Главная / Ҷамъият / КОНСЕПСИЯИ РУШДИ ОИЛА ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

КОНСЕПСИЯИ РУШДИ ОИЛА ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ КОНСЕПСИЯИ РУШДИ ОИЛА ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Мутобиқи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва бо мақсади татбиқи банди 6 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба “Рўзи Модар”- ва эълон шудани “Соли оила” баён намуданд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

  1. Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
  2. Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳангсози татбиқи Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шавад.
  3. Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлон ва Суғд, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иҷрои Консепсияи мазкурро дар доираи маблағҳои пешбининамудаи Буҷети давлатӣ ва дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, таъмин намуда, аз натиҷаи иҷрои он ҳар нимсола ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.
  4. Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷараёни иҷрои Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                    Эмомалӣ Раҳмон

аз 30 декабри соли 2015, № 801

ш.Душанбе

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …