Главная / Илм / АЭРООТИТ

АЭРООТИТ

aehrootit-simptomy-i-lechenieАЭРООТИТ (Aёrootitis), илтиҳоби гӯши мобайн, ки бинобар якбора тағйир ёфтани фишори барометрии ҳаво рух менамояд. А. бештар дар лётчикҳо ва ашхосе, ки дар барокамераҳо таҷриба мегузаронанд, баъзан дар мусофирони тайёраҳо ба мушоҳида мерасад. Беморӣ дар натиҷаи ихтилоли фаъолияти вентилятсиявии найчаи сомеа (шунавоӣ) ба вуҷуд меояд. Эҳсоси руст шудан, дард кардан ва садо додани гӯш, суст гаштани сомеа, баъзан сарчархӣ аломатҳои А. мебошанд. Ҳангоми отоскопия тарангии пардаи гӯш ва андаке хуншории он мушоҳида мешавад.
Муолиҷаи А. бояд ба барқарор сохтани фаъолияти вентилятсиявии гӯш нигаронида шавад. Аз доруҳои нафтазин ва галазолин низ истифода мекунанд. Ҳамчунин пахтаро дар спирти борат тар карда ба сӯрохи гӯш мегузоранд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …