Главная / Маданият ва санъат / Дуои «Фатҳи ома»

Дуои «Фатҳи ома»

Аз Ҳазрати Зиндафил (paҳ) нақл карда шудааст: Ҳар кӣ ин дуоро бо ихлоси дуруст бихонад, Худои таоло ӯро аз шарру макри ҳосидон ва аз балоҳои охируззамон дар ҳифзу ҳимояти худ нигоҳ дорад ва ӯро чаҳор чиз каромат фармояд: Аввал, умри дароз. Дуввум, ризқи фаровон. Саввум, хайру баракат дар касбу кор. Чаҳорум, имон ба саломат. Дуои «Фатҳнома» ин аст:

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

«Аллоҳумма-фтаҳ лано абвоба-л-хайри ва-л-баракати фӣ-л-умри, иннака Анта-л-Ваҳҳобу. Ё Азизу, ё Ғаффору, ё Кариму, ё Саттору, фаллоҳу хайрун ҳофизо, ва Ҳува Арҳаму-р-роҳимин. Ва саллаллоҳу таоло ало хайри халқиҳи Муҳаммадив-ва олиҳи ва асҳобиҳи-т-тайибина-т-тоҳирин. Бираҳматика ё Арҳама-р-роҳимин».

*                   *                     *

Барои кушоиши ризқ бояд ба вақти субҳ як саду як бор ин дуоро бихонад. Дуо ин аст:

«Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳи-л-Алийю-л-Азим».

Ва низ дар ҳадис омада, ки гуфт Пайғамбар (с): “Ҳар кӣ гӯяд ҳар рӯз сад бор «Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳи-л-Алийю-л-Азим», нарасад ӯро фақр».

*                   *                     *

Агар касе хоҳад, ки тавонгар гардад, пас, ҳар рӯз байни суннат ва фарзи намози бомдод сад бор ин дуоро бихонад. Дуо ин аст:

«Субҳоналлоҳи ва би-ҳамдиҳи, Субҳоналлоҳи-л-Азиму ва би-ҳамдиҳи, ва ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳи-л- Алийю-л-Азим».

*                   *                     *

Ҳазрати Алӣ (раз) фармудаанд, ки: «Ҳар кас ин дуоро баъди ҳар намоз ҳафтод бор бихонад ва дар рӯзи ҷумъа баъди ҳар намоз ҳафтод бор бихонад, агар қарзаш ба сони куҳ бошад ҳам Худованд наҷоташ медиҳад. Дуо ин аст:

«Аллоҳумма-кфинӣ би-ҳалолика ан ҳаромика ва агнинӣ би-фазлика амман сивок».

*                   *                     *

Ҳазрати Муҷаддиди алфи сонӣ Имом Раббонӣ Шайх Ахмади Сарҳиндӣ (paҳ) мефармояд, ки: «Барои ҳалли мушкилот рӯзона панҷсад маротиба бигӯед:

«Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳи-л-Алийю-л-Азим».

Ва дар аввалу охир сад маротибагӣ дуруди шарифро бихонед, баъд аз он бо тазарруъу зорӣ дуо кунед, иншоаллоҳ, ҳар гуна мушкил ҳал хоҳад шуд».

*                   *                     *

Ҳар кӣ ин салавотро саду ёздаҳ бор бихонад, анқариб ба мақсад бирасад. Салавот ин аст:

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

«Аллоҳумма салли ало саййидино Муҳаммади-в-ва ало оли сайидино Муҳаммадин салотан тунҷино биҳо мин ҷамеъи-л-аҳволи ва-л-офоти ва тақзӣ лано биҳо мин ҷамеъи-л-ҳоҷоти ва тутахҳируно биҳо мин ҷамеъи-с-сайиоти ва тарфауно биҳо индака аъла-д-дараҷоти ва тубаллигуно биҳо ақса-л-ғоёти мин ҷамеъи-л-хайроти фӣ-л-ҳаёти ва баъда-л-мамот».

Ва ин ду салавотро дувоздаҳ бор бихонад. Дуруд ин аст:

«Аллоҳумма салли ало сайидино ва набийино Муҳаммадив-ва ало оли Муҳаммадин фӣ-л-аввалина ва-л-охирина аа фӣ-л-малаи-л-аъло ило явмиддин».

«Аллоҳумма салли ало саййидино ва набиййино Муҳаммадив-ва ало оли Муҳаммадив-ва асҳобиҳи биадади кулли доив-ва давоив-ва ранҷив-ва шифо».

*                   *                     *

Агар касеро савдо ва корҳои хариду фурӯш ривоҷ наёбад, пас, ҳар рӯз ҳазор бор истиғфор:

«Астағфируллоҳа-л-Лазӣ ло илоҳа илло Ҳува-л-Ҳайю-л-Қайюму ва атубу илайҳи ва асъалуҳу-т-тавбаҳ».

-гуфта, салавоти зеринро ҳам ҳазор бор бихонад, иншоаллоҳ ба мақсад мерасад. Салавот ин аст:

«Аллоҳумма салли ва саллим ва борик алайҳи ва олиҳи ва асҳобиҳи аҷмаин».

*                   *                     *

Ҳар кӣ ин рубоиро баъд аз ҳар намози фариза як саду як бор бихонад, Худо хоҳад тавонгар мегардад. Рубоӣ ин аст:

Ё Раб, зи қаноатам тавонгар гардон

В-аз нури якин дилам мунаввар гардон.

Асбоби мани сухтаи саргардон

Бе миннати махлуқ муяссар гардон.

*                   *                     *

Аз Ҳазрати Хоҷа Баҳоуддини Нақшбанд (paҳ) нақл карда шудааст, ки: “Ҳар кас, ки дар миёни суннат ва фаризаи намози бомдод ин рубоиро ҳафтоду як бор бихонад, ҳар муроде, ки дошта бошад, Худо хоҳад баровардаи хайр гардад». Рубоӣ ин аст:

Субҳоналлоҳ, ба ҳар дамам ёр Туӣ,

Субҳоналлоҳ, кушоиши кор Туӣ.

Субҳоналлоҳ, ба иззати кун фаякун,

Субҳ1оналлоҳ, муроди ман ҳосил кун.

*                  *                     *

Ҳар киро мушкиле пеш ояд, бояд ки дуои қуннутро бисёр бихонад ва баъд аз он ин рубоии қутбулорифин Ҳазрати Боязиди Бастомиро дар макони хилват ва покиза бихонад. Худо хоҳад, мушкили ӯ осон мешавад ва ҳоҷати ӯ барояд. Рубоӣ ин аст:

Аллоҳ, ба фарёди мани бекас рас,

Лутфу карамат ёри мани бекас бас.

 

Ҳар кас ба касе ба ҳазрате менозад,

Ҷуз Ҳазрати Ту надорад ин бекас кас.

*                  *                     *

Ҳар кас, ки дар шаби ҷумъа ду ракъат намоз бигӯзорад ва дар ҳар ракъате сураи «Фотиҳа» як бор ва “Ояту-л-Курси”ро се бор бихонад, Худо хоҳад муҳтоҷи касе нашавад ва тавонгар гардад.

*                  *                     *

Абдуллоҳ ибни Умар (раз) гуфт: «Агар касеро ҳоҷате, ё талабе бошад, пас рӯзҳои чаҳоршанбе, панҷшанбе ва ҷумъа рӯза дорад ва дар рӯзи ҷумъа ғусл намояд. Пас аз ғусл ба масҷид ояд. Дар роҳи масҷид ба фақирону мискинон ба ҳурмати рӯзи ҷумъа садақа диҳад. Пас аз намози ҷумъа ин дуоро бихонад. Дуо ин аст:

«Аллоҳумма иннӣ асъалука бисмика-р-Раҳмони-р-Раҳими, ло илоҳа илло Ҳува-л-Ҳайю-л-Қайюму, ал-Лазӣ анат Лаҳу-л-вуҷуҳу ва хашиъат Лаҳу-л-асвоту ва ваҷилати-л-қулубу мин хашятиҳи, асъалука ан тусаллия ва тусаллима ало сайидино Муҳаммадив-ва ало олиҳи ва саҳбиҳи ва саллама ва ан тақзия ҳоҷатӣ».

Баъд аз хондани ин дуо талабу ҳоҷаташро изҳор кунад, иншоаллоҳ, дуоҳое, ки ба нияти хайр бошад қабул хоҳад шуд».

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …