Главная / Гуногун / ПРИНСИПИ ФОН НЕЙМАН

ПРИНСИПИ ФОН НЕЙМАН

Орзуҳои Беббиx тақрибан пас аз гузаштани 100 сол дар ҳаёт амалӣ гаштанд. Соли 1937 профессори университети Айоваи ИМА – булuор Xон Атанасов ба сохтани мошини ҳисоббарорие сар кард, ки он барои ҳалли масъалаҳои физикаи математикӣ пешбинӣ шуда буд.

Тақрибан дар ҳамон сол лоиҳаи мошини релегиро корманди донишгоҳи Гарварди ИМА Говард Айткен пешниҳод намуд. Ин мошин Mark-1 номида шуд ва соли 1944 аз тарафи фирмаи IBM сохта шуд. Вале он низ мошини электронӣ набуда, балки электромеханикӣ буд. Танҳо соли 1946 дар ИМА аввалин МЭҲ бо номи ENIAC сохта шуд, ки муалли фони он кормандони донишгоҳи Пенсилвания Преспер Эккерт ва Xон Мочли буданд.

Қадами навбатии хеле муҳимро дар пешрафти МЭҲ математики барxастаи амрикоӣ Xон фон Нейман гузоштааст.

E соли 1945 аввалин шуда пешниҳод намуд, ки дар баробари маълумоти ададии додашуда, программаи коркарди ин маълумот низ ба хотираи мошин дохил карда шавад. Акнун имконият пайдо шуд, ки ба программа низ ҳамчун ба объект таъсир расонида шавад.

Фон Нейман ғояи худро дар шакли мақола ба олимони ҷаҳон паҳн намуд. Дар мақола ў ба таври хеле содда ва фаҳмо принсипҳои кори таҷҳизоти универсалии ҳисоббарориро маънидод намуд, ки онҳо бо номи принсипи фон Нейман машҳур гаштаанд.

Аз ҷумла, фон Нейман дар мақола овардааст, ки компютер бояд аз қисмҳои зерин иборат бошад:

  1.  қисми арифметикӣ-мантиқӣ. Бо ёрии ин қисм ҳамаи амалҳои арифметикӣ ва мантиқӣ иҷро карда мешаванд;
  2.  қисми идоракунӣ. Бо ёрии ин қисм дигар қисмҳои компютер идора ва раванди иҷрошавии программа назорат карда мешавад;
  3.  қисми хотира. Бо ёрии ин қисм программа ва маълумотҳо захира ва нигоҳ дошта мешаванд;
  4.  қисмҳои беруна. Бо ёрии ин қисмҳо информатсия ба компютер дохил ва хориҷ карда мешаванд.

Хотираи компютер бояд аз якчанд ячейкаҳои рақамдор иборат бошад, ки дар ҳар кадоми онҳо ё маълумотҳои коркардашаванда ё командаҳои программа нигоҳ дошта мешаванд. Ҳамаи ячейкаҳои хотира бояд ба таври оддӣ ва хеле содда дастраси дигар қисмҳои компютер бошанд.

Алоқамандии қисмҳои компютерро фон Нейман чунин тасвир намудааст:

Дар схема бо ёрии сигналҳои идоракунӣ ва бо ёрии сигналҳои информатсионӣ ишора карда шудаанд. Бо ёрии сигналҳои идоракунӣ қисми идоракунии компютер

ҳамаи қисмҳои дигари онро идора менамояд ва бо ёрии сигналҳои информатсионӣ бошад, вай раванди интиқоли информатсияро дар байни қисмҳои компютер ба танзим меорад. Тарзи кори компютер дар намуди умумӣ чунин аст.

Аввал бо ёрии ягон қисми беруна ба хотираи компютер программа дохил карда мешавад. Қисми идоракунӣ аз ячейкаи хотира, ки дар он командаи якуми программа нигоҳ дошта шудааст, информатсияро ҷеғ мезанад ва иҷрошавии онро ташкил менамояд. Ин команда метавонад ё иҷрошавии ягон амали арифметикӣ ё амали мантиқӣ, ё аз хотира хондани ягон маълумот, ё ба хотира сабт намудани натиҷаҳо, ё ба воситаи қисми дохилкунӣ ба хотира ворид намудани маълумотҳо, ё аз хотира ба қисми хориҷкунӣ содир намудани маълумотҳо ва ғайраҳо бошад.

Пас аз иҷрои як команда, қисми идоракунӣ ба иҷрои командаи навбатии программа шурўъ менамояд. Ҳамин тариқ, қисми идоракунӣ пай дар пай командаҳои программаро ба таври автоматӣ, яъне бе иштироки одам, иҷро намуда масъалаи дар наздаш гузошташударо ҳал менамояд.

Аввалин компютери дар асоси принсипи Ҷон фон Нейман коркунанда, соли 1949 дар Англия аз тарафи Морис Уилкс ихтироъ карда шудааст. Бо ҳамин асри МЭҲ қадамҳои аввалини худро гузошт. Аксарияти мамлакатҳои тараққикардаи xаҳон ба сохтани мошинҳои электронии ҳисоббарор сар карданд. Аз xумла, аввалин мошини англисӣ бо номи EDSAC соли 1949, мошини русӣ бо номи МЭСМ соли 1951 ва uайраҳо сохта шуданд.

Соли 1954 дар тамоми xаҳон тақрибан 100 МЭ{ буд. Дар солҳои минбаъда бошад миқдори онҳо бо суръати хеле баланд зиёд мешуд:

  •  соли 1965 – 40 000 адад
  •  соли 1974 – 215 000 адад
  •  соли 1978 – 580 000 адад
  •  соли 1983 – қариб 2 000 000 адад
  •  ҳоло бошад, миқдори онҳо ба якчанд миллионҳо расидааст.

Саволҳо:

  1. Аввалин компютер чӣ ном дошт, кай ва дар куҷо сохта шудааст?
  2. Принсипи фон Нейман аз чӣ иборат аст?
  3. Компютерҳои дар асоси принсипи фон Нейман сохташуда аз кадом қисмҳо иборатанд?
  4. Сохти хотираи компютер чӣ гуна аст?
  5. Ба таври автоматӣ иҷрокунии командаҳо чӣ маъно дорад?

Супориш:

  1. Матни мавзўъро бодиққат хонед ва онро нақл кунед.
  2. Номи якчанд компютерҳои аввалинро номбар кунед ва гўед, ки онҳо дар куҷо сохта шудаанд.
  3. Дар синфхонаи компютерӣ бо қисмҳои компютер шинос шавед ва гўед, ки кадом қисм барои иҷрокунии кадом вазифа пешбинӣ карда шудааст.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …