Главная / Без рубрики / Намояндаи агентӣ дар тӯй «ҳам ош хӯрда ва ҳам ба навор бардоштааст»

Намояндаи агентӣ дар тӯй «ҳам ош хӯрда ва ҳам ба навор бардоштааст»

Собиқ мудири Китобхонаи миллӣ аввалин ходими давлатӣ шуд, ки аз рӯи қонуни танзим муҷозот ва аз мақомаш барканор шуд.

Сайфиддин Назарзода, мудири собиқи Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ки барои нақзи қонуни танзим муттаҳам мешавад, дар мурофиаи додгоҳӣ ҳозир шуд.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, дар мурофиаи додгоҳии рӯзи 21 сентябр Сайфиддин Назарзода ҳамроҳ бо қудояш Тоҷиддин Ҳабибуллоев талош карданд, иштибоҳӣ будани далелҳои Оҷонсии зидди корупсияро собит кунанд.

Ҷониби айбдоркунандаро намояндаи Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия муаррифӣ мекард.

Баҳси аслӣ сари шумораи меҳмонони туйи арӯсии писари Назарзода буд, ки ба бовари мақомот бештар аз андозаи дар қонун муайяншуда буд, вале ба таъкиди худи Назарзода – ҳеҷ хилофи меъёр набуд. Ба ҷараёни мурофиа хабарнигорон бидуни дастгоҳҳои сабти садо ворид шуданд.

Назарзода ба ҳимояти худ гуфт, ки тӯи “оши наҳор”-ро, ки аз ҷониби Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия сабт шуда буд, қудояш – падари арӯс ташкил кард ва худи ӯ дар ин маърака меҳмоннавоз буд ва дар назди дар меҳмононро “хушомадед” мегуфт.

Назарзода гуфт, ки дар маъракае, ки дар хонаи домод гузашт, 50 нафар ва дар “оши наҳор”-и хонаи арӯс 70 нафар даъват шуд. Тоҷиддин Ҳабибуллоев қудои Назарзода ҳарфҳои ӯро тасдиқ мекард ва дар ҷараёни муофиа аз ҷумла бо як савол ба намояндаи Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия муроҷиат кард, ки “чӣ гуна кормандони ин сохтор бидуни ҳузури намояндаҳои бахши танзими Кумитаи дин ҷараёни туйро пинҳонӣ сабт кардаанд?”

Назарзода гуфт, намояндаи оҷонсӣ дар туй “ҳам ош хӯрда ва ҳам ба навор бардоштааст”, аммо намояндаи Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ин гуфтаҳоро рад кард ва гуфт, на ӯ ва на ҳамкораш оши ин тӯйро начашидаанд.

Сайфиддин Назарзода гуфт, намояндаҳои оҷонсӣ бархе меҳмононро такрорӣ сабт карда дар видео шумори меҳмонони маъракаро бештар аз андозае намоиш додаанд, ки қонуни танзим талаб мекунад. Вале корманди оҷонсӣ дар додгоҳ исрор меварзид, ки назораи онҳо дар беруни дарвоза ва ҳам дар дохил нишон медод, ки теъдоди меҳмонон бештар аз шумораи дар қонун пешбинишуда будааст.

 

Инчунин кобед

Табрикоти 8 март рузи модарон бонувон занон

Табрикоти иди модарон 8-уми март – Бонувон!

Ба муносибати иди Модар табрикот! Муҳтарам, Модарон, апаҳо, хоҳарон ва ҷумла бонувони мардуми Тоҷикистон! Шуморо …