амалиётҳои бонкии исломӣ бо стандартҳои фаъолияти бонкии исломӣ муайян мегардад.
  2. Бонки миллии Тоҷикистон ба ташкилотҳои қарзии исломӣ барои анҷом додани амалиётҳои бонкии исломӣ, ки дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинӣ гардидаанд, иҷозатнома медиҳад. Иҷозатнома барои анҷом додани намудҳои фаъолияти дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинигардида ба ташкилоти қарзии исломӣ баъд аз бақайдгирии давлатӣ тибқи тартиби муқарраргардида дода мешавад.
  3. Ташкилотҳои қарзии исломӣ, ғайр аз амалиёти бонкии исломии дар қисми 1 моддаи мазкур номбаршуда, ҳуқуқ доранд аҳдҳои зеринро амалӣ намоянд:

– додани замонат, ки иҷрои ӯҳдадориҳои пулиро дар назди шахси сеюм пешбинӣ менамояд;

– иҷораи молиявӣ (лизинг);

– амалиёт бо металлу сангҳои қиматбаҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– хизматрасонӣ ба сифати агенти молиявӣ;

– хизматрасонӣ ба сифати мушовир ё маслиҳатгари молиявӣ;

– хизматрасонии иттилоотии молиявӣ ва қарзӣ.

  1. Ташкилотҳои қарзии исломӣ ҳуқуқи иҷро намудани танҳо амалиётҳои зерини савдоро доранд:

– амалиёте, ки ба фаъолияти бонкиву молиявии исломии дар қисмҳои 1 ва 5 моддаи мазкур дарҷгардида мувофиқ аст;

– фаъолияте, ки мувофиқи принсипҳои маблағгузории исломӣ талаб карда мешавад;

– амалиёте, ки ба шартҳои дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон муқарраршуда ҷавобгӯ аст.

Моддаи 5. Хусусияти фаъолияти ташкилотҳои қарзии исломӣ

  1. Ташкилотҳои қарзии исломӣ вазифадоранд ба муштариён хусусиятҳои амалиёти бонкии ба принсипҳои маблағгузории исломӣ асосёфта ва хавфҳои ба он алоқамандро шарҳ диҳанд.
  2. Ташкилотҳои қарзии исломӣ ҳуқуқ надоранд:

– дар шакли фоиз мукофотпулӣ ситонанд;

– баргардондани амонати сармоягузорӣ ё даромад аз рӯи онро кафолат диҳанд;

– маблағгузории (қарздиҳии) фаъолиятеро, ки ба истеҳсол ва (ё) савдои тамоку, маҳсулоти спиртӣ, силоҳ ва лавозимоти ҷангӣ, қиморбозӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор ва прекурсорҳо вобаста мебошад, анҷом диҳанд;

– дигар намудҳои фаъолияти соҳибкориро, ки маблағгузории (қарздиҳии) он мувофиқи принсипҳои маблағгузории исломӣ манъ шудааст, анҷом диҳанд.

  1. Ташкилотҳои қарзии исломӣ пеш аз пешниҳоди воситаҳои пулӣ ба муштариён ӯҳдадоранд:

– боварӣ ҳосил намоянд, ки муштарӣ ӯҳдадориҳояшро дар мӯҳлати муқарраршуда иҷро менамояд;

– қобилияти фаъолият ва пардохтпазирии муштарӣ, фоиданокии лоиҳа, мавҷудияти таъминоти гаравро ҳаматарафа баҳо диҳанд.

  1. Ташкилотҳои қарзии исломӣ иштирокчии низоми суғуртаи ҳатмии амонатҳо намебошанд ва амонатҳо дар ташкилотҳои қарзии исломӣ аз рӯи низоми суғуртаи амонатҳо кафолат дода намешаванд.
  2. Талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба танзими ҳудуди иштирок дар сармояи оинномавӣ ҳангоми аз ҷониби онҳо ба даст овардани саҳмияҳо (ҳиссаи иштирок) бо мақсади маблағгузории истеҳсолот ва фаъолияти савдои шахсони ҳуқуқӣ нисбат ба ташкилотҳои қарзии исломӣ татбиқ намегардад.

Моддаи 6. Муносибатҳои байни ташкилоти қарзии исломӣ ва давлат

  1. Ташкилоти қарзии исломӣ ва давлат аз рӯи ӯҳдадориҳои ҳамдигар ҷавобгар намебошанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар онҳо чунин ӯҳдадориҳоро қабул карда бошанд.
  2. Ташкилоти қарзии исломӣ ва Бонки миллии Тоҷикистон аз рӯи ӯҳдадориҳои ҳамдигар ҷавобгар намебошанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар онҳо чунин ӯҳдадориҳоро қабул карда бошанд.
  3. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ ҳуқуқ надоранд ба фаъолияти ташкилотҳои қарзии исломӣ дахолат намоянд.

Моддаи 7.  Иттиҳодияҳои (ассосиатсияҳои) ташкилотҳои қарзии исломӣ

  1. Ташкилотҳои қарзие, ки дар асоси принсипҳои маб-лағгузории исломӣ фаъолият менамоянд, бо мақсади ҳимояи манфиатҳои худ метавонанд иттиҳодияҳо (ассосиатсияҳо) таъсис диҳанд.
  2. Ташкилотҳои қарзие, ки дар асоси принсипҳои маб-лағгузории исломӣ фаъолият менамоянд, метавонанд тавассути иттиҳодияҳо (ассосиатсияҳо) фаъолияти худро ҳамоҳанг созанд, ба робитаҳои байни ташкилотҳои қарзии ватанӣ ва хориҷӣ мусоидат намоянд, дастовардҳои мутақобилаи илмӣ, иттилоотӣ ва касбиро дастраси ҳамдигар гардонанд, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон ва дигар мақомоти давлатӣ оид ба фаъолияти бонкии исломӣ тавсияҳо пешниҳод намоянд.

БОБИ 2.

ТАРТИБИ ТАЪСИС ВА ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ БА ТАШКИЛОТИ ҚАРЗИИ ИСЛОМӢ

Моддаи 8. Тартиби таъсис ва бақайдгирии давлатии ташкилоти қарзии исломӣ

  1. Ташкилоти қарзии исломӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи тартиби муқарраркардаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти муқаррароти Қонуни мазкур таъсис дода мешавад.
  2. Барои таъсиси ташкилоти қарзии исломӣ, филиал ё намояндагии он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъини кормандони роҳбарикунандаи онҳо розигии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ талаб карда намешавад.
  3. Бонкҳои исломӣ, ба истиснои бонки давлатии исломӣ, дар шакли ҷамъияти саҳомӣ таъсис дода мешаванд.
  4. Бақайдгирии давлатии ташкилотҳои қарзии исломӣ, филиалҳо ва намояндагиҳои онҳо мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» сурат мегирад.
  5. Ташкилоти қарзии исломӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд инҳоро дошта бошад:

– номи расмӣ ва ихтисоршудаи он, ки ба шакли ташкилию ҳуқуқии ташкилоти қарзӣ ишора мекунад;

– номгӯи фаъолияти он, ки ба забони давлатӣ ва яке аз забонҳои хориҷӣ сабт шудааст;

– муҳр бо зикри номи ташкилоти қарзӣ ба забони давлатӣ ва яке аз забонҳои хориҷӣ.

Моддаи 9. Ном ва рамзи ташкилоти қарзии исломӣ

  1. Ташкилоти қарзӣ, ки фаъолияти худро дар асоси принсипҳои маблағгузории исломӣ амалӣ мекунад, ҳуқуқ дорад дар номгӯи худ калимаи «исломӣ»-ро истифода намояд. Ном ва рамзи ташкилоти қарзӣ, ки принсипҳои маблағгузории исломиро истифода менамоянд, метавонанд танҳо барои амалӣ намудани фаъолияти бонкии исломӣ истифода шаванд.
  2. Калимаҳои «ташкилоти қарзии исломӣ», «бонки исломӣ», «ташкилоти қарзии исломии ғайрибонкӣ», «ташкилоти маблағгузории хурди исломӣ» ё калимаҳое, ки дар ҳар шакл аз онҳо сохта мешаванд, наметавонанд нисбат ба фаъолият ё хизматрасонӣ бе иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон истифода шаванд, ба истиснои ҳолатҳое, ки истифодаи онҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон иҷозат додаанд ё дар матне, ки калимаю ибораҳои номбаршуда истифода шудаанд, фаъолияти бонкии исломӣ дар назар дошта нашавад.

Моддаи 10. Иҷозатномадиҳӣ ба фаъолияти бонкии исломӣ

  1. Фаъолияти бонкии исломӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси иҷозатнома барои анҷом додани фаъолияти бонкии исломӣ (минбаъд – иҷозатнома) амалӣ мегардад.
  2. Мутобиқи Қонуни мазкур Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад барҳамдиҳии ҳар шахси ҳуқуқиеро, ки фаъолияти бонкии исломиро бе иҷозатнома амалӣ мекунад, талаб намояд.
  3. Иҷозатнома мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Қонуни мазкур аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дода мешавад.
  4. Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад фаъолияти бонкии исломиро бе иҷозатнома мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ба роҳ монад.
  5. Ташкилотҳои қарзии исломӣ аз лаҳзаи гирифтани иҷозатнома ҳуқуқи оғоз кардани фаъолияти бонкии исломиро пайдо менамоянд.
  6. Ташкилотҳои қарзии анъанавӣ метавонанд ба ташкилотҳои қарзии исломӣ табдил дода шаванд. Тартиби табдилдиҳии ташкилоти қарзии анъанавӣ ба ташкилоти қарзии исломӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
  7. Ташкилотҳои қарзии исломӣ наметавонанд ба ташкилотҳои қарзии анъанавӣ табдил дода шаванд.
  8. Ташкилотҳои қарзии исломӣ, ки дар натиҷаи табдилдиҳии ташкилотҳои қарзии анъанавӣ ташкил карда шудаанд, метавонанд фаъолияти бонкии исломӣ ё намудҳои алоҳидаи онро баъди гирифтани иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон оғоз кунанд.
  9. Ташкилотҳои қарзии анъанавӣ барои анҷом додани фаъолияти бонкии исломӣ дар доираи «равзанаи бонкии исломӣ» вазифадоранд, ки иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистонро барои оғоз кардани фаъолияти бонкии исломӣ гиранд. Ташкилоти қарзии анъанавӣ, ки барои анҷом додани фаъолияти бонкии исломӣ иҷозатнома гирифтааст, бояд дар саридора бахши дахлдор ё берун аз маҳалли ҷойгиршавии саридора филиал кушояд.
  10. Розигӣ барои оғози фаъолият ба филиалҳои ташкилотҳои қарзии исломии хориҷӣ танҳо дар ҳолате дода мешавад, ки ташкилоти қарзии исломии асосии он аз ҷониби мақомоти дахлдори давлате, ки ин ташкилоти қарзии исломӣ дар он ҷойгир аст, зери танзим ва назорати маҷмӯии бонкӣ қарор дошта бошад.
  11. Ташкилотҳои қарзии исломии фаръӣ ва филиалҳои ташкилотҳои қарзии исломии хориҷӣ тибқи талаботи нисбат ба ташкилотҳои қарзии исломии ватанӣ муқаррарнамудаи Қонуни мазкур таҳти танзим ва назорат қарор мегиранд.
  12. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад барои ташкилоти қарзии исломии фаръӣ ва филиалҳои ташкилоти қарзии исломии хориҷӣ оид ба иҷро кардани фаъолияти бонкии исломӣ маҳдудиятҳо муқаррар намояд, агар дар давлатҳои дахлдори хориҷӣ нисбат ба ташкилотҳои қарзии фаръӣ ва филиалҳои ташкилотҳои қарзии ватании исломӣ чунин маҳдудиятҳо пешбинӣ шуда бошанд.

Моддаи 11. Ҳуҷҷатҳое, ки барои гирифтани иҷозатнома заруранд

  1. Ташкилоти қарзии исломӣ, ба истиснои ташкилоти маблағгузории хурди исломӣ ва «равзанаи бонкии исломӣ», пеш аз бақайдгирии давлатӣ ва гирифтани иҷозатнома бояд ба Бонки миллии Тоҷикистон дархост, ҳуҷҷатҳо ва маълумоти зеринро ба забони давлатӣ пешниҳод намуда, хулосаи пешакии Бонки миллии Тоҷикистонро гирад:

1) нусхаи аз тарафи нотариус тасдиқкардашудаи ҳуҷҷатҳои таъсисӣ бо нишон додани маблағи эълоншудаи сармояи оинномавӣ;

2) маълумотнома бо зикри насаб, ном ва номи падар, шаҳрвандӣ, ҷойи истиқомати доимӣ, фаъолият ё касб, таҳсилот, маълумоти муфассал оид ба собиқаи кории ҳар як корманди роҳбарикунанда;

3) нусхаи ҳуҷҷат дар бораи таҳсилоти олии иқтисодии кормандони роҳбарикунанда, ҳамчунин нусхаи ҳуҷҷат (сертификат, диплом) дар бораи доштани таҳсилот дар соҳаи фаъолияти бонкии исломӣ;

4) нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи аз нигоҳи касбӣ босалоҳият ва боэътимод будани ҳар як корманди роҳбарикунанда;

5) маълумотнома бо зикри насаб, ном ва номи падар, шаҳрвандӣ, ҷойи истиқомати доимӣ, фаъолият ё касби молики ҳиссаи иштироки афзалиятнок, аз ҷумла манфиатдори ниҳоии ҳиссаи иштироки афзалиятнок, ки вазъи молиявии онҳоро тасдиқ мекунад.

6) маълумотнома оид ба манбаи қонунии маблағҳои пулии ба сармояи оинномавӣ воридшаванда;

7) нусхаи ҳисоботи молиявии шахси ҳуқуқӣ-молики ҳиссаи иштироки афзалиятнок доир ба се соли охир бо хулосаи аудити берунӣ;

8) рӯйхати саҳмиядорон ва манфиатдорони ниҳоии саҳмияҳо, ки нишонии маҳалли ҷойгиршавӣ ва миқдори саҳмияҳоро дар бар мегирад;

9) эъломияи хаттӣ аз ҷониби ҳар як молики ҳиссаи иштироки афзалиятнок ва корманди роҳбарикунанда оид ба муфлис набудан, надоштани доғи судӣ ва маҳдудият дар фаъолияти касбӣ;

10) нақшаи фаъолият бо назардошти мақсаду намудҳои фаъолият, тавсифи сохтори ташкилӣ ва низоми назорати дохилӣ, аз ҷумла, тадбирҳои дахлдор барои мубориза бар зидди қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм, инчунин дурнамои ҳисоботи тавозунӣ, даромаду хароҷот ва гардишҳои пулӣ доир ба се соли ояндаи фаъолият;

11) барои ҳар як молики ҳиссаи иштироки афзалиятнок, аз ҷумла манфиатдори ниҳоии чунин ҳиссаи иштироки афзалиятнок, рӯйхати шахсони ҳуқуқие, ки иштироки онҳо дар сармояашон вуҷуд дорад, бо нишон додани ҳисса ва маҳалли ҷойгиршавии онҳо;

12) маълумот дар бораи таъсиси Кумитаи хизматрасонии маблағгузории исломӣ дар сохтори ташкилоти қарзии исломӣ ва дар бораи шахсоне, ки ба ҳайати Кумитаи хизматрасонии маблағгузории исломӣ шомил шудаанд, бо зикри дорои донишу малака дар соҳаи ҳуқуқи исломӣ ва фаъолияти бонкии исломӣ будани онҳо;

13) маълумот оид ба маҳалли ҷойгиршавии саридора ва маҳалли дигари воқеъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ё берун аз он, ки дар он ҷо фаъолияти бонкии исломӣ амалӣ карда мешавад;

14) ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти ҳаққи хизмати баррасии дархост;

15) ҳуҷҷат дар хусуси он ки мақоми назорати бонкии кишваре, ки бонки хориҷии (асосии) ё ҷамъияти холдингии ташкилоти қарзии исломӣ дар он ҷой таъсис ёфта, фаъолият мекунад, ба анҷомдиҳии фаъолияти бонкии исломии ташкилоти қарзии исломӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва назорати маҷмӯии бонкии дархосткунандаро амалӣ месозад.

  1. Ташкилоти маблағгузории хурди исломӣ барои гирифтани иҷозатнома бояд ба Бонки миллии Тоҷикистон дархост, ҳуҷҷатҳо ва маълумоти зеринро ба забони давлатӣ пешниҳод намояд:

1) дархост;

2) нусхаи аз тарафи роҳбари ташкилоти маблағгузории хурди исломӣ тасдиқкардашудаи ҳуҷҷатҳои таъсисӣ ва шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии ташкилоти маблағгузории хурди исломӣ;

3) маълумот дар бораи кормандони роҳбарикунанда бо зикри насаб, ном ва номи падар, шаҳрвандӣ, ҷойи истиқомати доимӣ,  таҳсилот, тахассус, собиқаи корӣ, надоштани доғи судӣ аз рӯи ҷиноятҳои иқтисодӣ ва хусусияти коррупсионидошта ва маҳдудият дар фаъолияти касбӣ;

4) нусхаи шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии муассисон барои шахсони ҳуқуқӣ ва рақами мушаххаси андозсупоранда барои шахсони воқеӣ;

5) нусхаи ҳисоботи молиявии муассисон – шахсони ҳуқуқӣ доир ба фаъолият дар соли охир бо хулосаи аудити берунӣ;

6) маълумотномаи мақоми ваколатдор оид ба иҷрои ӯҳдадориҳо дар назди буҷети давлатӣ доир ба фаъолият дар соли охир;

7) маълумотнома оид ба қонунӣ будани манбаи маблағҳои пулии ба сармояи оинномавӣ пардохтшавандаи муассисон – барои шахсони воқеӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонун;

8) рӯйхати саҳмиядорон (иштирокчиён) ва манфиатдорони ниҳоии саҳмияҳо (ҳиссаҳо) бо зикри нишонӣ ва миқдори саҳмияҳои (ҳиссаҳои) онҳо;

9) нақшаи корӣ бо назардошти мақсаду намудҳои фаъолият, тавсифи сохтори ташкилӣ ва низоми назорати дохилӣ, дурнамои ҳисоботи тавозунӣ, даромаду хароҷот ва гардишҳои пулӣ барои се соли фаъолияти минбаъда (ба истиснои фонди қарзии хурди исломӣ);

10) маълумот дар бораи ташкили Кумитаи хизматрасонии маблағгузории исломӣ дар сохтори ташкилоти маблағгузории хурди исломӣ бо зикри дорои малакаю дониш будан дар соҳаи ҳуқуқ ва фаъолияти бонкии исломӣ;

11) маълумот дар бораи маҳалли ҷойгиршавӣ;

12)  ҳуҷҷати пардохти ҳаққи хизмати баррасии дархост.

  1. Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади баррасии дархост барои пуррагардонии маълумотҳои қисмҳои 1 ва 2 моддаи мазкур метавонад маълумоти иловагӣ талаб намояд.

Моддаи 12. Тартиби додани иҷозатнома ба ташкилотҳои қарзии исломӣ

  1. Бонки миллии Тоҷикистон дар давоми се моҳ аз рӯзи қабули дархост дар бораи додани иҷозатнома ба ташкилоти қарзии исломӣ дар хусуси ба талаботи Қонуни мазкур ҷавобгӯ будан ё набудани ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда хулосаи худро медиҳад. Дархости ташкилоти қарзии анъанавӣ барои кушодани «равзанаи бонкии исломӣ» ва гирифтани иҷозатнома дар муддати як моҳ баррасӣ карда мешавад.
  2. Бо мақсади таҳияи хулоса Бонки миллии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои пешниҳодшударо санҷида, метавонад аз ташкилоти қарзии исломӣ, мақомоти дигари давлатӣ ва мақомоти дахлдори назоратии хориҷӣ маълумоти иловагии заруриро талаб намояд.
  3. Дар сурати мусбат будани хулоса Бонки миллии Тоҷикистон дар муддати як моҳ аз санаи пешниҳоди дархост барои гирифтани иҷозатнома ба ташкилоти қарзии исломӣ иҷозатнома медиҳад. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад шартҳои додани иҷозатномаро муайян ва баъдан тағйир диҳад ё бекор намояд. То муайян кардани шартҳои иҷозатнома Бонки миллии Тоҷикистон метавонад ба таври хаттӣ дар хусуси тасмими худ дар бораи ин гуна иқдом нисбат ба ташкилоти қарзии исломӣ хабар дода, ба ташкилоти қарзии исломӣ барои дар давоми чордаҳ рӯз пешниҳод кардани асосноккунӣ оид ба бекор кардан ё тағйир додани шартҳои иҷозатнома имконият диҳад.
  4. Дар ҳолатҳои истисноӣ Бонки миллии Тоҷикистон метавонад мӯҳлати дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинишударо то ду моҳи дигар тамдид намояд, ба шарте ки ташкилоти қарзии исломии дархосткунандаро дар ин хусус бо зикри сабаби чунин таъхир хабардор намояд.
  5. Дар сурати манфӣ будани хулоса Бонки миллии Тоҷикистон ба ташкилоти қарзии исломӣ ва ташкилоти қарзии анъанавии дархосткунанда дар хусуси радкунии додани иҷозатнома бо зикри сабабҳои он ба таври хаттӣ ҷавоб медиҳад. Дар ҳамаи ҳолатҳо дархосткунанда барои баргардонидани ҳаққи хизмати баррасии дархост ҳуқуқ надорад.
  6. Бонки миллии Тоҷикистон вазифадор аст ҳангоми баррасии дархост барои гирифтани иҷозатнома истифодаи номи ташкилоти қарзии исломиро манъ намояд, агар чунин ном то ин вақт дар Феҳристи сабти ташкилотҳои қарзӣ мавҷуд бошад.
  7. Бонки миллии Тоҷикистон бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии худ талаботеро, ки ҳангоми баррасии дархостҳо барои гирифтани иҷозатнома истифода мебарад, муайян ва нашр менамояд.
  8. Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи додани иҷозатнома ба ташкилотҳои қарзии исломӣ бо дарназардошти асосҳои зерин қарор қабул менамояд:

1) қонунӣ, эътиборнок ва дақиқ будани маълумот ва ҳуҷҷатҳое, ки дархосткунанда пешниҳод кардааст;

2) қаноатбахш будани вазъи молиявӣ ва фаъолияти саҳмиядорони дархосткунанда;

3) ба талаботи шахсони аз назари касбӣ босалоҳият ҷавобгӯ будани моликон, шахсони дорои ҳиссаи иштироки афзалиятнок ва кормандони роҳбарикунанда;

4) ба шарту талаботи иҷозатномавӣ мутобиқ будани сохтор ва ҳайати кормандон, захираҳои ҷориву молиявӣ ва ташаккули сармояи ташкилоти қарзии исломии дархосткунанда барои иҷрои ӯҳдадориҳои барои иҷозатномадиҳӣ зарур;

5) мақбул будани амалиёти дар оиннома нишондодашуда;

6) воқеӣ будани нақшаи фаъолият;

7) тасмими ташкилоти қарзии исломӣ дар хусуси фаъолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо суроғаи доимӣ;

8) амалӣ шудани дараҷаи мақбули мушоҳида ва назорат аз ҷониби мақомоти назорати хориҷӣ дар асоси маҷмӯӣ.

  1. Баъд аз қабули қарор дар бораи додани иҷозатнома ташкилоти қарзии исломии дархосткунанда дар муддати як моҳ аз таърихи қабули қарори мазкур маблағи боқимондаи сармояи оинномавиро ворид намуда, ҳаққи хизмати додани иҷозатномаро ба суратҳисобҳои дахлдор дар Бонки миллии Тоҷикистон пардохт мекунад. Баъди аз ҷониби ташкилоти қарзии исломӣ иҷро шудани шартҳои мазкур Бонки миллии Тоҷикистон дар муддати се рӯзи корӣ ба вай иҷозатнома медиҳад.
  2. Қарори Бонки миллии Тоҷикистон оид ба додани иҷозатнома дар нашрияи он интишор мегардад.
  3. Ташкилоти қарзии исломӣ минбаъд дар хусуси ҳама гуна тағйирот, ки ба ҳуҷҷатҳои барои гирифтани иҷозатнома пешниҳодшуда дахл доранд, Бонки миллии Тоҷикистонро хабардор мекунад.

Моддаи 13. Филиал ва воҳидҳои дигари сохтории ташкилоти қарзии исломии ватанӣ

1.Ташкилоти қарзии исломии ватанӣ барои оғози фаъолияти филиалҳои худ бояд розигии хаттии Бонки миллии Тоҷикистонро гирад. Бо ин мақсад он ба Бонки миллии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳо ва маълумоти зеринро пешниҳод менамояд:

– нусхаи қарори мақоми ваколатдори ташкилоти қарзии исломии ватанӣ дар бораи таъсиси филиал;

– нусхаи бо муҳр ва имзои роҳбари ташкилоти қарзии исломии ватанӣ тасдиқгардидаи низомномаи филиал бо зикри номгӯи амалиётҳои бонкии исломии ба филиал иҷозатдодашуда;

– маълумоти муфассал дар бораи кормандони роҳбари-кунандаи филиал мутобиқи талаботи Қонуни мазкур.

  1. Масъалаи додани розигӣ барои оғози фаъолияти филиали ташкилоти қарзии исломии ватанӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар давоми як моҳ баррасӣ карда мешавад.
  2. Анҷом додани фаъолияти ташкилоти қарзии исломии ватанӣ ба воситаи филиал дар ҳолатҳои зерин манъ карда мешавад:

– ба талаботи тахассусӣ ҷавобгӯ набудани номзадҳо ба вазифаи кормандони роҳбарикунандаи филиал;

– мувофиқ набудани биноҳо ва таҷҳизоти филиал ба талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон;

– аз ҷониби ташкилоти қарзии исломӣ риоя нагардидани талаботи Қонуни мазкур, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон ва дигар меъёрҳои мақбул.

  1. Ташкилоти қарзии исломии ватанӣ дар хусуси бастани филиалҳои худ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд Бонки миллии Тоҷикистонро дар муддати 10 рӯз пас аз қабули қарор хабардор намояд.
  2. Ташкилоти қарзии исломии ватанӣ ва филиалҳои он метавонанд бо тартиби муқаррарнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон берун аз маҳалли воқеъгардидаи худ воҳидҳои дигари сохторӣ (марказҳои хизматрасонии бонкии исломӣ, нуқтаҳои интиқоли пул ва нуқтаи мубодилаи асъор) таъсис диҳанд.
  3. Воҳидҳои сохтории мазкур метавонанд аз номи ташкилотҳои қарзии исломии ватанӣ амалиёти алоҳидаи бонкии исломиро, ки номгӯи он бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда шудааст, иҷро намоянд.

Моддаи 14. Таъсиси филиали бонки исломии хориҷӣ

  1. Бонки исломии хориҷӣ барои оғози фаъолияти филиалҳои худ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд розигии хаттии Бонки миллии Тоҷикистонро гирад.
  2. Бонки исломии хориҷӣ дархости худро барои гирифтани розигӣ дар шакли хаттӣ ба забони давлатӣ, бо замимаи ҳуҷҷатҳои зерин ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод менамояд:

1) қарори бонки исломии хориҷӣ оид ба таъсиси филиал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуҷҷатҳои бақайдгирӣ бо нишон додани маҳалли ҷойгиршавии бонки исломии хориҷӣ ва филиале, ки кушодани он дар назар аст;

2) нусхаи бо муҳр ва имзои роҳбари бонки исломии хориҷӣ тасдиқгардидаи низомномаи филиал бо зикри номгӯи амалиётҳои бонкии исломии ба филиал иҷозатдодашуда;

3) маълумотнома бо зикри насаб, ном ва номи падар, миллат, шаҳрвандӣ, ҷойи истиқомати доимӣ, фаъолият ё касб, таҳсилот, маълумоти муфассал оид ба собиқаи кории ҳар як корманди роҳбарикунанда;

4) нусхаи ҳуҷҷат дар бораи дорои таҳсилоти олии иқтисодӣ будани кормандони роҳбарикунанда;

5) рӯйхати саҳмиядорон ва манфиатдорони ниҳоии саҳмияҳои бонки исломии хориҷӣ бо нишон додани маҳалли ҷойгиршавӣ, миқдори саҳмияҳо ва нусхаи ҳуҷҷатҳои бақайдгирии саҳмиядорон;

6) нусхаи ҳисоботи молиявии се соли охири бонки исломии хориҷӣ бо хулосаи аудиторӣ;

7) ҳуҷҷати тасдиқкунанда оид ба муфлис набудан, надоштани доғи судӣ ва маҳдудият дар фаъолияти касбии корманди роҳбарикунанда;

8) нақшаи фаъолият, ки мақсадҳои корӣ ва намудҳои фаъолият, тавсифи сохтори ташкилӣ ва низоми назорати дохилӣ, аз ҷумла тадбирҳои дахлдор барои пешгирии қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм, инчунин дурнамои суратҳисобҳои тавозунӣ, суратҳисобҳои даромаду хароҷот ва гардишҳои пулӣ барои 3 соли минбаъдаи фаъолиятро дар бар мегирад;

9) ҳуҷҷати пардохти ҳаққи хизмати баррасии дархост;

10) розигии хаттии мақоми назорати бонкии хориҷии давлате, ки дар он бонки исломии хориҷӣ таъсис ёфтааст, барои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис додани филиал, инчунин розигии мақоми дахлдор ҷиҳати анҷомдиҳии назорати бонкии маҷмӯии фаъолияти бонки исломии хориҷӣ;

11) кафолати мақоми олии идоракунии бонки исломии хориҷӣ ҷиҳати ҷудо кардани маблағи зарурӣ барои иҷрои ӯҳдадории филиал, ки аз амалиёти бонкии исломии дар иҷозатнома пешбинишуда бармеояд. Навъи асъор ва ҷойи нигоҳдории маблағи чунин кафолат аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.

  1. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад дар ҳолатҳои зарурӣ маълумот ва ҳуҷҷатҳои дар қисми 2 моддаи мазкур пешбининашударо низ талаб намояд.
  2. Дархост дар бораи додани розигӣ барои оғози фаъолияти филиали бонки исломии хориҷӣ аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон дар мӯҳлати ду моҳ аз санаи пешниҳоди он баррасӣ карда мешавад.

Моддаи 15. Таъсис додани «равзанаи бонкии исломӣ» дар ташкилоти қарзии анъанавӣ

  1. Ташкилоти қарзии анъанавӣ барои таъсис додани «равзанаи бонкии исломӣ» ва гирифтани иҷозатнома бояд ба Бонки миллии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои зеринро ба забони давлатӣ пешниҳод намояд;

1) дархост;

2) нусхаи тасдиқшудаи оиннома бо тағйиру иловаҳои воридшуда, ки масъалаҳои анҷом додани фаъолияти бонкии исломиро муайян месозад, бо нишон додани ҳиссаи сармояи оинномавие, ки барои анҷом додани фаъолияти бонкии исломӣ равона шудааст;

3) ҳуҷҷати тасдиқкунандаи таъсиси «равзанаи бонкии исломӣ», ки барои анҷом додани фаъолияти бонкии исломӣ муқаррар шудааст;

4) маълумот дар бораи таъсиси Кумитаи хизматрасонии маблағгузории исломӣ дар сохтори ташкилоти қарзӣ;

5) маълумот дар бораи шахсоне, ки ба ҳайати Кумитаи хизматрасонии маблағгузории исломӣ ворид шудаанд бо зикри дорои донишу малака дар соҳаи ҳуқуқи исломӣ ва фаъолияти бонкии исломӣ будани онҳо;

6) ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти ҳаққи хизмати баррасии дархост.

  1. Ташкилоти қарзии анъанавӣ баъд аз гирифтани иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқи амалӣ намудани фаъолияти бонкии исломиро тавассути «равзанаи бонкии исломӣ»  пайдо мекунад.
  2. Ташкилоти қарзии анъанавӣ барои оғози фаъолияти ҳар як «равзанаи бонкии исломӣ»-и худ розигии Бонки миллии Тоҷикистонро мегирад. Бо ин мақсад ба Бонки миллии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳо ва маълумоти зеринро пешниҳод намояд:

1) нусхаи қарори мақомоти дахлдори ташкилоти қарзии анъанавӣ оид ба таъсиси «равзанаи бонкии исломӣ»;

2) нусхаи бо муҳр ва имзои роҳбари ташкилоти қарзии анъанавӣ тасдиқгардидаи низомномаи «равзанаи бонкии исломӣ» бо зикри номгӯи амалиётҳои бонкии исломии иҷозатдодашуда;

3) маълумотнома бо нишон додани насаб, ном ва номи падар шаҳрвандӣ, ҷойи истиқомати доимӣ, фаъолият ё касб, таҳсилот, маълумоти муфассал оид ба собиқаи кории ҳар як корманди роҳбарикунандаи «равзанаи бонкии исломӣ»;

4) нусхаи ҳуҷҷат дар бораи доштани таҳсилоти олии иқтисодии кормандони роҳбарикунандаи «равзанаи бонкии исломӣ», ҳамчунин нусхаи ҳуҷҷат (сертификат, диплом) дар бораи доштани таҳсилот дар соҳаи фаъолияти бонкии исломӣ;

5) маълумот оид ба маҳалли ҷойгиршавии «равзанаи бонкии исломӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он ҷо фаъолияти бонкии исломӣ амалӣ карда мешавад.

  1. Бонки миллии Тоҷикистон барои оғози фаъолияти «равзанаи бонкии исломӣ»-и ташкилоти қарзии анъанавӣ дар ҳолатҳои зерин розигӣ намедиҳад:

1) ба талаботи тахассусӣ ҷавобгӯ набудани номзадҳо ба вазифаи кормандони роҳбарикунандаи «равзанаи бонкии исломӣ»;

2) мувофиқ набудани бино ва таҷҳизоти «равзанаи бонкии исломӣ» ба талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон;

3) аз ҷониби ташкилоти қарзии анъанавӣ риоя нагардидани талаботи қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон ва меъёрҳои мақбул.

  1. Ташкилоти қарзии анъанавӣ дар хусуси бастани «равзанаи бонкии исломӣ» бояд Бонки миллии Тоҷикистонро дар муддати даҳ рӯз аз санаи қабули қарор дар ин бора  хабардор намояд.

Моддаи 16. Таъсиси намояндагии ташкилоти қарзии исломии хориҷӣ

  1. Ташкилоти қарзии исломии хориҷӣ барои кушодани намояндагӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд розигии Бонки миллии Тоҷикистонро гирад.
  2. Ташкилоти қарзии исломии хориҷӣ барои гирифтани розигӣ бояд бо замимаи ҳуҷҷатҳои зерин ба забони давлатӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон дархости хаттӣ пешниҳод кунад:

– қарори мақомоти дахлдори ташкилоти қарзии исломии хориҷӣ дар бораи кушодани намояндагӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– тасдиқи хаттии мақомоти назорати бонкии давлате, ки дар он ташкилоти қарзии исломии хориҷии дархосткунанда барои иҷрои амалиёти бонкии исломӣ иҷозатнома дорад.

  1. Дархост дар бораи додани розигӣ барои кушодани намояндагии ташкилоти қарзии исломии хориҷӣ аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон дар мӯҳлати як моҳ баррасӣ карда мешавад.

Моддаи 17. Хусусияти таъсиси филиал, намояндагӣ ва бонки фаръии ташкилоти қарзии   исломӣ берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Ташкилоти қарзии исломии ватанӣ бе гирифтани розигии пешакии Бонки миллии Тоҷикистон наметавонад берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон филиал, намояндагӣ ё бонки фаръӣ таъсис диҳад.
  2. Ташкилоти қарзии исломӣ барои гирифтани розигии пешакӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон нусхаи қарори мақомоти дахлдори худро дар бораи таъсиси филиал, намояндагӣ, бонки фаръӣ берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъини роҳбарони онҳо пешниҳод менамояд.
  3. Ташкилотҳои қарзии исломӣ доир ба ҳар гуна тағйирот вобаста ба маҳалли ҷойгиршавӣ ё қатъи фаъолияти филиал, намояндагӣ ё бонки фаръии худ Бонки миллии Тоҷикистонро дар муддати даҳ рӯз аз санаи қабули қарор хабардор менамоянд.

Моддаи 18. Феҳристи ташкилотҳои қарзии исломӣ ва «равзанаҳои бонкии исломӣ»

  1. Бонки миллии Тоҷикистон Феҳристи ташкилотҳои қарзии исломӣ ва «равзанаҳои бонкии исломӣ» (минбаъд-Феҳрист)- ро пеш мебарад.
  2. Дар Феҳрист маълумоти зерин дарҷ мегардад: ном, маҳалли ҷойгиршавӣ, рақами шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии ташкилоти қарзии исломӣ ва ташкилоти қарзии анъанавӣ, санаи додан ва бекоршавии он, рақами иҷозатнома, санаи додан ва бозхонди он.
  3. Дар Феҳрист, агар онро Бонки миллии Тоҷикистон зарур шуморад, маълумоти дигари иловагӣ низ дарҷ карда мешавад.
  4. Номгӯйи ташкилотҳои қарзии исломӣ ва «равзанаҳои бонкии исломӣ», ки ном, маҳалли ҷойгиршавӣ ва намуди иҷозатномаро дар бар мегирад, аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ҳар сол дар моҳи январ дар воситаҳои ахбори омма нашр карда мешавад.
  5. Ҳама гуна тағйироте, ки ба номгӯйи ташкилотҳои қарзии исломӣ ва «равзанаҳои бонкии исломӣ» дар давоми сол ворид карда мешаванд, аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон мунтазам дар воситаҳои ахбори омма нашр мегарданд.

Моддаи 19. Ҳаққи хизмат ва хироҷи иҷозатномадиҳӣ

Бонки миллии Тоҷикистон барои баррасии дархост оид ба гирифтани иҷозатнома ҳаққи хизмат ва хироҷи зеринро меситонад:

1) аз бонкҳои исломӣ:

– барои баррасии дархост оид ба гирифтани иҷозатнома – 50 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

– барои додани иҷозатнома – 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

2) аз ташкилотҳои ғайрибонкии исломӣ:

– барои баррасии дархост оид ба гирифтани иҷозатнома – 25 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

– барои додани иҷозатнома – 50 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

3) аз ташкилотҳои маблағгузории хурди исломӣ:

– барои баррасии дархост оид ба гирифтани иҷозатнома:

– аз ташкилотҳои амонатии қарзии хурди исломӣ – 7 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

– аз ташкилотҳои қарзии хурди исломӣ – 5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

– аз фондҳои қарзии хурди исломӣ – 3 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

– барои додани иҷозатнома:

– аз ташкилотҳои амонатии қарзии хурди исломӣ – 40 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

– аз ташкилотҳои қарзии хурди исломӣ – 20 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

– аз фондҳои қарзии хурди исломӣ – 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

4)  аз ташкилотҳои қарзии анъанавӣ:

– барои баррасии дархост оид ба гирифтани иҷозатнома – 25 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

– барои додани иҷозатнома – 50 нишондиҳанда барои ҳисобҳо.

 

Моддаи 20. Барҳамдиҳии ташкилоти қарзии исломӣ

 

Ташкилоти қарзии исломӣ тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ» барҳам дода мешавад.

 

Моддаи 21. Бозхонди иҷозатнома

 

  1. Иҷозатномаи мутобиқи Қонуни мазкур додашуда метавонад танҳо бо қарори Бонки миллии Тоҷикистон дар асоси як ё якчанд сабабҳои зерин бозхонд шавад, агар:

1) ташкилоти қарзии исломӣ дар давоми 12 моҳ аз рӯзи эътибор пайдо кардани иҷозатнома ба фаъолияти бонкии исломӣ машғул нашуда бошад ё зиёда аз 6 моҳ фаъолияташро қатъ карда бошад;

2) амалиёти аз ҷониби ташкилоти қарзии исломӣ иҷрошаванда хавфнок ва ё беасос бошад;

3) ташкилоти қарзии исломӣ талаботи қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон ё ҳама гуна шарту талаботи иҷозатномаро вайрон кунад, ки ин ба устувории молиявии вай таъсири назаррас расонад;

4) ташкилоти қарзии исломӣ, бонки исломии хориҷӣ ё ҷамъияти холдингии ташкилоти қарзии исломӣ, ки бонкҳо ва ташкилоти қарзии ғайрибонкии исломӣ ҷамъияти фаръии онҳо мебошанд, дар содир намудани ҷиноят, аз ҷумла қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм иштирок намуда бошанд ё аз иҷозатнома маҳрум шуда бошанд;

5) иҷозатномаи ташкилоти қарзии исломии хориҷӣ ё ҷамъияти холдингии ташкилоти қарзии исломӣ (, ки ташкилоти қарзии исломӣ ҷамъияти фаръии он мебошад) дар кишваре, ки таъсис ёфтааст, бозхонд шудааст;

6) дар гузаронидани назорати бонкӣ бо сабаби пурра ё қисман ба кишвари дигар кӯчонида шудани ташкилоти қарзии исломӣ монеаҳо пайдо шаванд;

7) бо сабаби аъзои гурӯҳи ҷамъиятҳо будани ташкилоти қарзии исломӣ ё бо сабаби он ки ташкилоти қарзии исломӣ ҷамъияти фаръии бонки исломии хориҷӣ ё ҷамъияти холдингии ташкилоти қарзии исломӣ буда, дар кишвари таъсисёфтааш ба таври қобили қабул назорат карда намешавад, ба гузаронидани назорати бонкӣ монеаҳо пайдо мекунад;

8) мақоми хориҷии назоратии ташкилоти қарзии исломии хориҷӣ ё ҷамъияти холдингии ташкилоти қарзии исломӣ, ки ташкилотҳои қарзии исломӣ ва ташкилоти қарзии исломии ғайрибонкии ҷамъияти фаръии онҳо мебошанд, барои ташкилоти қарзии исломии хориҷӣ ё ҷамъияти холдингии ташкилоти қарзии исломӣ мудири муваққатӣ ё барҳамдиҳандаро таъин карда бошад.

  1. Бонки миллии Тоҷикистон вазифадор аст дар ҳолатҳои зерин иҷозатномаи ташкилоти қарзии исломиро бозхонд намояд:

– агар муайян гардад, ки иҷозатнома дар асоси ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ё маълумоти бардурӯғ гирифта шуда бошад;

– дар дигар ҳолатҳое, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ» пешбинӣ намудааст.

  1. Қарори Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи бозхонди иҷозатнома мутобиқи моддаи мазкур дар шакли хаттӣ бароварда шуда, асосҳоеро дар бар мегирад, ки аз рӯи онҳо қарор қабул шудааст.
  2. Қарор аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон фавран дар рӯзи қабули он ба ташкилоти қарзии исломӣ дода мешавад. Қарор дар рӯзи ба ташкилоти қарзии исломӣ супурдани он эътибор пайдо мекунад, агар дар қарор мӯҳлати дигари эътибор пайдо кардан муқаррар нагардида бошад, ки он аз 30 рӯз зиёд буда наметавонад.
  3. Талаби иҷрои ин қарор нисбат ба ташкилоти қарзии исломии хориҷӣ аз ҷониби филиал ё намояндагии он, ки қарор ба вай ирсол шудааст, иҷро карда мешавад.
  4. Бозхонди иҷозатнома ба ғайр аз асосҳое, ки дар Қонуни мазкур зикр гардидаанд, манъ аст.
  5. Қарор дар бораи бозхонди иҷозатнома аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар давоми як ҳафта аз рӯзи қабули он дар воситаҳои ахбори омма нашр карда мешавад.

 

БОБИ 3.

САРМОЯ

 

Моддаи 22. Сармояи ташкилотҳои қарзии исломӣ

 

  1. Сармояи оинномавии ташкилотҳои қарзии исломӣ бо пули миллӣ ташкил карда мешавад.
  2. Ҳадди ақали сармояи оинномавӣ барои ташкилоти қарзии исломии навтаъсис аз ҷониби Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон бо пули миллӣ муқаррар мегардад.
  3. Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи тағйир додани ҳадди ақали сармояи оинномавии ташкилоти қарзии исломӣ пас аз 90 рӯзи интишори расмии он мавриди амал қарор дода мешавад.
  4. Барои ташкилотҳои қарзии исломии навтаъсис – бонкҳо ё ташкилотҳои қарзии ғайрибонкии исломӣ талаботи ҳадди ақали сармояи оинномавӣ, ки дар рӯзи ба Бонки миллии Тоҷикистон ворид шудани дархост дар бораи гирифтани иҷозатнома амал менамояд, татбиқ мегардад.
  5. Сармояи ташкилоти қарзии ғайрибонкии исломӣ ва ташкилоти маблағгузории хурди исломӣ, ки барои гирифтани мақоми бонки исломӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон муроҷиат намудаанд, бояд аз андозаи ҳадди ақали сармояи оинномавие, ки барои бонки исломии навтаъсис дар рӯзи ба Бонки миллии Тоҷикистон ворид шудани дархост дар бораи гирифтани иҷозатнома амал менамояд, кам набошад.
  6. Тартиби ҳисоби сармояи танзимшаванда ва қисмҳои таркибии онро Бонки миллии Тоҷикистон бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии худ мутобиқи стандартҳои эътирофшудаи байналмилалии назорати хизматрасониҳои молиявии исломӣ муқаррар менамояд.
  7. Ташкилоти қарзии исломӣ (ба истиснои ташкилоти қарзии исломии давлатӣ) наметавонад сармояи худро аз ҳисоби воситаҳои буҷети давлатӣ, фондҳои ғайридавлатии буҷетӣ, грантҳои ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон додашуда, воситаҳои ҷалбшуда ва қарзӣ ташкил ва пурра намояд.
  8. Ташкилоти қарзии исломӣ наметавонад даромади софи худро ҳамчун суди (дивиденди) саҳмия байни саҳмиядорони (иштирокчиён) худ тақсим намояд:

– агар ин гуна амал боиси риоя нашудани меъёри кифоятии сармоя гардад;

– то пӯшонидани ҳамаи хароҷоти марбут ба таъсисёбии худ.

 

Моддаи 23. Меъёри дороиҳои софи дохилӣ барои филиалҳои бонкҳои исломии хориҷӣ

 

Бонки миллии Тоҷикистон барои филиалҳои бонкҳои исломии хориҷии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияткунанда меъёри барзиёдии дороиҳо нисбат ба ӯҳдадориҳояшонро дар назди резидентҳо муқаррар менамояд.

 

БОБИ 4.

ИДОРАКУНИИ ТАШКИЛОТҲОИ ҚАРЗИИ ИСЛОМӢ

 

Моддаи 24. Мақомоти идоракунии ташкилоти қарзии исломӣ

 

  1. Тартиби таъсис ва фаъолияти мақомоти идоракунии ташкилоти қарзии исломӣ бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд» ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти муқаррароти Қонуни мазкур муайян карда мешавад.
  2. Идоракунии ташкилоти қарзии исломӣ аз ҷониби мақомоти зерин амалӣ мегардад:

– мақоми олии идоракунии ташкилоти қарзии исломӣ – Маҷлиси умумии саҳмиядорон (иштирокчиён), мақоми олии идоракунии фонди қарзии хурди исломӣ – Шӯрои парасторон;

– мақоми идоракунӣ – Шӯрои нозирон, ки аз ҷониби маҷлиси умумии саҳмиядорон (иштирокчиён) таъсис дода мешавад;

– Кумитаи хизматрасонии маблағгузории исломӣ, ки аз ҷониби Шӯрои нозирон (Шӯрои парасторон) мутобиқи оиннома таъсис дода мешавад;

– мақоми иҷроия аз ҷониби Шӯрои нозирон таъсис дода мешавад.

  1. Мақомоти идоракунии ташкилоти қарзии исломии давлатӣ ва ваколатҳои онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти Қонуни мазкур муайян менамояд.
  2. Шӯрои нозирон дар машварат бо Кумитаи хизматрасонии маблағгузории исломӣ самтҳои асосии фаъолияти ташкилоти қарзии исломиро муайян намуда, барои назорати татбиқи он масъул мебошад ва идоракунии онро назорат менамояд. Шӯрои нозирони ташкилоти қарзӣ дорои ваколатҳои зерин мебошад:

1) муайян намудани ҳадафҳои ташкилоти қарзии исломӣ ва дурнамои он;

2) муқаррар намудани стандартҳои идоракунии хавфҳо ва ҳадди ақали меъёрҳои мақбули дохилӣ;

3) муайян намудани хавфҳои асосие, ки ташкилоти қарзии исломӣ дучори онҳо мегардад ва муқаррар кардани ҳадди ҷоизи ин хавфҳо;

4) назорати тадбирҳое, ки мақомоти иҷроияи ташкилоти қарзии исломӣ барои ошкор, андозагирӣ, мониторинг ва назорати хавфҳо меандешанд;

5) нигаҳдории низоми мувофиқу босамари назорати дохилӣ, инчунин мониторинги самарабахши низоми назорати дохилии аз тарафи мақомоти иҷроияи ташкилоти қарзии исломӣ амалишаванда;

6) муқаррар намудани сиёсати дохилӣ ва сармоягузорӣ, низоми назорати дохилӣ ва меъёрҳои ахлоқ;

7) маъқул донистани ба вазифа таъин ва аз вазифа озод кардани аъзои Раёсат ва кормандони роҳбарикунандаи ташкилоти қарзии исломӣ (ба истиснои ташкилотҳои маблағгузории хурд) бо пешниҳоди раис ё раиси Раёсати ташкилоти қарзии исломӣ, ба истиснои роҳбар ва сармуҳосиби филиали ташкилоти қарзии исломӣ;

8) тасдиқи сохтори ташкилӣ ва таъини роҳбари сохтори аудити дохилии (сараудитори) ташкилоти қарзии исломӣ;

9) муайян кардани шартҳо ва андозаи музди меҳнати раис, муовинони ӯ ва сараудитори ташкилоти қарзии исломӣ;

10) таъини аъзо, муайян кардани шартҳо ва андозаи музди меҳнати аъзои Кумитаи хизматрасонии маблағгузории исломӣ;

11) таъсис ва барҳамдиҳии филиалҳо ва намояндагиҳои ташкилоти қарзии исломӣ;

12) баррасии натиҷаҳои аудит ва санҷиши дохилию берунӣ.

  1. Ҳайати Шӯрои нозирон наметавонад камтар аз панҷ нафар бошад. Аъзои Шӯрои нозирон ба мӯҳлати 4 сол дар Маҷлиси умумии саҳмиядорон интихоб мегарданд. Аъзои Шӯрои нозирон метавонанд дар давраҳои минбаъда аз нав интихоб шаванд.
  2. Аъзои Шӯрои нозирон метавонанд аз ҳисоби саҳмиядорон (иштирокчиён), аз ҷумла муассисон ва мутахассисон – коршиносони даъватшуда, ки дорои таҳсилоти олӣ буда, шахсони аз нигоҳи касбӣ босалоҳият ва боэътимод мебошанд, интихоб гарданд. Шӯрои нозирон аз байни аъзои худ раиси Шӯроро интихоб менамояд.
  3. Аъзои Шӯрои нозирон наметавонанд:

1) дар ягон ташкилоти қарзии анъанавӣ ё ташкилоти қарзии исломии дигар, ба истиснои ҷамъияти вобаста, кор кунанд;

2) аъзои оилаи узви Шӯрои нозирони ташкилоти қарзии анъанавӣ ё ташкилоти қарзии исломӣ бошанд;

3) узви Шӯрои нозирон ё саҳмиядори (иштирокчии) дигар ташкилоти қарзии анъанавӣ ё ташкилоти қарзии исломӣ бошанд;

4) раис ё узви Раёсати дигар ташкилоти қарзии анъанавӣ ё ташкилоти қарзии исломӣ бошанд;

5) хизматчии давлатӣ бошанд (ба истиснои ташкилотҳои қарзии исломии давлатӣ);

6) синнашон аз сӣ кам бошад.

  1. На камтар аз чор як ҳиссаи аъзои Шӯрои нозирон бояд дар низоми бонкӣ собиқаи кории зиёда аз сесола дошта бошад.
  2. Аъзои Шӯрои нозирон, ки дар ягон вазифа кор мекунанд ё соҳиби молу мулк мебошанд ва байни ӯҳдадориҳо ё манфиатҳои  онҳо мустақиман ё ғайримустақим бархӯрд ба миён меояд, дар ин бора онҳо дар маҷлиси Шӯрои нозирон  изҳори ақида мекунанд. Дар ин ҳолат онҳо аз овоздиҳӣ ё иштирок дар қабули қарори Шӯрои нозирон то вуҷуд доштани бархӯрди манфиатҳо худдорӣ менамоянд.

 

Моддаи 25. Шӯрои машваратии хизматрасонии бонкии исломӣ

 

  1. Шӯрои машваратии хизматрасонии бонкии исломӣ оид ба танзими фаъолияти ташкилотҳои қарзие, ки мувофиқи принсипҳои маблағгузории исломӣ амал мекунанд, дар назди Бонки миллии Тоҷикистон таъсис дода мешавад.
  2. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон аъзои Шӯрои машваратии хизматрасонии бонкии исломиро аз қатори шахсоне, ки дорои тахассуси дахлдор, дониш оид ба маблағгузории исломӣ ва таҷрибаи амалӣ дар бахши бонкӣ, қонунгузорӣ ва дигар соҳаҳои ба онҳо алоқаманд мебошанд, таъин менамояд.
  3. Бонки миллии Тоҷикистон бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии худ тартиби фаъолияти Шӯрои машваратии хизматрасонии бонкии исломиро муқаррар менамояд.

 

Моддаи 26. Ваколати Шӯрои машваратии хизматрасонии бонкии исломӣ

 

Шӯрои машваратии хизматрасонии бонкии исломӣ дорои ваколатҳои зерин мебошад:

1) иштирок дар таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон вобаста ба принсипҳои маблағгузории исломӣ;

2) додани маслиҳат ба Бонки миллии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои гуногуни бонкии исломӣ, фаъолияту аҳдҳои ташкилотҳои қарзии исломӣ;

3) таҳлил ва тасдиқи хизматрасониҳои бонкии исломии мутобиқ ба принсипҳои маблағгузории исломӣ, ки ташкилотҳои қарзии исломӣ ба муштариёни худ пешниҳод менамоянд;

4) додани маслиҳат ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои маблағгузории исломӣ;

5) дигар ваколатҳое, ки Бонки миллии Тоҷикистон метавонад муайян намояд.

 

Моддаи 27. Кумитаи хизматрасонии маблағгузории исломӣ

 

  1. Аъзои Кумитаи хизматрасонии маблағгузории исломӣ бояд аз шахсоне иборат бошанд, ки метавонанд ҳамчун коршиноси фаъолияти бонкии исломӣ ба ташкилотҳои қарзии исломӣ ҷиҳати ба ҳуқуқи бонкии исломӣ мутобиқат кардани фаъолияти онҳо машварат диҳанд.
  2. Ваколатҳои Кумитаи хизматрасонии маблағгузории исломӣ, тартиби таъсис ва талабот ба аъзои он бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.
  3. Аъзои Кумитаи хизматрасонии маблағгузории исломӣ ӯҳдадоранд:

1) ҳангоми баррасии масъалаҳои дар назди онҳо гузошташуда беғараз ва воқеъбин бошанд;

2) доир ба масъалаҳои баррасишаванда хулосаю тавсияҳои саҳеҳ, асоснок ва далелнок диҳанд;

3) дастури муқарраршударо риоя карда, доир ба масъалаҳои дар назди онҳо гузошташуда хулоса ва тавсияҳои саривақтӣ диҳанд;

4) низоми сирри бонкӣ ва тиҷоратиро нисбат ба маълумоте, ки ҳангоми иҷрои вазифа ба онҳо дастрас шудааст, риоя намоянд;

5) ҳангоми мавҷудияти ақидаҳои гуногун одобро риоя карда,  қарорҳои Кумитаи хизматрасонии маблағгузории исломӣ ва Шӯрои машваратии хизматрасонии бонкии исломиро вайрон накунанд;

6) расмиёт ва стандартҳоеро, ки Шӯрои машваратии хизматрасонии бонкии исломӣ маъқул дониста, Бонки миллии Тоҷикистон тасдиқ кардааст, риоя намоянд.

 

Моддаи 28. Мақоми иҷроияи ташкилоти қарзии исломӣ

 

  1. Роҳбарии бевоситаи фаъолияти ҷории ташкилоти қарзии исломӣ аз тарафи мақоми иҷроияи он – Раёсат (мақоми дастаҷамъии иҷроия) ё раиси ташкилоти қарзии исломӣ (мақоми инфиродии иҷроия) ва ё Раёсат ва раиси ташкилоти қарзии исломӣ амалӣ мегардад. Агар Раёсат ва раиси ташкилоти қарзии исломӣ дар як вақт ҳамчун мақомоти иҷроия таъсис дода шаванд, он гоҳ раиси ташкилоти қарзии исломӣ вазифаи раиси Раёсати онро иҷро менамояд.
  2. Мақоми иҷроияи ташкилоти қарзии исломӣ барои иҷрои қарорҳои Шӯрои нозирон ва идоракунии амалиёти ҳаррӯзаи ташкилоти қарзии исломӣ масъул мебошад. Ҳайати Раёсати ташкилоти қарзии исломӣ набояд аз се нафар кам бошад.
  3. Раис ва аъзои Раёсати ташкилоти қарзии исломӣ наметавонанд ҳамчун узви Шӯрои нозирон ва Кумитаи хизматрасонии маблағгузории исломӣ интихоб шаванд.
  4. Раёсати ташкилоти қарзии исломӣ дорои ваколатҳои зерин мебошад:

– татбиқи самтҳои асосии фаъолияти ташкилоти қарзии исломӣ;

– таъмини риояи меъёрҳои идоракунии корпоративӣ ва талаботи идоракунии хавфҳои ташкилоти қарзии исломӣ;

– таъмини сатҳи зарурии низоми идоракунии ташкилоти қарзии исломӣ, ки масъулият, ваколат ва муносибатҳои ҳамдигарии сохторҳои дохилӣ, шахсони мансабдор ва кормандони дигари ташкилоти қарзии исломиро муқаррар менамояд;

– ташкили низоми назорати дохилии ташкилоти қарзии исломӣ, мониторинги мутобиқат ва самаранокии он.

  1. Раиси ташкилоти қарзии исломӣ дорои ваколатҳои зерин мебошад:

1) аз номи ташкилоти қарзии исломӣ бе ваколатнома баромад карда, онро дар муносибат бо мақомоти давлатӣ ва ғайридавлатӣ намояндагӣ мекунад ва шартномаҳо мебандад;

2) кормандони ташкилоти қарзии исломиро ба кор қабул ва аз кор озод менамояд;

3) дар маҷлисҳои Раёсати ташкилоти қарзии исломӣ раисӣ менамояд;

4) ба қарорҳо ва протоколҳои маҷлисҳои Раёсати ташкилоти қарзии исломӣ имзо мегузорад;

5) вазифаҳоро дар байни муовинон тақсим менамояд;

6) фармону амрҳо медиҳад, ки иҷрои онҳо барои кормандони ташкилоти қарзии исломӣ ҳатмӣ мебошад;

7) шартҳо ва андозаи музди меҳнати кормандони ташкилоти қарзии исломиро, ба истиснои раис, муовинони раис ва сараудитори ташкилоти қарзии исломӣ, муайян менамояд;

8) барои фаъолияти ташкилоти қарзии исломӣ пурра масъул мебошад;

9) масъалаҳои дигари фаъолияти ташкилоти қарзии исломиро, ки ба салоҳияти Раёсат, Шӯрои нозирон, Кумитаи хизматрасонии маблағгузории исломӣ ва Маҷлиси умумии саҳмиядорони (иштирокчиёни) ташкилоти қарзии исломӣ тааллуқ надоранд, баррасӣ менамояд.

Ҳангоми аз ҷониби як шахс таъсис додани ташкилоти қарзии исломӣ (ба истиснои ташкилотҳои маблағгузории исломии хурд) ҳамин шахс наметавонад раис ё раиси Раёсати ташкилоти қарзии исломӣ бошад.

 

Моддаи 29. Тартиби ба вазифа таъин ва аз вазифа озод кардани кормандони 

                         роҳбарикунанда

 

  1. Кормандони роҳбарикунандаи ташкилоти қарзии исломӣ (ба истиснои ташкилотҳои маблағгузории исломии хурд) бо розигии Бонки миллии Тоҷикистон баъди дар он аз санҷиши тахассусӣ гузаштанашон ба вазифа таъин карда мешаванд. Тартиби гузаронидани санҷиши тахассусии номзадҳо ба вазифаи кормандони роҳбарикунандаи ташкилоти қарзии исломӣ (ба истиснои ташкилотҳои маблағгузории исломии хурд) бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
  2. Аъзои Раёсати ташкилоти қарзии исломиро (ба истиснои ташкилотҳои маблағгузории исломии хурд) Шӯрои нозирон интихоб намуда, раиси ташкилоти қарзии исломӣ ва раиси Раёсати онро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд.
  3. Муовини раиси ташкилоти қарзии исломӣ ва сармуҳосибро раиси ташкилоти қарзии исломӣ (ба истиснои ташкилотҳои маблағгузории исломии хурд) бо ҷонибдории Шӯрои нозирон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд.
  4. Роҳбар ва сармуҳосиби филиали ташкилоти қарзии исломӣ ва «равзанаи бонкии исломӣ» аз ҷониби раис ё раиси Раёсати ташкилоти қарзии исломӣ ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.
  5. Кормандони роҳбарикунандаи ташкилоти қарзии исломӣ ва «равзанаи бонкии исломӣ» бояд ба талаботи зерин ҷавобгӯ бошанд:

1) дорои таҳсилоти олии иқтисодӣ, ҳамчунин дорои таҳсилот дар соҳаи фаъолияти бонкии исломӣ ва собиқаи кории на камтар аз панҷсола аз рӯи ихтисос дар низоми бонкӣ, ки на камтар аз се соли онро собиқа дар вазифаҳои роҳбар ё муовини роҳбари воҳидҳои сохтории иқтисодӣ ташкил диҳад – барои аъзои раёсат, раис, муовинони ӯ ва сармуҳосиб;

2) дорои таҳсилоти олии иқтисодӣ, ҳамчунин дорои таҳсилот дар соҳаи фаъолияти бонкии исломӣ ва собиқаи кории на камтар аз сесола аз рӯи ихтисос дар сохторҳои иқтисодии низоми бонкӣ ё таҳсилоти дигари олӣ ва собиқаи кории на камтар аз даҳсола дар  низоми бонкӣ – барои роҳбар ва сармуҳосиби филиал, инчунин роҳбар ва сармуҳосиби «равзанаи бонкии исломӣ»;

3) шахси аз нигоҳи касбӣ босалоҳият ва боэътимод бошанд;

4) оид ба Қонуни мазкур ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ дониши кофӣ дошта бошанд;

5) корманди ташкилоти қарзии анъанавӣ ва ташкилоти қарзии исломии дигар набошанд;

6) дар ҳамин ташкилоти қарзии исломӣ пурра ва дар як вазифа кор кунанд;

7) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ намоянд.

  1. Ташкилоти қарзии исломӣ ӯҳдадор аст, ки Бонки миллии Тоҷикистонро дар бораи аз вазифа озод кардани кормандони роҳбарикунанда на дертар аз се рӯз аз санаи қабули қарори дахлдор хабардор намояд.
  2. Корманди роҳбарикунанда, ки бинобар татбиқи чораҳои фаврии ислоҳӣ ва таъсиррасонӣ нисбат ба ташкилоти қарзии исломӣ аз вазифа озод шудааст, ҳуқуқи ишғоли минбаъдаи вазифаи корманди роҳбарикунандаи ташкилоти қарзии исломиро надорад.
  3. Роҳбар, муовини роҳбари мақоми иҷроия ё сармуҳосиби ташкилоти қарзии исломӣ, ки дар давраи фаъолияти онҳо иҷозатномаи ташкилоти қарзии исломӣ бинобар татбиқи чораҳои фаврии ислоҳӣ ва таъсиррасонӣ нисбат ба он бозхонд шудааст, наметавонанд минбаъд вазифаҳои корманди роҳбарикунандаи ташкилоти қарзии исломиро ишғол намоянд.

 

Моддаи 30. Кумитаи аудит ва сараудитори дохилии ташкилоти қарзии исломӣ

 

  1. Ташкилоти қарзии исломӣ  Кумитаи аудит таъсис медиҳад.
  2. Аъзои Кумита ва раиси он аз ҷониби Шӯрои нозирон ба мӯҳлати 4 сол интихоб карда мешаванд.
  3. Раиси Шӯрои нозирон, Раиси ташкилоти қарзии исломӣ ё аъзои Раёсати ташкилоти қарзии исломӣ аъзои Кумитаи аудит буда наметавонанд.
  4. Кумитаи аудит дар назди Шӯрои нозирони ташкилоти қарзии исломӣ амал карда, дорои ваколатҳои зерин мебошад:

1) баррасӣ ва тавсияи қабули нақшаи солонаи аудит, қоидаҳои ҳисобдорию назорати онҳо ва идоракунии хавфҳо дар ташкилоти қарзии исломӣ;

2) додани тавсия барои таъини аудитори берунии ташкилоти қарзии исломӣ;

3) баррасии ҳисоботи аудитори берунӣ оид ба ҳисоботи молиявии ташкилоти қарзии исломӣ ва ба Шӯрои нозирон додани маълумот оид ба  камбудиҳои ошкоршуда то даме, ки аз ҷониби он ҳисоботи молиявӣ маъқул дониста шавад;

4) талаб кардани ҳисобот аз сараудитори дохилии ташкилоти қарзии исломӣ;

5) мониторинги мутобиқати фаъолияти ташкилоти қарзии исломӣ ба талаботи қонунҳову санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва пешниҳоди маълумот ба Шӯрои нозирон;

6) баррасии ҳисоботи ташкилоти қарзии исломӣ, ки ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод мешавад;

7) гузориш оид ба масъалаҳое, ки аз ҷониби Шӯрои нозирон ё Кумитаи хизматрасонии маблағгузории исломӣ дар назди Кумитаи аудит гузошта шудаанд;

8) баррасии  амалиёт ва аҳдҳои ташкилоти қарзии исломӣ дар заминаи нақшаҳое, ки Кумитаи аудит қабул кардааст, дар асоси дархости:

– Шӯрои нозирон;

– Кумитаи хизматрасонии маблағгузории исломӣ;

– саҳмиядорони (иштирокчиёни) ташкилоти қарзии исломӣ, ки беш аз 10 фоизи саҳмияҳои овоздиҳандаро соҳибанд ё тибқи муқаррароти оинномаи ташкилоти қарзии исломӣ;

9) пешниҳоди ҳисобот дар Маҷлиси умумии саҳмиядорон (иштирокчиён) оид ба фаъолияти худ ҳар сол на камтар аз як маротиба.

  1. Қарорҳои Кумитаи аудит бо аксарияти овозҳои аъзои иштирокдошта қабул карда мешаванд. Ҳангоми баробар будани шумораи овозҳо, овози раиси Кумитаи аудит ҳалкунанда мебошад.
  2. Дар ташкилоти қарзии исломӣ сохтори аудити дохилӣ амал менамояд, ки ба он сараудитори дохилӣ роҳбарӣ менамояд.
  3. Сараудитори дохилии ташкилоти қарзии исломӣ бояд ба талаботи қисми 5 моддаи 29 Қонуни мазкур ҷавобгӯй бошад.
  4. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад мутахассиси соҳаи бонкии исломиро интихоб намуда, ба ӯ барои дар ташкилоти қарзии исломӣ гузаронидани аудит ё санҷиши  риояи принсипҳои маблағгузории исломӣ супориш диҳад. Ташкилоти қарзии исломӣ ӯҳдадор аст барои фаъолияти мутахассиси таъиннамудаи Бонки миллии Тоҷикистон шароити мусоид фароҳам орад.
  5. Шахси таъиншуда дорои ваколатҳои аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон муқарраргардида буда, ба Бонки миллии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои аудит ё санҷиши мутобиқи қисми 8 моддаи мазкур гузаронидашуда ҳисобот пешниҳод менамояд.
  6. Ҳаққи хизмат ва хароҷоти шахси таъиншуда вобаста ба аудит ё санҷиш оид ба риояи принсипҳои маблағгузории исломӣ мутобиқи моддаи мазкур аз ҷониби ташкилоти қарзии исломӣ пардохт карда мешавад.
  7. Мутобиқи қисми 8 моддаи мазкур шахси таъиншуда барои риоя накардани ӯҳдадории махфияти байни чунин шахс ва ташкилоти қарзии исломӣ дар робита ба масъалаҳое, ки дар бораи онҳо аз рӯи натиҷаҳои аудит ё санҷиши риояи принсипҳои маблағгузории исломӣ мутобиқи моддаи мазкур аз ҷониби он шахс ба Бонки миллии Тоҷикистон ҳисобот дода мешавад, ҷавобгар намебошад.

 

Моддаи 31. Ифшо кардани манфиатҳои шахсӣ

 

  1. Кормандони роҳбарикунандаи ташкилоти қарзии исломӣ ва аъзои Кумитаи хизматрасонии маблағгузории исломӣ ҳангоми ба вазифа интихоб ё таъин шудан ва минбаъд ҳар сол бояд ба таври хаттӣ ба Шӯрои нозирон оид ба манфиатҳои шахсии молиявии бевосита ё бавоситаи худ, аъзои оила ва шахсони дигаре, ки бо онҳо хоҷагии умумӣ доранд, маълумот диҳанд.
  2. Ҳангоми аз ҷониби Шӯрои нозирони ташкилоти қарзии исломӣ ё мақоми дигари ваколатдори он баррасӣ гардидани масъалаи манфиатҳои шахсии молиявии кормандони роҳбарикунанда ва аъзои Кумитаи хизматрасонии маблағгузории исломӣ, онҳо ҳуқуқ доранд дар  баррасии масъалаи мазкур иштирок намоянд.

 

Моддаи 32. Тартиби хариди ҳиссаи иштироки афзалиятнок

 

  1. Хариди ҳиссаи иштироки афзалиятнок дар ташкилоти қарзии исломӣ бо розигии Бонки миллии Тоҷикистон сурат мегирад.
  2. Шахсе, ки бевосита ё бавосита, тавассути дигар шахсон ё якҷоя бо онҳо амал карда, мехоҳад ҳиссаи иштироки афзалиятнокро дар ташкилоти қарзии исломӣ харидорӣ намояд, ба Бонки миллии Тоҷикистон дархости хаттӣ пешниҳод мекунад.
  3. Дархост дар бораи хариди ҳиссаи иштироки афзалиятнок инҳоро дар бар мегирад:

1) насаб, ном ва номи падар, шаҳрвандӣ, ҷойи истиқомати доимӣ, фаъолияти корӣ ё касбии шахси талабгори моликшавӣ ба ҳиссаи иштироки афзалиятнок, аз ҷумла манфиатдори ниҳоии ин гуна ҳиссаи иштироки афзалиятнок;

2) маълумотнома барои молики ҳиссаи иштироки афзалиятнок, аз ҷумла манфиатдори ниҳоии ин гуна ҳиссаи иштироки афзалиятнок бо зикри насаб, ном ва номи падар, шаҳрвандӣ, ҷойи истиқомати доимӣ, фаъолият ё касби молики ҳиссаи иштироки афзалиятнок, аз ҷумла манфиатдори ниҳоии ҳиссаи иштироки афзалиятнок, ки вазъи молиявии онҳоро тасдиқ мекунад;

3) агар шахси талабгори моликшавӣ ба ҳиссаи иштироки афзалиятнок, аз ҷумла манфиатдори ниҳоии ин гуна ҳиссаи иштироки афзалиятнок шахси ҳуқуқӣ бошад, нусхаи ҳисоботи тавозунӣ ва ҳисоботи фоида ва зиёни солонаи соли охир, ки аз аудит гузаштааст;

4) номгӯй ва маҳалли ҷойгиршавии намуди фаъолияте, ки дар он шахси талабгори моликшавӣ ба ҳиссаи иштироки афзалиятнок, аз ҷумла манфиатдори ниҳоии ин гуна ҳиссаи иштироки афзалиятнок соҳиби ҳисса мебошад, бо нишон додани андозаи ҳисса;

5) шартҳои хариди ҳиссаи иштироки афзалиятнок;

6) манбаи қонунии маблағҳои пулие, ки барои харидорӣ истифода мешаванд;

7) нақша ё пешниҳод оид ба тағйироти куллӣ дар фаъолият, сохтори корпоративӣ ё идоракунии ташкилоти қарзии исломӣ;

8) хулосаи пешакии хаттии ташкилоти қарзии исломӣ;

9) дигар маълумоте, ки Бонки миллии Тоҷикистон метавонад талаб намояд.

  1. Бонки миллии Тоҷикистон оқибатҳои таъсири ивазшавии моликро ба устувории ташкилоти қарзии исломӣ ва ба талаботи муқарраршуда мувофиқ будани талабгори моликшавӣ ба ҳиссаи иштироки афзалиятнок, аз ҷумла манфиатдори ниҳоии ин гуна ҳиссаи иштироки афзалиятнокро муайян намуда, дар давоми 60 рӯз аз рӯзи гирифтани дархост ба дархосткунандагон ба таври хаттӣ дар бораи розигӣ  бо дархост ё раддия  ҷавоб медиҳад. Ҳангоми радкунӣ асоси он бояд нишон дода шавад.
  2. Агар Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи қарори худ дар мӯҳлати  зикршуда хабар надиҳад, пас ин маънои додани розигӣ барои хариду фурӯши ҳиссаи иштироки афзалиятнокро дорад. Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад ҳангоми баъдан ошкор кардани ғайриқаноатбахш будани вазъи молиявӣ ва обрӯю эътибори моликон бекор кардани ин аҳдро талаб намояд.
  3. Бонки миллии Тоҷикистон дархостро маъқул намешуморад, агар:

1) вазъи молиявӣ, манбаи маблағҳо, боэътимодии ҳар як шахси харидори бевосита ё бавоситаи ҳиссаи иштироки афзалиятнок, аз ҷумла манфиатдори ниҳоии ин гуна ҳиссаи иштироки афзалиятнок аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ғайриқаноатбахш дониста шавад;

2) муайян карда шавад, ки чунин харидорӣ:

– рақобатро ба таври назаррас маҳдуд менамояд;

– устувории молиявии ташкилоти қарзии исломиро зери хатар мегузорад;

– манфиатҳои амонатгузорону пасандоздорон ва қарздеҳони ташкилоти қарзии исломиро зери хатар мегузорад.

  1. Шахсе, ки бевосита ё бавосита, тавассути дигар шахсон ё якҷоя бо онҳо амал карда, мехоҳад ҳиссаи иштироки афзалиятнокро дар ташкилоти қарзии исломӣ то 20 фоиз, 33 фоиз, 50 фоиз ё 75 фоизи сармоя ё мутаносибан ба ҳамин ҳиссаи саҳмияҳои овоздиҳандаи ташкилоти қарзии исломӣ ё аз он зиёд намояд, бояд на камтар аз 30 рӯз пештар Бонки миллии Тоҷикистонро ба таври хаттӣ огоҳ намояд.
  2. Ташкилоти қарзии исломие, ки аз пешниҳоди хариди ҳиссаи иштироки афзалиятнок ё пешниҳоди зиёд кардани ҳиссаи мавҷудаи он хабардор мешавад, дар ин хусус фавран ба Бонки миллии Тоҷикистон огоҳиномаи хаттӣ равон менамояд.
  3. Ташкилоти қарзии исломӣ дар ҳолати хабардор шудан дар бораи он, ки моликони вай, аз ҷумла моликони ҳиссаи иштироки афзалиятнок минбаъд шахсони аз нигоҳи касбӣ босалоҳият ва боэътимод нестанд, дар ин хусус фавран Бонки миллии Тоҷикистонро дар шакли хаттӣ огоҳ менамояд.

 

Моддаи 33. Азнавташкилдиҳии ташкилоти қарзии исломӣ

 

  1. Азнавташкилдиҳии ташкилотҳои қарзии исломӣ бо розигии пешакии Бонки миллии Тоҷикистон сурат мегирад.
  2. Ташкилоти қарзии исломӣ қабл аз азнавташкилдиҳӣ дар мӯҳлати на камтар аз 30 рӯз пеш дар ин бора ба Бонки миллии Тоҷикистон дархости пешакӣ фиристода, маълумоти заруриро манзур менамояд.
  3. Бонки миллии Тоҷикистон ба захираҳои молиявӣ, идоракунӣ ва дурнамои фаъолияти ташкилотҳои қарзии исломии амалкунанда ва навтаъсис баҳо дода, то ба шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ ҷавобгӯ гардидани ташкилотҳои қарзии исломии навтаъсис ба дархости онҳо розигӣ намедиҳад. Бонки миллии Тоҷикистон ба амали дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда дар ҳолати риоя нашудани талаботи қонунгузории зиддиинҳисорӣ розигӣ намедиҳад.

 

БОБИ 5.

ТАНЗИМИ ФАЪОЛИЯТИ  ТАШКИЛОТҲОИ ҚАРЗИИ ИСЛОМӢ

 

Моддаи 34. Қоидаҳои умумии фаъолияти ташкилотҳои қарзии  исломӣ

 

  1. Ташкилотҳои қарзии исломӣ фаъолияти худро мутобиқи талаботи Қонуни мазкур, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва иҷозатномаҳои Бонки миллии Тоҷикистон устуворона ва оқилона амалӣ менамоянд.
  2. Ташкилотҳои қарзии исломӣ корҳои зеринро иҷро менамоянд:

1) кифоятии сармоя ва пардохтпазириро нигоҳ мекунанд;

2) ҳангоми пастшавии арзиши дороиҳо фонди ҷуброни талафоти имконпазирро тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон ташкил менамоянд;

3) ҳисобдории мувофиқ ва дигар баҳисобгириро ба роҳ мемонанд;

4) барои иҷрои саривақтии ӯҳдадориҳо ва  ҷуброни зиён захираи кофӣ ташкил мекунанд;

5) назорати мукаммал ва самаранокро аз рӯи хавфҳо таъмин менамоянд;

6) барои ҷуброн дар ҳолатҳои зерин чораҳои зарурӣ меандешанд:

– беқурбшавии дороиҳо;

– пардохти ӯҳдадориҳо;

– ҷуброни талафот;

– муқаррароти ҷуброни талафоти маблағгузории исломӣ мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон;

7) бо мақсади кам кардани хавфҳо тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон низоми худии идоракунии хавфҳо ва назорати дохилиро ташкил менамоянд;

8) назорати кофиву самараноки хавфҳоро таъмин менамоянд;

9) дороиҳоро вобаста ба хавфи талафот гурӯҳбандӣ менамоянд.

  1. Ташкилотҳои қарзии исломӣ набояд сохторҳои гурӯҳиеро, ки ба амалӣ кардани назорати босамар монеъ мегарданд, ташкил намоянд. Бонки миллии Тоҷикистон қоидаҳоро барои ҷамъиятҳои вобастаи ташкилотҳои қарзии исломӣ, аз ҷумла вобаста ба талабот ба аҳдҳои байни ташкилоти қарзии исломӣ  ва ҷамъиятҳои вобастаи он, ки ҳангоми омода кардани ҳисоботи молиявии маҷмӯӣ ба ҳисоб гирифта намешаванд, муқаррар менамояд.
  2. Бонки миллии Тоҷикистон талаботеро, ки мутобиқи меъёрҳои боби мазкур барои ташкилотҳои қарзии исломии ватанӣ муқаррар шудаанд, ба филиалҳои бонкҳои исломии хориҷӣ низ татбиқ менамояд.
  3. Дар сурати ба раиси ташкилоти қарзии исломӣ маълум гардидани ҳолатҳои зерин, ӯ бояд дар ин хусус фавран дар шакли хаттӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон хабар диҳад:

– меъёри кифоятии сармояи ташкилоти қарзии исломӣ аз андозаи муқаррарнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон кам гардидааст;

– ташкилоти қарзии исломӣ аз иҷрои ӯҳдадориҳояш набаромада, мехоҳад пардохти онҳоро боздорад.

 

Моддаи 35. Меъёрҳои мақбул

 

  1. Бонки миллии Тоҷикистон барои ташкилотҳои қарзии исломӣ меъёрҳои мақбули зеринро муқаррар менамояд:

1) ҳадди ақали сармояи оинномавӣ барои ташкилотҳои қарзии исломии навтаъсис;

2) андозаи ниҳоии қисми ғайрипулии сармояи оинномавӣ;

3) андозаи ниҳоии хавф барои як қарзгир ё гурӯҳи қарзгирони ба ҳам алоқаманд;

4) меъёри кифоятии сармоя;

5) меъёри пардохтпазирии ҷорӣ;

6) меъёри хавфҳои асъорӣ, даромаднокӣ ва хавфҳои дигар;

7) меъёри истифодаи маблағҳои худии ташкилотҳои қарзии исломӣ барои харидани cаҳмияҳои (ҳиссаҳои) шахсони ҳуқуқии дигар;

8) андозаи ниҳоии қарзи исломӣ, воситаҳои маблағгузории исломӣ, кафолатҳо ва замонатҳое, ки ташкилотҳои қарзии исломӣ ба саҳмиядорони (иштирокчиёни) худ додаанд.

  1. Бонки миллии Тоҷикистон тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии худ, амалияи пешқадам ва стандартҳои байналмилалӣ, ки Шӯрои машваратии хизматрасонии бонкии исломӣ тавсия намудааст, меъёрҳои мақбул ва тартиби ҳисоби онҳоро барои ташкилотҳои қарзии исломӣ муқаррар намуда, ҳангоми амалӣ намудани назорат онҳоро истифода менамояд.
  2. Бонки миллии Тоҷикистон талаботи мутобиқи меъёрҳои боби мазкур муайяншударо, ки нисбат ба ташкилотҳои қарзии исломӣ ва бонкҳои фаръии онҳо дар заминаи назорати  маҷмӯӣ татбиқ мегарданд, муқаррар менамояд.
  3. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад меъёрҳои мақбули дигареро, ки дар таҷрибаи байналмилалии танзими фаъолияти бонкии исломӣ истифода мешаванд, муқаррар намояд.
  4. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад нисбат ба меъёри изофапулӣ, мӯҳлати пардохт ва дигар шартҳои қарздиҳии исломӣ, ки дар механизми маблағгузории исломӣ истифода мешаванд, инчунин ҷалби маблағҳо (аз ҷумла, амонату пасандоз ва саҳмияҳо) ё ӯҳдадориҳои ғайритавозунӣ низ талабот муқаррар намояд.
  5. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад меъёрҳои тафриқашудаи меъёрҳои мақбули идоракунии хавфҳо ва тартиби ҳисобкунии онҳоро аз рӯи намудҳои ташкилотҳои қарзии исломӣ муқаррар намояд.
  6. Қарори Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи тағйир додани меъёрҳо ва тартиби ҳисобкунии онҳо пас аз се моҳ баъди қабули он эътибор пайдо менамояд.
  7. Ташкилоти қарзии исломӣ сиёсати дохилии худро бо риояи ҳадди ақал ва ниҳоии хавфҳо, қоидаҳои идоракунии хавфҳо, сиёсати сармоягузорӣ ва қарздиҳӣ, инчунин дигар меъёрҳои мақбули танзими сармоя, дороиҳо, суратҳисобҳои ғайритавозунӣ ва захираҳо пеш мебарад.
  8. Ташкилоти қарзии исломӣ сиёсати дохилии идоракунии меъёрҳои мақбулро дар самтҳои зерин таҳия ва амалӣ менамояд:

1) дороиҳои пардохтпазир нисбат ба дороиҳои умумӣ ё  ӯҳдадориҳо ё тағйирёбии онҳо (аз ҷумла, кафолатҳо ва гарави гирифташуда), ба шарте ки ташкилоти қарзии исломӣ ҳуқуқи дар Бонки миллии Тоҷикистон нигоҳдории қисме аз дороиҳои пардохтпазири худро дошта бошад;

2) маблағи ниҳоии тамоми қарзҳо ва сармоягузориҳо ё қисме аз онҳо;

3) тасниф ва баҳогузории дороиҳо, ташкили захира ва фонди талафоти имконпазири дороиҳо дар заминаи чунин тасниф ва баҳодиҳӣ, инчунин муқаррар кардани мӯҳлате, ки дар доираи он даромад аз воситаҳои маблағгузории исломии ғайрифаъол наметавонад ҳамчун даромад ҳисобида шавад, ба истиснои даромад бо пули нақд;

4) шартҳои қабули амонат, пасандози исломӣ ва додани қарзи исломӣ ё маблағгузории исломӣ;

5) мамнӯиятҳо, маҳдудиятҳо ё шартҳои дигари вобаста ба:

– навъи қарзҳои исломӣ, сармоягузорӣ ва ӯҳдадориҳо, мутобиқати дороиҳо ва ӯҳдадориҳо аз рӯи мӯҳлат ва дигар шартҳои онҳо;

– мавқеи кушода:

– бо асъори хориҷӣ, металлҳо ва сангҳои қиматбаҳо;

– саҳмияҳо ва дигар коғазҳои қиматноки интиқолшаванда;

– қарордодҳои форвардӣ, созишномаи своп, фючерс, опсион ва дигар ҳосилаҳои ба асъор, саҳмияҳо, вомбаргҳо, металлҳо ва сангҳои қиматбаҳо ё қурбу меъёрҳои маблағгузорӣ дахлдошта, ки хавфи онҳо суғурта нашуда, аз меъёрҳои муқарраршуда зиёд мебошад.

 

Моддаи 36. Хавфи қарзҳои калон

 

  1. Ташкилоти қарзии исломӣ дар ҳолатҳои зерин ба шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ қарзи исломӣ намедиҳад, агар:

– маблағи умумии бақияи қарзҳои асосии ташкилоти қарзии исломӣ ба ин шахс аз 20 фоизи сармояи танзимшавандаи ташкилоти қарзии исломӣ зиёд бошад;

– маблағи умумии бақияи қарзҳои асосии калони ташкилоти қарзии исломӣ аз андозаи секаратаи маблағи сармояи танзимшавандаи ташкилоти қарзии исломӣ зиёд бошад.

  1. Муқаррароти қисми 1 моддаи мазкур дар ҳолатҳои зерин татбиқ намегардад, агар:

– аҳдҳо бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё таҳти кафолати он баста шуда бошанд;

– аҳдҳо байни ташкилотҳои қарзии исломӣ, ки мӯҳлати пардохташон  як сол ё камтар аз он аст.

  1. Бо мақсади татбиқи моддаи мазкур шахси зикршуда шахсест, ки ба шахси дигар бевосита ё бавосита вобаста аст, ки:

– устувории молиявии яке аз онҳо метавонад ба устувории молиявии шахс ё шахсони дигар таъсир расонад;

– омилҳое вуҷуд доранд, ки метавонанд ба устувории молиявии якчанд нафар ё ҳамаи онҳо таъсир расонанд;

– устувории молиявии шахси дигар (вобаста ба муносибатҳои онҳо) воқеан барои баргардонидани қарзи исломӣ ба ташкилоти қарзии исломӣ метавонад таъсир расонад.

 

Моддаи 37. Қарзи исломӣ ба шахсони вобаста

 

  1. Ташкилоти қарзии исломӣ дар ҳолатҳои зерин ба шахсони вобаста қарзи исломӣ намедиҳад, агар:

1) қарзи исломӣ ва шартҳои он аз ҷониби Шӯрои нозирон ё нисбат ба филиали бонки исломии хориҷӣ – аз ҷониби роҳбари филиал маъқул дониста нашавад;

2) ҳиссаи даромади ташкилоти қарзии исломӣ аз меъёри даромади ҷории бозор барои чунин қарзи исломӣ паст бошад;

3) қарзи исломии ба корманди роҳбарикунандаи ташкилоти қарзии исломӣ додашуда (аз ҷумла, қарзе, ки аз ҷониби як ё якчанд бонкҳои фаръии ташкилоти қарзии исломӣ дода шудааст) аз 30 фоизи даромади солонаи ин шахс зиёд бошад;

4) мӯҳлати қарзи исломӣ, барасмиятдарории он ва сифати гарави қарзи исломӣ аз қарзи исломии мавҷуда моҳиятан фарқ кунад;

5) маблағи умумии ҳамаи қарзҳои исломии ба шахси вобаста додашуда аз 10 фоизи сармояи танзимшавандаи ташкилоти қарзии исломӣ зиёд бошад.

  1. Шӯрои нозирон нисбат ба филиали бонки исломии хориҷӣ ё роҳбари филиал метавонад додани қарзи исломӣ ва шартҳои онро дар ҳолати қонеъ будан ба шартҳои зерин тасдиқ кунад:

1) қарзи исломӣ ба стандартҳои пардохтпазирӣ, ки аз дигар муштариёни дархосткунанда талаб карда мешаванд, ҷавобгӯй аст;

2) шартҳои қарзи исломӣ ба ташкилоти қарзии исломӣ нисбат ба шарти он қарзҳое, ки ба дигарон дода мешаванд, мувофиқтаранд;

3) пешниҳоди қарзи исломӣ ҳаматарафа ба манфиати ташкилоти қарзии исломӣ мебошад;

4) дар ҳолате, ки қарзи исломӣ бо гирифтани на камтар аз се ду ҳиссаи овозҳои тамоми аъзои Шӯрои нозирони ташкилоти қарзии исломии дар маҷлиси Шӯро иштирокдошта тасдиқ шуда, дар протоколи маҷлис зикр гардад.

  1. Ташкилоти қарзии исломӣ дар бораи қарзи исломии ба шахсони вобаста додашуда бо мақсади мониторинги он фавран ба Кумитаи аудити худ ҳисобот медиҳад. Ҳисобот маълумоти зеринро дар бар мегирад:

– насаб, ном ва номи падари шахси вобаста;

– маблағи қарзи исломии ба шахси вобаста додашуда.

  1. Агар ташкилоти қарзии исломӣ қарзи исломиро ба шахси вобаста бо риоя накардани шартҳои қисми 1 моддаи мазкур диҳад, он гоҳ чунин қарзи исломӣ бояд фавран бекор карда шавад ва маблағҳои дар доираи он пардохтшуда ба ташкилоти қарзии исломӣ баргардонида шаванд. Аъзои Шӯрои нозирон ё роҳбари филиали бонки хориҷии исломӣ вобаста ба вазъу ҳолати мавҷуда барои пардохти қарзи асосӣ, дигар хароҷот ва оид ба қарзе, ки бо огоҳӣ ва розигии онҳо бо риоя накардани талаботи қисми 1 моддаи мазкур дода шудааст, масъулияти шахсӣ ва муштарак ба зимма доранд.

 

Моддаи 38. Хавфи асъори хориҷӣ

 

Бонки миллии Тоҷикистон бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии худ меъёрҳои ҳадди ниҳоии мавқеи кушодаи асъорӣ ва тартиби ҳисоби онҳоро барои ташкилоти қарзии исломие, ки ҳуқуқи гузаронидани амалиёти бонкии исломӣ бо асъори хориҷиро дорад, муқаррар менамояд.

 

Моддаи 39. Маҳдудияти сармоягузорӣ

 

  1. Ташкилоти қарзии исломӣ бе розигии хаттии Бонки миллии Тоҷикистон наметавонад сармоягузориро бо роҳи хариди саҳмияҳо, вомбаргҳои ба саҳмия алоқаманд ва коғазҳои қиматноки дигар ба андозаи зиёда аз 10 фоизи сармояи танзимшавандааш анҷом диҳад. Дар ҳолатҳое, ки чунин сармоягузорӣ зиёда аз 10 фоизи сармояи танзимшавандаро ташкил медиҳад, ташкилоти қарзии исломӣ ӯҳдадор аст ҳангоми зарар надидан дар муддати кӯтоҳ (на дертар аз як моҳ) ва дар ҳар сурат дар мӯҳлати на дертар аз ду соли баъди харидани чунин коғазҳои қиматнок онҳоро фурӯшад.
  2. Мӯҳлати мазкур бо дархости ташкилоти қарзии исломӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон метавонад боз то як соли дигар тамдид карда шавад.
  3. Ташкилоти қарзии исломӣ бе гирифтани розигии пешакии хаттии Бонки миллии Тоҷикистон, ба истиснои саҳмияҳое, ки ташкилоти қарзии исломӣ дар натиҷаи анҷом додани амалиёти бонкии исломӣ соҳиби онҳо шудааст, ба саҳмияҳои дигар ташкилоти қарзӣ ё ташкилоти қарзии исломӣ молик шуда наметавонад. Дар ин ҳолат, агар Бонки миллии Тоҷикистон ба ташкилоти қарзии исломӣ барои нигоҳдории саҳмияҳои мазкур розигӣ надиҳад, ташкилоти қарзии исломӣ саҳмияҳоро ҳангоми зарар надидан дар муддати кӯтоҳ (на дертар аз як моҳ) ва дар ҳар сурат дар мӯҳлати на дертар аз ду соли баъди ба даст оварданашон мефурӯшад.
  4. Ташкилоти қарзии исломӣ ҳуқуқ надорад соҳиби молу мулк гардад, ба истиснои молу мулки манқул ва ё ғайриманқуле, ки:

– барои таъмини фаъолияти худ ва ниёзҳои иҷтимоии кормандон, аз ҷумла барои таъмини манзил зарур аст;

– барои пеш бурдани фаъолияти бонкии исломӣ зарур буда, ба  шартҳои аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон муайянгардида вобаста аст.

  1. Ташкилоти қарзии исломӣ ӯҳдадор аст молу мулкеро, ки дар рафти гузаронидани амалиёти бонкии исломӣ ба моликияташ гузаштааст, ҳангоми зарар надидан дар муддати кӯтоҳ (на зиёда аз се моҳ) ва дар мӯҳлати на дертар аз ду соли баъди ба даст оварданаш фурӯшад.
  2. Ташкилоти қарзии исломӣ қисми зиёдатии молу мулкашро ба иҷора дода метавонад, ба шарте ки ин амал ба фаъолияти ташкилоти қарзии исломӣ халал нарасонад.
  3. Ба ташкилоти қарзии исломӣ харидани саҳмияҳои ҷамъияти хориҷӣ (ғайрирезидент) бе розигии хаттии Бонки миллии Тоҷикистон манъ аст, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки ташкилоти қарзии исломӣ онҳоро дар натиҷаи анҷом додани амалиёти бонкии исломӣ соҳиб шуда бошад.

 

Моддаи 40. Реҷаи кории ташкилоти қарзии исломӣ

 

  1. Ташкилоти қарзии исломӣ бояд ба муштариён дар давоми соатҳои кории аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон тасдиқгардида хизмат расонад.
  2. Дар ҳолатҳои зарурӣ, бо мақсади таъмини суботи низоми бонкӣ ва ҳифзи манфиатҳои муштариён, Бонки миллии Тоҷикистон метавонад ба ташкилоти қарзии исломӣ дар хусуси боздоштани кор ва қатъи амалиёт супориш диҳад. Дар ин ҳолат, ташкилоти қарзии исломӣ танҳо бо иҷозати Бонки миллии Тоҷикистон аз нав ба кор шурӯъ карда метавонад.

 

Моддаи 41. Аҳд ва амалиёти шубҳанок

 

1.Ташкилоти қарзии исломӣ бо мақсади ба таври ихтиёрӣ ё ғайриихтиёрӣ ба фаъолияти ҷиноятӣ ҷалб нагардиданаш бояд ҳамеша чораҳо андешад. Ташкилоти қарзии исломӣ ӯҳдадор аст, дар бораи иҷрои ҳама гуна аҳд ва амалиёти шубҳаноки муштариёни худ (кӯшиши анҷом додани аҳд ва амалиёти шубҳанок) фавран ба мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм бо тартиби муқарраршуда хабар диҳад.

  1. Аз ҷониби ташкилоти қарзии исломӣ ифшо намудани маълумоти дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда вайронкунии талаботи сирри бонкӣ ҳисоб нашуда, он барои ин амал ҷавобгар намебошад.

 

Моддаи 42. Маҳдудияти амалиёт бо саҳмияҳо

 

  1. Ташкилоти қарзии исломӣ наметавонад таҳти гарави саҳмияҳои худ ягон хел қарз, пешпардохт, кафолатнома ё коғази қиматнок диҳад ё дигар ӯҳдадориҳоро ба зимма гирад.
  2. Ташкилоти қарзии исломӣ метавонад саҳмияҳои худро мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон харидорӣ намояд.

 

Моддаи 43. Суратҳисобҳои ғайрифаъол

 

  1. Суратҳисобҳои бонкие, ки соҳибаш дар давоми 10 соли охир ба он таваҷҷуҳ зоҳир накардааст, ба истиснои суратҳисобҳои пасандози шахсони воқеӣ, суратҳисоби ғайрифаъол дониста шуда, маблағи он бо риояи қоидаҳои дар моддаи мазкур пешбинишуда нигоҳ дошта мешавад.
  2. Ташкилоти қарзии исломӣ дар рӯзи аввали кории соли ояндаи тақвимӣ ба нишонии охирини маълумбудаи соҳиби суратҳисоби ғайрифаъол тавассути почта огоҳинома ирсол намуда, ҳамзамон дар на камтар аз ду рӯзномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ӯ эълон нашр мекунад. Агар соҳиби суратҳисоби ғайрифаъол дар давоми як моҳи баъди ирсоли огоҳинома ва нашри эълон аз худ дарак надиҳад, ташкилоти қарзии исломӣ  суратҳисоби ғайрифаъолро баста, маблағи онро барои нигоҳдории минбаъда ба суратҳисоби махсуси дар Бонки миллии Тоҷикистон кушодашуда интиқол медиҳад.
  3. Бонки миллии Тоҷикистон маблағҳои суратҳисоби махсусро ба коғазҳои қиматноки давлатӣ ва дар ҳолати набудани онҳо ба дигар коғазҳои қиматнок сармоягузорӣ менамояд. Дар давоми 20 соли дигар ҳар шахс, бо далели тасдиқкунандаи соҳибият ба ин маблағҳо, метавонад барои гирифтани онҳо ба Бонки миллии Тоҷикистон муроҷиат намояд. Баъди ба охир расидани давраи мазкур Бонки миллии Тоҷикистон маблағи дархостнашудаи чунин суратҳисобро ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба амонат нигоҳ доштан дар Хазинадории марказӣ мегузаронад.

 

Моддаи 44. Нигоҳдории ҳуҷҷат ва сабтҳо

 

  1. Ташкилоти қарзии исломӣ ҳуҷҷатҳои зеринро аз рӯи ҳар як аҳд ба мӯҳлати на камтар аз панҷ сол нигоҳ медорад:

– маълумоти шахсӣ оид ба муштарӣ;

– дархост ва ҳамаи ҳуҷҷатҳои шартномавии вобаста ба аҳдҳо (аз ҷумла, созишномаҳои қарзӣ ва кафолатҳои таъминшуда) ва қарорҳои ташкилоти қарзии исломӣ дар бораи тасдиқи аҳдҳо;

– сабти аҳдҳо бо шарикон (аз ҷумла кредитор, дебитор ва кафилон) ва  ҳуҷҷатҳои дигари гувоҳидиҳанда, ки барои маъқул донистани ин аҳдҳо асос шудаанд;

– кушодани суратҳисоби бонкии онҳо;

– дигар ҳуҷҷатҳое, ки Бонки миллии Тоҷикистон бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии худ муқаррар кардааст.

  1. Сабтҳо дар шакли хаттӣ анҷом дода мешаванд. Ташкилоти қарзии исломӣ метавонад сабт, китоби ҳисобдорӣ, ҳисобот, ҳуҷҷат, муросилот (мактубҳо), интиқоли телеграфӣ, огоҳинома ва дигар ҳуҷҷатҳои ба фаъолияти молиявии худ дахлдоштаро дар шакли мухтасар (микрофилм, махзани электронии маълумот ва дигар иттилоот) ба мӯҳлати муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷои нусхаи асл тавре нигоҳ дорад, ки низоми мувофиқ ва қоидаҳои пурра барқарорсозии маълумот дар ҳамон ҷой вуҷуд дошта бошад. Ин гуна нусхаҳои мухтасар баробари нусхаи асл эътибор доранд.
  2. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад оид ба низоми нигоҳдории ҳуҷҷатҳо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул намояд.

 

Моддаи 45. Низоми пардохт

 

  1. Ташкилоти қарзии исломӣ метавонад бо мувофиқаи Бонки миллии Тоҷикистон низоми муштараки клирингро барои интиқоли маблағ, дигар воситаҳои пардохт ва ҳисоббаробаркуниҳо таъсис диҳад.
  2. Бонки миллии Тоҷикистон бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии худ қоидаву усулҳои идоракунии низоми мазкур, аз ҷумла, намудҳои ҳисоббаробаркуниро муқаррар менамояд.
  3. Ташкилотҳои қарзии исломӣ дар сурати набудани низоми муштараки клиринг ҳисоббаробаркунии байнибонкиро бо мувофиқаи тарафҳо ё мутобиқи таҷрибаи байналмилалӣ анҷом медиҳанд.

 

БОБИ 6.

ҲИСОБДОРӢ ВА ҲИСОБОТИ МОЛИЯВӢ

 

Моддаи 46. Соли молиявӣ

 

Соли молиявии ташкилотҳои қарзии исломӣ 1 январ оғоз ёфта, 31 декабри ҳамон сол ба охир мерасад. Барои филиали бонки хориҷии исломӣ соли молиявӣ метавонад дигар бошад.

 

Моддаи 47. Пешниҳоди ҳисобот

 

  1. Бо мақсади танзим ва назорати фаъолияти ташкилотҳои қарзии исломӣ Бонки миллии Тоҷикистон бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии худ қоидаҳои ҳисобдорӣ, феҳрист, шаклҳо, тартиби таҳия ва мӯҳлати пешниҳоди ҳисоботи молиявиро муқаррар менамояд.
  2. Ташкилотҳои қарзии исломӣ (ба истиснои ташкилотҳои қарзии исломии хурд ва фондҳои қарзии исломии хурд) ӯҳдадоранд ба Бонки миллии Тоҷикистон дар баробари ҳисоботи молиявӣ инчунин маълумоти зеринро пешниҳод намоянд:

– оид ба дороиҳо ва ӯҳдадориҳо;

– оид ба риояи меъёрҳои мақбул;

– оид ба суратҳисобҳо ва нишондиҳандаҳои молиявӣ;

– ҳисоботи оморӣ дар шакли алоҳида ва дар шакли маҷмӯӣ;

– дигар иттилооти зарурӣ, ки онро Бонки миллии Тоҷикистон талаб менамояд.

  1. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад ҳангоми зарурат аз ҳар як бонки фаръӣ ё ҷамъияти вобастаи ташкилоти қарзии исломӣ барои амалӣ намудани назорати маҷмӯӣ ҳисобот талаб намояд.

 

Моддаи 48. Асосҳои ҳисобдорӣ ва таҳияи ҳисоботи молиявӣ

 

  1. Ташкилоти қарзии исломӣ бояд қоидаҳои низоми ҳисобдорӣ, аз ҷумла баҳисобгирии ҳаррӯзаи хароҷоту даромадро риоя намояд.
  2. Ташкилоти қарзии исломӣ ҳисоботи молиявии худро, ки аз тавозун, ҳисобот дар бораи фоидаву зиён, ҳисобот дар бораи гардиши маблағҳои пулӣ ва ҳисобот дар бораи тағйирот дар сармоя иборат мебошад, мутобиқи стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ ва талаботи дигари аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон муайяншуда омода менамояд.
  3. Ҳисоботи молиявӣ вазъи воқеии молиявии ташкилоти қарзии исломӣ ва филиалҳои онро инъикос намуда, маълумот дар бораи низоми идоракунии дохилии ташкилоти қарзии исломӣ, аз ҷумла ҳисоботи Шӯрои нозирони ташкилоти қарзии исломиро низ дар бар мегирад.

 

Моддаи 49. Ҳисоботи молиявии солона

 

  1. Ташкилоти қарзии исломӣ ҳисоботи молиявии солона ва дар сурати доштани як ё якчанд ташкилоти қарзии фаръии исломӣ – ҳисоботи молиявии маҷмӯии солонаро омода менамояд.
  2. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад дигар ҷамъиятҳои вобастаи ташкилоти қарзии исломӣ, аз ҷумла ҷамъияти назораткунандаи он ва ҷамъияти дигари аз тарафи ҷамъияти назораткунандаи ташкилоти қарзии исломӣ назоратшавандаро муайян кунад, ки ташкилоти қарзӣ бояд оид ба онҳо ҳисоботи молиявии маҷмӯии солона пешниҳод намояд.
  3. Филиалҳои бонки хориҷии исломӣ маълумот оид ба суратҳисобҳо ва ҳисоботи молиявии худро доир ба амалиёти солона омода намуда, бевосита ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд.
  4. Нусхаи ҳисоботи молиявии солона, аз ҷумла ҳисоботи маҷмӯии солонаи ташкилоти қарзии исломӣ, ки аз аудит гузаштааст, на дертар аз чор моҳи баъди анҷоми соли молиявӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.
  5. Бонки исломии хориҷие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як ё якчанд филиал дорад, нусхаи ҳисоботи молиявии маҷмӯии солонаи худро, ки аз аудит гузаштааст, дар мӯҳлати на дертар аз шаш моҳи баъди анҷоми соли молиявии он ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

 

Моддаи 50. Нашри ҳисоботи молиявии солона

 

  1. Ташкилоти қарзии исломӣ ҳисоботи молиявии солонаи худ, аз ҷумла ҳисоботи молиявии маҷмӯии солонаро, ки аз аудит гузаштааст, дар мӯҳлати на дертар аз як моҳ баъди гирифтани хулосаи аудиторӣ дар на камтар аз ду рӯзномаи ҷумҳуриявӣ нашр менамояд.
  2. Ташкилоти қарзии исломӣ дар дастгоҳи марказӣ ва филиалҳои худ нусхаи ҳисоботи молиявии солонаи худро, ки аз аудит гузаштааст ва рӯйхати аъзои Шӯрои нозирони худро дар ҷойи ба муштариён намоён барои шиносоӣ мегузорад.

 

БОБИ 7.

АУДИТ

 

Моддаи 51. Аудит

 

  1. Бонки миллии Тоҷикистон рӯйхати ташкилотҳои аудиториеро, ки дорои иҷозатномаи дахлдор, тахассус ва таҷрибаи кофии аудити ташкилоти қарзии исломӣ буда, метавонанд аудити ташкилоти қарзии исломиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронанд, таҳия ва нашр менамояд.
  2. Ташкилоти қарзии исломӣ аз рӯйхате, ки мутобиқи қисми 1 моддаи мазкур нашр гардидааст, ташкилоти аудиториро интихоб ва таъин менамояд.
  3. Муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» нисбат ба ташкилотҳои аудитории хориҷие, ки ба рӯйхати Бонки миллии Тоҷикистон ворид гаштаанд, татбиқ намегардад.
  4. Муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ» нисбат ба ташкилотҳои аудиторие, ки аудити ташкилоти қарзии исломиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузаронанд, бо назардошти Қонуни мазкур татбиқ карда мешавад.
  5. Ташкилоти аудиторӣ ё корманди он бояд молик, корманди роҳбарикунанда, аъзои Кумитаи хизматрасонии маблағгузории исломӣ, корманд ё намояндаи ташкилоти қарзии исломӣ набошад. Шахсе, ки дар ташкилоти қарзии исломӣ манфиат надорад, ба истиснои ҳолатҳои доштани амонат ва пасандози исломӣ дар ташкилоти қарзии исломӣ, метавонад  аудитори он интихоб ва таъин гардад.
  6. Агар ташкилоти аудиторӣ ҳангоми гузаронидани аудит соҳиби чунин манфиат дар ташкилоти қарзии исломӣ гардад, пас хизматрасонии аудитории ӯ қатъ карда шуда, ташкилоти қарзии исломӣ ташкилоти аудитории дигарро интихоб ва таъин менамояд.
  7. Ташкилоти аудиторӣ ба ташкилоти қарзии исломӣ хизматрасониҳоеро, ки бо вазифаҳои назорати дохилии ташкилоти қарзии исломӣ алоқаманданд, пешниҳод намекунад, ба истиснои хизматрасониҳои таълимие, ки дорои хусусияти доимӣ нестанд.
  8. Ташкилоти қарзии исломӣ наметавонад пайдарпай як ташкилоти аудиториро ба мӯҳлати зиёда аз се сол аудитор таъин намояд.
  9. Мутобиқи стандартҳои байналмилалии аудит ташкилоти аудиторӣ аудити ташкилоти қарзии исломиро дар асоси назорати маҷмӯӣ анҷом медиҳад ва:

1) изҳор мекунад, ки ташкилоти аудиторӣ ё ягон корманди он дар ташкилоти қарзии исломӣ ягон манфиат надорад ва талаботи қисми 5 моддаи мазкурро риоя менамояд;

2) дар риоя ва нигоҳдории қоидаҳои ташкили низоми дурусти ҳисобдорӣ ба ташкилоти қарзии исломӣ кумак мерасонад;

3) дар пешбурди низому қоидаҳои дурусти назорати молиявӣ ва идоракунии хавфҳо ба ташкилоти қарзии исломӣ кӯмак мерасонад;

4) бо дархости Кумитаи аудити ташкилоти қарзии исломӣ дар маҷлисҳои он иштирок менамояд;

5) дар давоми се моҳи баъд аз анҷоми соли молиявӣ дар бораи мукаммалӣ, холисӣ ва дурустии ҳисоботи молиявӣ хулосаи аудиторӣ ва назари аудиторӣ омода намуда, дар бораи вазъи молиявии ташкилоти қарзии исломӣ мутобиқи талаботи Қонуни мазкур ба Шӯрои нозирони ташкилоти қарзии исломӣ маълумоти муфассал пешниҳод менамояд;

6) ба Шӯрои нозирони ташкилоти қарзии исломӣ ва Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи низоми таснифи қарзҳо ва таъминнокии дороиҳои (аз ҷумла қарзҳои) шубҳанок тибқи талаботи Бонки миллии Тоҷикистон бо нишон додани камбудиҳо хулосаи ташкилоти аудиториро пешниҳод менамояд;

7) ба узви Шӯрои нозирон ва ба Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи амали корманди роҳбарикунанда, корманд ё намояндаи ташкилоти қарзии исломӣ, ки аз нигоҳи аудитор риоя накардани талаботи Қонуни мазкур ё дигар санади меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, хабар медиҳад;

8) ба узви Шӯрои нозирони ташкилоти қарзии исломӣ ва ба Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи норасоӣ ё камбудии дар идоракунӣ ё амалиёти ташкилоти қарзии исломӣ ошкоршуда хабар медиҳад.

  1. Ҳангоми таҳияи хулосаи аудиторӣ масоили зерин бояд ба назар гирифта шаванд:

– муфассал будани баёнот ва иттилооте, ки аз корманди роҳбарикунанда, корманд ё намояндаи ташкилоти қарзии исломӣ ҳангоми аудит талаб шудааст;

– ҷавобгӯй будани ташкилоти қарзии исломӣ ба талаботи низоми назорати дохилӣ ва низоми ҳисобдорӣ;

– усулеро, ки ташкилоти қарзии исломӣ барои пешбурди китобҳои ҳисобдорӣ, ҳуҷҷатҳо, ҳисобот ва фарогирии амалиёти зарурӣ оид ба мониторинг ва аудити дохилию беруна истифода мебарад;

– қобилияти кордонӣ ва ба талабот мувофиқ будани роҳбарияти ташкилоти қарзии исломӣ;

– камбудиҳои ҷойдошта, эродҳо ва тавсияҳо барои бартараф кардани онҳо, инчунин иҷрои тавсияҳо ва бартараф намудани эродҳои соли гузашта;

– дақиқ будани ҳуҷҷатҳои ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳодшуда ва мувофиқати онҳо ба мазмуни сабтҳо, китобҳои ҳисобдорӣ, низоми ҳисобдорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба ҳамин ҳуҷҷатҳо.

  1. Ташкилоти қарзии исломӣ дар мӯҳлати на дертар аз 30 рӯз баъди дастрасии хулосаи аудиторӣ ва тавсияномаи ташкилоти аудиторӣ нусхаи онҳоро ба Бонки миллии Тоҷикистон ирсол менамояд. Ташкилоти қарзии исломӣ ӯҳдадор аст, ки бо назардошти хулосаи аудиторӣ ҳисоботи молиявии ислоҳшударо ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод намояд.
  2. Пешниҳод намудани хулосаи носаҳеҳи аудиторӣ ва ё муносибати ғаразноки ташкилоти аудиторӣ бо ташкилоти қарзии исломӣ сабаби хориҷ кардани ташкилоти аудиторӣ аз рӯйхати Бонки миллии Тоҷикистон мегардад.

 

Моддаи 52. Ӯҳдадориҳои иловагӣ

 

  1. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад ба зиммаи ташкилоти аудиторие, ки аудити ташкилоти қарзии исломиро мегузаронад, ӯҳдадориҳои зеринро вогузор намояд:

– пешниҳоди маълумоти иловагӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи аудит, ки онро Бонки миллии Тоҷикистон зарур мешуморад;

– пешниҳоди ҳисобот, амалӣ кардани бозрасӣ ё иҷро намудани қоидаҳои аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон муқарраршуда;

– ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳоди ҳисобот дар бораи ҳисобдорӣ ва назорати дохилӣ;

– таъмини иштироки намояндагон дар баррасии хулосаи аудитории ташкилоти қарзии исломӣ бо даъвати Бонки миллии Тоҷикистон;

– додани хулоса оид ба ҷавобгӯ будани чораҳои мубориза бар зидди қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ё маблағгузории терроризм, ки ташкилоти қарзии исломӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон андешидааст.

  1. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад аз ташкилоти қарзии исломӣ пешниҳод намудани ҳисобот оид ба риояи стандартҳои фаъолияти бонкии исломиро аз ҷониби Кумитаи хизматрасонии маблағгузории исломӣ талаб намояд. Он ҳамчунин метавонад аз Кумитаи хизматрасонии маблағгузории исломии ташкилоти қарзии исломӣ маълумоти иловагии алоқаманд ба ҳисоботи иҷро намудани стандартҳои фаъолияти бонкии исломиро талаб намояд.
  2. Хароҷоти иҷрои ӯҳдадориҳои иловагӣ ба зиммаи ташкилоти қарзии исломӣ вогузор карда мешавад.

 

Моддаи 53. Масунияти ширкати аудиторӣ

 

  1. Ташкилоти аудиторӣ риояи талаботи махфияти касбӣ ва сирри бонкиро дар ташкилоти қарзии исломӣ арзёбӣ менамояд.
  2. Ташкилоти аудиторӣ барои мутобиқи талаботи Қонуни мазкур пешниҳод намудани маълумоти дорои сирри бонкӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон ҷавобгар намебошад.
  3. Ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод намудани маълумоти дар бандҳои 7) ва 8) қисми 9 моддаи 51 Қонуни мазкур пешбинигардида аз ҷониби ташкилоти аудиторӣ риоя накардани ӯҳдадории сирри маълумот дониста намешавад.

 

БОБИ 8.

МАХФИЯТ

 

Моддаи 54. Сирри бонкӣ

 

  1. Маълумот дар бораи фаъолият ва ҳолати молиявии муштарӣ, ки ба ташкилоти қарзии исломӣ ҳангоми хизматрасонӣ ва муносибат бо муштарӣ ё бо шахси сеюм маълум шудааст ва ошкор кардани он мумкин аст ба муштарӣ зиёни моддӣ ва маънавӣ расонад, сирри бонкӣ мебошад.
  2. Маълумоти зерин сирри бонкӣ маҳсуб мешавад:

– дар бораи мавҷудияти суратҳисоби бонкӣ, соҳибони онҳо, дар бораи маблағҳои пулии дар онҳо мавҷуда ва амалиёти бо ин суратҳисобҳо иҷрошавандаи муштариён;

– дар бораи интиқоли маблағҳои пулӣ аз тарафи шахсони воқеӣ бе кушодани суратҳисоб ва дар бораи фиристандагони (гирандагони) онҳо;

– дар бораи маблағҳои пулӣ ва ашёи қиматбаҳои муштарӣ, ки дар ташкилоти қарзии исломӣ нигоҳ дошта мешаванд.

  1. Маълумоте, ки ба сирри бонкӣ мансуб мебошад, аз ҷониби ташкилоти қарзии исломӣ танҳо ба шахсони зерин дода мешавад:

1) ба соҳиби суратҳисоби бонкӣ ва соҳиби ашёи қиматбаҳо ё намояндаи онҳо;

2) ба фиристандагон ва гирандагони интиқолҳои пулӣ;

3) ба Бонки миллии Тоҷикистон бо талаби он;

4) ба Палатаи ҳисоби Ҷумурии Тоҷикистон вобаста ба аудити муштарии ташкилоти қарзии исломӣ дар асоси мактуби Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон;

5) ба судҳо дар асоси қарори (таъиноти) суд (судя);

6) ба иҷрочии суд дар асоси қарори иҷрочии суд вобаста ба ҳуҷҷати иҷро;

7) ба бюрои таърихи қарз мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

8) ба мақомоти таҳқиқу тафтишоти пешакӣ ва прокуратура аз рӯи парвандаҳои ҷиноятӣ нисбат ба муштариёни ташкилоти қарзии исломӣ – дар асоси қарори (таъиноти) суд (судя) мутобиқи Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

9) ба мақомоти андоз аз рӯи масъалаи пардохти андози шахсони ҳуқуқӣ дар асоси мактуби роҳбари мақомоти андоз бо пешниҳоди нусхаи фармони мақомоти андоз оид ба санҷиши онҳо.

  1. Муқаррароти мазкур дар ҳолати бо сабабҳои гуногун қатъ гардидани муносибатҳо байни муштарӣ ва ташкилоти қарзии исломӣ низ эътибори худро гум намекунанд.
  2. Маълумот дар бораи сирри бонкӣ дар сурати вафоти муштарӣ дода мешавад:

– ба шахсоне, ки аз тарафи муштарӣ дар васиятнома зикр шудаанд;

– ба судҳо, идораи нотариалӣ ва консулгариҳои хориҷӣ аз рӯи парвандаҳои меросии муштарии фавтида.

  1. Ифшои сирри бонкӣ бе риояи шартҳои дар қисми 3 моддаи мазкур муқарраршуда манъ аст, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур.
  2. Ташкилотҳои қарзии исломӣ бо мақсади таъмини амнияти молу мулк ва сирри бонкӣ ҳуқуқ доранд хадамоти махсус таъсис диҳанд ва бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи силоҳ» силоҳ ва воситаҳои зарурии техникиро дастрас намуда, истифода баранд.
  3. Маблағҳои дар суратҳисоби бонкӣ ё маблағҳо ва дороиҳои дигари дар ташкилотҳои қарзии исломӣ нигоҳдошташаванда дар асоси қарори (таъиноти) суд (судя), қарори иҷрочии суд вобаста ба ҳуҷҷати иҷро ҳабс карда мешаванд.
  4. Ҳангоми ҳабс намудани маблағҳои пулии дар суратҳисобҳои бонкӣ буда, ташкилоти қарзии исломӣ фавран амалиёти додани онро дар доираи маблағе, ки ҳабс карда шудааст, қатъ менамояд.
  5. Ҳангоми ҳабс намудани ашёи қиматбаҳои дигаре, ки дар ташкилоти қарзии исломӣ нигоҳ дошта мешаванд, ташкилоти қарзии исломӣ додани онҳоро ба соҳибонаш қатъ менамояд.

 

Моддаи 55. Ҳифзи сирри бонкӣ аз ҷониби кормандони ташкилоти қарзии исломӣ ва

                        шахсони сеюм

 

  1. Аз ҷониби кормандони роҳбарикунанда, кормандон ва намояндагони  амалкунанда ё собиқи ташкилоти қарзии исломӣ пешниҳод намудани сирри бонкӣ ба шахси сеюм, ошкор кардан ё додани имконият барои таҳлили он манъ аст, ба истиснои ҳолатҳое, ки мувофиқи Қонуни мазкур иҷозат дода шудаанд.
  2. Маҳдудият ҳамчунин ба кормандон ва нозирони Бонки миллии Тоҷикистон ва шахсоне, ки аз ҷониби он барои санҷиш мутобиқи моддаи 58 Қонуни мазкур таъин гардидаанд, инчунин ба шахсоне, ки чунин иттилоот ё маълумотро бо тақозои касб, вазифа ё фаъолияти худ мустақиман ё ғайримустақиман таҳқиқ менамоянд, тааллуқ дорад.

 

Моддаи 56. Ҳолатҳои истисноӣ

 

Талаботи моддаҳои 54 ва 55 Қонуни мазкур дар ҳолатҳои зерин татбиқ намегарданд:

1) ҳангоми иҷрои вазифаҳое, ки тибқи Қонуни мазкур ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ба уҳдаи ташкилоти аудиторӣ вогузор карда шудаанд;

2) нисбат ба маълумот ва ҳуҷҷатҳое, ки тибқи Қонуни мазкур ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон бинобар иҷрои вазифаҳои он талаб карда мешаванд;

3) ҳангоми андешидани тадбирҳо ва иҷрои вазифаю ӯҳдадориҳо ё чораҳои дигари зидди қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар шудаанд;

4) ҳангоми додани тасдиқнома ё огоҳинома сабабҳои рад кардани пардохти чек бо талаби соҳиби қонунии он;

5) ҳангоми пешниҳоди маълумот дар хусуси қарздории муштарӣ ҷиҳати муайян намудани эътимоднокии баргашти қарз, чекҳои қалбакӣ ва оид ба аҳдҳои дигаре, ки Бонки миллии Тоҷикистон барои таъмини устувории низоми бонкӣ зарур меҳисобад;

6) ҳангоми аз тарафи ташкилоти қарзии исломӣ ошкор намудани маълумот дар бораи аҳдҳои муштариён бо мақсади исботи талаби худ дар баҳси судӣ;

7) нисбат ба маълумоте, ки аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ба дигар мақомоти назораткунанда пешниҳод мегардад.

 

Моддаи 57. Ҳифзи маълумоте, ки аз ҷониби ташкилоти қарзии исломӣ пешниҳод шудааст

 

  1. Маълумоте, ки аз ташкилоти қарзии исломӣ оид ба муштарӣ, аҳдҳои муштарӣ ва дигар маълумоти муфассал дар хусуси муносибатҳои он бо муштариён ҷамъ оварда шуда, махфӣ нигоҳ дошта мешавад, танҳо бо розигии ташкилоти қарзии исломӣ ё мувофиқи Қонуни мазкур ошкор карда мешавад.
  2. Дар Бонки миллии Тоҷикистон дастрасӣ ба ин гуна маълумот танҳо ба он кормандоне дода мешавад, ки дорои ваколати дахлдор мебошанд.
  3. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад маълумоти ифшошавандаи аз ташкилотҳои қарзии исломӣ гирифташударо пурра ё қисман нашр намояд.
  4. Бонки миллии Тоҷикистон бе розигии ташкилоти қарзии исломӣ тафсилоти амалиёти ташкилоти қарзии исломиро ифшо менамояд, агар чунин тафсилот дар ҳисоботи молиявии аз ҷониби Шӯрои нозирони ташкилоти қарзии исломӣ тасдиқшуда дарҷ шуда бошад ё то ин вақт дастраси умум гардида бошад.

 

БОБИ 9.

НАЗОРАТ ВА САНҶИШ

 

Моддаи 58. Назорат ва санҷиш

 

  1. Бонки миллии Тоҷикистон аз болои ташкилотҳои қарзии исломӣ бо тартиби зерин назорати маҷмӯӣ мебарад:

– ҳисобот, ҳуҷҷатҳо, тавзеҳот, баёнот, далелҳо ва маълумоти аз ҷониби ташкилоти қарзии исломӣ  тибқи Қонуни мазкур пешниҳодшударо баррасӣ менамояд;

– аз ташкилотҳои қарзии исломӣ ва бонкҳои фаръӣ ва ҷамъиятҳои вобастаи онҳо дар шакли хаттӣ пешниҳод ва тасдиқ намудани  маълумоти иловагӣ, ҳисобот, ҳуҷҷатҳо, тавзеҳот, баёнот ва ё далелҳоро талаб менамояд;

– дар хусуси вазъи молиявӣ, манбаи маблағҳои пулӣ, нуфузу эътибори саҳмиядорони бевосита ё бавоситаи ташкилоти қарзии исломӣ ва оид ба шахсе, ки барои соҳиб шудан ба 10 фоизи саҳмияҳои ташкилоти қарзии исломӣ ва зиёда аз он муроҷиат менамояд, маълумот талаб менамояд;

– санҷиши ташкилоти қарзии исломӣ, бонкҳои фаръӣ ва ҷамъиятҳои вобастаи онро тавассути корманд ё кормандони худ ё шахсоне, ки бо ин мақсад аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон таъин шудаанд, анҷом медиҳад.

  1. Санҷиш баррасии фаъолияти ташкилоти қарзии исломиро барои муайян кардани вазъи молиявии он, инчунин мувофиқати фаъолияти ташкилоти қарзии исломӣ ба талаботи Қонуни мазкур, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ва  санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистонро дар бар мегирад.
  2. Бонки миллии Тоҷикистон на камтар аз як маротиба дар як сол санҷиши ҳамаҷонибаи ҳар як ташкилоти қарзии исломиро анҷом медиҳад, ба истиснои намояндагиҳо, ки дар мӯҳлати на камтар аз як маротиба дар ду сол санҷида мешаванд.
  3. Шахсони тибқи моддаи мазкур барои гузаронидани санҷиш таъиншуда барои риояи талаботи сирри бонкӣ масъул мебошанд. Кормандони роҳбарикунанда, кормандон ва намояндаи ташкилоти қарзии исломӣ ё бонки фаръӣ ва ҷамъиятҳои вобастаи он вазифадоранд дастрасии шахсони мазкурро ба ҳамаи утоқҳои корӣ, аз ҷумла ба кассаҳо, хазинаҳо ва ганҷхонаҳо, китобҳои ҳисобдорӣ, суратҳисобҳо, ҳуҷҷатҳо, сабтҳо, аз ҷумла сабтҳои электронӣ таъмин намоянд.
  4. Маълумот, аз ҷумла маълумоти дорои сирри бонкӣ, ки аз ҷониби санҷишгарон талаб карда мешавад, бояд аз ҷониби ташкилоти қарзии исломӣ сари вақт пешниҳод гардад. Кормандони роҳбарикунандаи ташкилоти қарзии исломӣ вазифадоранд, ки дар гузаронидани санҷиш ҳамаҷониба мусоидат намоянд.
  5. Бонки миллии Тоҷикистон Шӯрои нозирони ташкилоти қарзии исломиро оид ба натиҷаҳои санҷиш огоҳ месозад.
  6. Тартиби гузаронидани санҷиш, ҷамъбаст ва пешниҳоди натиҷаҳои он бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.
  7. Мақомоти андоз метавонанд аз рӯи масъалаҳои пардохти андоз аз фаъолияти бонкии исломӣ санҷиши ташкилоти қарзии исломиро гузаронанд.
  8. Аудити фаъолияти молиявию хоҷагидории ташкилотҳои қарзии исломии давлатиро Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузаронад. Аудити ташкилотҳои қарзии исломӣ, аз ҷумла ташкилотҳои қарзии исломии давлатӣ аз ҷониби Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми хизматрасонии маблағҳои буҷети давлатӣ, фондҳои давлатӣ ва қарзи давлатӣ гузаронида мешавад.
  9. Мақомоти дигари давлатӣ наметавонанд фаъолияти ташкилоти қарзии исломиро санҷиш намоянд. Муносибати байни онҳо ва ташкилоти қарзии исломӣ бо тартибе, ки моддаи 54 Қонуни мазкур муқаррар кардааст, сурат мегирад.

 

Моддаи 59. Чораҳои фаврии ислоҳӣ ва таъсиррасонӣ

 

Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» нисбат ба ташкилотҳои қарзии исломӣ чораҳои фаврии ислоҳӣ ва таъсиррасониро татбиқ менамояд.

 

БОБИ 10.

МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 

Моддаи 60. Баррасии баҳсҳо

 

  1. Ташкилотҳои қарзии исломӣ метавонанд нисбат ба қарорҳои Бонки миллии Тоҷикистон, тибқи тартиби муқарраргардида ба Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 30 рӯз аз рӯзи гирифтани онҳо дар ҳолатҳои зерин шикоят намоянд:

– агар аризаи онҳо барои гирифтани иҷозатнома аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон рад карда шавад;

– дар ҳолатҳои татбиқи чораҳои ислоҳӣ ва таъсиррасонӣ.

  1. Пешниҳоди шикоят ба Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон амали қарори Бонки миллии Тоҷикистонро боз намедорад.

 

Моддаи 61. Ҳимояи манфиатҳои муштариён

 

  1. Муносибати муштариён бо ташкилоти қарзии исломӣ дар асоси шартнома сурат мегирад.
  2. Мӯҳлат ва меъёри фоидаи қарзи исломӣ, амонату пасандозҳои исломӣ, инчунин ҳаққи хизматрасонӣ аз тарафи ташкилоти қарзии исломӣ дар шартнома бо муштарӣ муқаррар карда мешаванд.
  3. Пеш аз оғози хизматрасониҳо ташкилоти қарзии исломӣ ба муштарии худ ҳатман дар бораи талаботи зикргардида, аз ҷумла дар бораи ҳаққи хизмат, меъёри фоида ва дигар хароҷоти иловагии муштарӣ хабар медиҳад.
  4. Ташкилоти қарзии исломӣ ӯҳдадор аст интиқоли маблағи муштарӣ ва ба суратҳисоби вай гузаронидани маблағро на дертар аз рӯзи дигари гирифтани ҳуҷҷати дахлдори пардохт амалӣ намояд, агар дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартнома ё ҳуҷҷати пардохт мӯҳлати дигар муқаррар нашуда бошад.
  5. Дар сурати дер ё нодуруст ба суратҳисоби муштарии худ гузаронидан ё аз он хориҷ кардани маблағҳои пулӣ, ташкилоти қарзии исломӣ бояд барои ҳар рӯзи таъхир ба муштарӣ аз рӯи маблағи мӯҳлати пардохташ батаъхирафтода мувофиқ ба меъёри бозтамвили Бонки миллии Тоҷикистон ҷарима диҳад.
  6. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар интихоби ташкилоти қарзии исломӣ озод мебошанд ва метавонанд дар як ё якчанд ташкилотҳои қарзии анъанавӣ ё ташкилотҳои қарзии исломӣ суратҳисоби бонкии худро кушоянд.
  7. Ташкилоти қарзии исломӣ ӯҳдадор аст, ки бо талаби аввалини муштарӣ дар бораи доштани иҷозатнома, тартиби гузаронидани амалиёти бонкии исломӣ, дар бораи хавф ва хароҷоти имконпазир, ки бо гузаронидани амалиёт алоқаманданд, инчунин оид ба тавозуни муҳосибавӣ, ҳисобот дар бораи фоида, зиён ва хулосаи аудитории соли гузашта маълумот пешниҳод намояд.
  8. Ташкилоти қарзии исломӣ ҳуқуқ надорад меъёри фоидаи қарзҳои додашуда, амонатҳо, пасандозҳо, ҳаққи хизмат ва мӯҳлати амали шартномаҳои бо муштариён басташударо яктарафа тағйир диҳад, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар шартномаи бо муштариён басташуда пешбинӣ гардидаанд.
  9. Ташкилоти қарзии исломӣ ҳангоми пешниҳоди қарз ва ё дигар хизматрасонӣ ҳуқуқ надорад дар назди муштарӣ шарт гузорад, ки ба таври ҳатмӣ аз дигар хизматрасониҳои ҳамин ташкилоти қарзии исломӣ ё муассисаҳои он истифода барад.
  10. Нисбат ба талаботи ташкилотҳои қарзии исломӣ дар бораи баргардонидани қарзҳои исломии додашуда мӯҳлати панҷсолаи даъво муқаррар карда мешавад.

 

Моддаи 62. Муқаррароти хотимавӣ

 

Муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд» нисбат ба ташкилотҳои қарзии исломӣ дар он қисме татбиқ мегарданд, ки ба муқаррароти Қонуни мазкур мухолифат надошта бошанд.

 

Моддаи 63. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

 

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 64. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

 

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                        Эмомалӣ РАҲМОН

 

ш. Душанбе, 26 июли соли 2014,

№ 1108

 

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …