Главная / Ҷамъият / ҚАРОРИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС ВА БОЗОМЎЗИИ КАСБИИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФИ ҶТ

ҚАРОРИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС ВА БОЗОМЎЗИИ КАСБИИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФИ ҶТ

ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН  ДАР БОРАИ БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ СИСТЕМАИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС ВА БОЗОМЎЗИИ КАСБИИ

КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2018-2022

tarbiyai-kalonsolon

Мутобиқи моддаи 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва моддаи 32 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” бо мақсади рушди соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

  1. Барномаи давлатии рушди системаи такмили ихтисос ва бозомўзии касбии кормандони соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022 ва нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии Барномаи давлатии рушди системаи такмили ихтисос ва бозомўзии касбии кормандони соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022 тасдиқ карда шавад (замимаҳои 1 ва 2).
  2. Вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ташкилоту муассисаҳо, новобаста аз шакли моликият, амалигардии барномаи мазкурро дар доираи маблағҳои барои соҳаи маориф пешбинишуда таъмин намуда, аз натиҷаи иҷрои он ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар семоҳа ҳисобот пешниҳод намоянд.
  3. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти амалигардии Барномаи давлатии рушди системаи такмили ихтисос ва бозомўзии касбии кормандони соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022 ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол ахбор пешниҳод намояд.

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                            Эмомалӣ Раҳмон

 

аз 28 июли соли 2017, № 357

ш. Душанбе

Загрузка...

Дар борамон Meg S

Инчунин кобед

emomali-rahmon

Раисҷумҳури Тоҷикистон, Владимир Путинро бо зодрӯзаш табрик намуд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба Владимир Путин шахсан занг зада бо зодрӯзаш табрик намудааст.  Бино …