Главная / Маданият ва санъат / РАВИЯ ВА ФИРҚАҲО ДАР ИСЛОМ

РАВИЯ ВА ФИРҚАҲО ДАР ИСЛОМ

Баъд аз паҳншавии ислом дар кишварҳои дигар ва бархўрди он бо тамаддунҳои мухталиф, тағйироти муаяйне дар олами ислом ба вуҷуд омад. Шароити зист, ҳаёти иқтисодию сиёсии мардуме, ки ба ислом гаравида буданд, аз ҳамдигар фарқ доштанд. Масалан, Эрону Осиёи Миёна кишварҳое буданд, ки бо дараҷаи инкишофи иқтисодии худ аз води бодиянишинони араб ба куллӣ тафовут доштанд. Мардуми ин ҷо ҳаёти муқимӣ ба Сар мебурданд, кишоварзии пешрафта, системаи обёрии хеле тарақикарда, шаҳру тамаддуни шаҳрӣ, саноати ҳунармандӣ, тиҷорати хеле инкишофёфтаро доро буданд. Илова бар ин дар давраи аввали асли ислом дар минтақаи паҳншудаи ислом илму тамаддуни дигар халқҳо, аз ҷумла илму фалсафаи Юнон, Ҳинд хеле нуфузи зиёд дошт.

mazhab

Дар асрҳои 7 – 8 гуногунфаҳмӣ дар байни мусулмонон пайдо шуд, аз ҷумла дар масъалаи гуноҳҳои кабира ва сағира /калону майда/. Баъзеҳо ақида доштанд, ки касе гуноҳи азим содир мекунад, аз ислом хориҷ мешавад ва аз ҷумлаи растагорон намебошад, Дигарон мегуфтанд, ки мусулмонони гуноҳи азим содиркарда, агар ба Аллоҳ ва ҳамаи он чизе, ки дар Қуръон ҳаст, имон дошта бошанд, барои гуноҳҳояшон дар охират ҷазо мебинанд, вале аз аҳли мусулмон ва аз ҷумлаи растагорон хоҳад буд. Тарафи ақидаи аввал асосан хориҷиён ва тарафи ақидаи баъдӣ мурҷииён буданд. Мавқеи мобайниро дар байни ин ду ақида мўътазилаён баён доштанд ва ба ақидаи онҳо чунин гурўҳи ода-мон мавқеи байни мусулмону кофирро ишғол мекунанд /ал -манзила байна – л – манзилатайн /. Мўътазилиён инчунин доир ба дигар масъалаҳои фиқҳӣ мавқеи худро доштанд, аз ҷумла масъалаҳои сифати Аллоҳ, офарида шудани Қуръон ва ғайра.

Мўътазилиҳо дар мавриди сарнавишти инсон ақида доштанд, ки инсон соҳиби ихтиёр ва дар кирдору аъмолаш озод аст. Ў мутобиқи ақл, имону андешаи худ рафтор мекунад ва барои гуноҳҳо, кирдори нодурусташ дар охират ҷавоб мегўяд. Ақидаи мазкурро бисёре аз мусулмонон дастгирӣ мекарданд ва онҳоро дар маҷмўъ қадариҳо ё аҳли қадария мегуфтанд, баръакс тарафдорон ақидаи сарнавиштро ҷабария меномиданд, Онҳо таъкид мекарданд, ки ҳама аъмоли инсон пешакӣ муайян шудааст ва инсон дар рафтору кирдори худ озод нест. Ашъария /яъне тарафдорони имом Ашъарӣ/ мавқеи мобайниро ишғол мекарданд.

Ба қавли онҳо сарнавишти инсонро Аллоҳ пешакӣ муайян кардааст, вале инсон имконияти истифодаи онро дошта, дар сарнавишташ шарик мегардад.

Дар асри аввали ташаккулёбиаш ислом ба ду равияи калон шуд: суннӣ ва шиа/аҳлу – с – сунна ва – л – ҷамоа; ва – ш – шиа/. Номи ҳар кадомашон аз рўи мавқеашон муайян шудааст, аҳлу – с -сунни ва – л – ҷамоа, яъне пайравони суннат ва ҷамоат, шиа – яъне пайравони ҳазрати Алӣ/р/, шиат-у- Алӣ. Ҳанўз дар нимаи асри VII дар ислом ду равия ба вуҷуд меояд, ки номҳои суннию шиаро ба худ мегиранд. Пайдоиши онҳо ба масъалаи ҳокимият алоқаманд буд. Баъди вафоти ҳазрати Муҳаммад /с/ сари масъалаи кӣ бояд халифа /ҷонишин/ – и ҳазрати Муҳаммад /с/ мусулмонон бошад, тафриқа ба вуҷуд омад.

Як гурўҳ ақида дошт, ки халифа метавонад, ҳар мусулмон, дар айни замон аз ёрону ҳамсафони пайғамбар, интихоб шавад, дигарҳо талаб мекарданд, ки чунин щахс танҳо аз авлоди пайғамбар, яъне Алӣ /р/ бояд бошад. Тарафдорони ақидаи аввал аксарият буданд ва фикри онҳо дар амал татбиқ гардид. Халифаи аввал ҳазрати Абўбакри Сиддиқ /р/ интихоб щуд ва баъди вафоти ў ҳазрати Умар/р/, баъд ҳазрати Усмон /р/ ва сипас ҳазрати Алӣ /р/. Бо вуҷуди ин дар байни тарафдорони ҳар ду ақида мубориза қатъ нашуд. Дар ин мубориза ҳазрати Усмон /р/ ва ҳазрати Алӣ /р/ кушта шуданд. Тарафдорони ҳазрати Алӣ /р/ ва асли ворисият /аҳли байт/-ро шиа / шиату Алӣ-ҳизби ҳазрати Алӣ/ мегуфтанд.

Дар баробари ин равия гурўҳе аз аҳли шиа ҷудо шуд, ки номи хориҷиҳоро гирифтанд ва фирқаи хориҷиён пайдо шуд. Аз ҷараёни шиа як гурўҳ дар асри VIII, ки худро тарафдорони имом Исмоил медонистанд, ҷудо шуданд. Онҳо Исмоил фарзанди калонии имом Ҷаъфари Содиқро имоми худ шумурда, баръакси шиаҳои дувоздаҳимома,ки давоми имоматро ба Мўсо Козим – фарзанди

дигари Ҷаъфари Содиқ ва фарзандони ў нисбат доданд, худро исмоилӣ номиданд. Баътар дар байни онҳо низ ҷудоӣ ба амал омад. Гурўҳе,ки имоми ҳафтумро охирин шуморида, бозгашти ўро ба сифати ал – Қоим интизор шуданд, номи ҳафтимомаро гирифтанд, дигар гурўҳ давоми имоматро ба фарзандони Муҳаммад / фарзанди Исмоил/,ки дар дигар кишварҳо паноҳ бурда буданд, нисбат дода, онҳоро имомони «махфӣ» гуфтанд ва аз номашон мардумро ба тариқи Исмоилия даъват намуданд. Исмоилияҳо хусусан дар Хуросон ва Мовароуннаҳр тарафдорони зиёд пайдо намуданд.

Давраи то ба сари қудрат омадани Фотимаҳо дар Африқои Шимолӣ давраи пўшида-ас-сатр ном дорад. Исмоилиҳо дар баъзе кишварҳо, аз ҷумла Осиёи Миёна, бо номи қарматиҳо ва ботиниҳо маъруф гардидаанд. То охири асри X исмоилиҳо Мағриб, Миср, Сурия, Фаластин, Ҳиҷозро ба итоати худ дароварданд. Минбаъд исмоилиҳо ба ду гурўҳ – низориҳо ва мустаълиҳо ҷудо шуданд. Низориҳо дар корҳои хилофат бештар мавқеъ пайдо карданд. Дар асри XI низориҳо давлати худ бо номи давлати Аламутро ташкил доданд, ки то асри XIII вуҷуд дошт. Ташкилкунандаи он Ҳасани Саббоҳ буд. Баъди шикасти давлати

Аламут исмоилиҳо ба Ҳиндустон ва дигар ҷойҳо муроҷиат намуданд. Аз нимаи аввали асри XIX сар карда, пешвои исмоилиҳои Ҳиндустон номи Оғохонро ба худ гирифт, ки ин силсила то имрўз давом дорад. Имоми ҳозири исмоилон Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ Оғохони IV соли 1957 ба ин маснад нишаст. Қароргоҳи ў дар Кения аст. Тарафдоронаш дар бештар аз 20 кишвар сукунат доранд. Исмоилиҳо ба ҷуз Қуръон ва таъвили хоси он китобҳои дигар доранд, ки аз муҷизоти пирҳо ва сагузашти онҳо ҳикоят мекунанд. Аксари мардуми вилояти Бадахшон аз пайравони тарқаи исмоилия мебошанд. Онҳо ташкилоти худ ва ибодатгоҳҳои /такяхонаҳои/ Оғохони IV шахси бомаърифат, сиёсатмадори варзида буда, ҷамеи

исмоилиёнро ба хубӣ роҳбари мекунад ва нуфузу обрўи зиёде дар ҷаҳон дорад.

Равияи дигари исмоилиҳо – мустаълиҳо дар Яман, Ҳиндустон, Покистон, Эрон, Танзания ва ғайра кишварҳо паҳн шудааст. Имомони Исмоилӣ дорои дараҷаҳои гуногун буда, фидоиёни исмоилия ҳисоб мешаванд. Дар маҳалҳо, аз ҷумла дар Бадахшон халифаҳои исмоилӣ ба кори динӣ роҳбарӣ мекунанд.

Тасаннун равияи асосӣ ва калонтарини ислом аст ва ба Қуръони карим, гуфтор ва рафтори пайғамбар ҳазрати Муҳаммад /с/ (яъне суннат) эътиқодманданд. Аз ин ҷо фармудаҳои ҳазрати Пайғамбар, ки дар ҳадисҳо гирд омаданд, асоси пайравии ин гурўҳи мусулмонон қарор дорад. Ҳадисҳои расулуллоҳ дар маҷмўаҳои гуногун гирд омадаанд.

Боэътимодтарини онҳо «ал – ҷомеъу – с – саҳеҳ» -и ал -Бухорӣ мебошад. Тафсири дурусти Қуръони карим ва ҳадисҳои набавӣ, талаботҳою ҳукмҳои динӣ ба воситаи қиёсу иҷмоъ-яъне ҳукми гурўҳе аз уламои бонуфуз амалӣ мегардад. Аҳли суннат дорои чаҳор мазҳаб /мактаби фиқҳӣ мебошад:

ханафӣ, моликӣ, шофеӣ, ҳанбалӣ/ ва ҳамаи ин чаҳор мазҳабро аҳли тасанун дуруст мешуморанд. Аҳли суннат тақрибан 90%-и мусулмононидунёро ташкил додаандва дар байни онҳо ҳанафиҳо, яъне пайравони мактаби фикҳи Абў Ҳанифа /р.а./ аз дигарон бештаранд. Фарқияти байни мазҳабҳои ислом бештар дар мавриди истифодаи усули асосноккунии ин ва ё он масъалаи фиқҳӣ /ҳуқуқӣ/ мушоҳида мегардад. Ба дараҷаи ҳассосияти худ нисбат ба рафтору кирдори мусулмонон низ онҳо фарқ доранд. Ба сахтгирии худ, мазҳаби ҳанбалия аз шофеия як андоза фарқ мекунад. Мазҳабҳои мазкур дар тули асрҳо инкишоф ёфта, фарқияти тозаро ба вуҷуд овардаанд, аз ҷумла ваҳҳобия, ки дар заминаи ҳанбалия ба вуҷуд омадааст, дар охири асри XVIII дар Арабистон пайдо шудааст. Асосгузораш Ибни Абдулвааҳҳоб буд. Асоси таълимоти ў тавҳид ба ҳисоб мерафт. Ба қавли ў азбаски Аллоҳ ягона манбаи офариниш, офаридгор аст, бояд фақат ў мавриди тоату ибодат ва парастиш қарор гирад. Ин ақида аз тарафи ҳеҷ як мусулмон рад карда намешавад, вале Абдулваҳҳоб онро бар зидди одату русуми дар байни мардум маъмул истифода мекард, дигар чизҳои муқаддасро рад карданӣ мешуд. Ба гуфти ў мусулмонон аз ваҳдати холис дур рафта ба дигар чизҳо, аз ҷумла мазорҳо ибодат мекунанд, ҳар гунна навовариҳо дохил менамоянд, исломи асил, покро фаромўш мекунанд.

 Ў ба ҷиҳод эътибори махсус дода, муборизаро зидди онҳое, ки ба ширк /бутпарастӣ/ роҳ медиҳанд, зарур медонист. Вале мутаасифона, ба ифрот дар эътиқод ба мазҳаби ҳанбалия роҳ дода, аксари пайравони ғайри ин мазҳабро, аз ҷумла аксари пайравони мазҳабҳои дигари аҳли суннат ва ҷамоаро ба мушрикӣ гунаҳгор дониста, ҷиҳодро зидди онҳо низ раво медонист. Ақидаи абдулваҳҳоб аз тарафи гурўҳи ифротгарон истифода шуда, ба ҷудоии мусулмонон овард.

Оштинопазирии ваҳҳобиён имрўз аз тарафи аксари пайравони он дастгирӣ намешавад. Аксари онҳо пайравони ваҳҳобияи «мўътадил» ҳастанд, ки иттиҳоду ягонагии мусулмононро авлотар мешуморанд.

Таассуб ва ифротгароиро баъзе гурўҳҳо ва созмонҳо бо мақсади сиёсӣ истифода мекунанд, онҳое, ки мехоҳанд қудрати сиёсӣ ба даст оваранд, дар муборизаи сиёсиашон таълимоти ваҳҳобияро истифода бурдани мешаванд. Ваҳҳобия дар ин маврид андешаи бисёр ташкилоту созмонҳои ифротгароӣ гардидааст. Мухолифати аҳли суннат ва-л-ҷамоа ва ваҳҳобияи ифротӣ хеле зиёд аст. Асоси ихтилофи онҳоро масъалаҳои фиқҳӣ, нобоварии ваҳҳобиён ба суннати дар байни сунниҳо маъмул ташкил медиҳад. Ваҳҳобияи расмӣ ва мўътадил аз ифротиёни ин мазҳаб фарқ мекунанд. Ифротиён ба онҳо низ ихтилоф доранд. Дар байни сунниён ва ваҳҳобиёни ғайриафротӣ ихтилоф чандон зиёд нест.

Ҳамкорӣ дар байни онҳо асоси муносибат ба якдигар ҳисоб мешавад. Имрўз равияи суннӣ дар бисёр кишварҳои Осиё, Африқо ва Аврупо паҳн гаштааст. Аз ҷумла Туркия, ҳамаи давлатҳои Осиёи Миёна, Афғонистон, Миср, Тунис, Малайзия, Алҷазоир, Ҳиндустон, Покистон, Бангладеш, Индонезия, Сенегал, Македония, Босния ва Герцеговина ва ғайра. Мазҳаби шиа дар Эрон, Озарбойҷон, Сурия, Лубнон, қисман Ироқ, ва кишварҳои дигар паҳн гаштааст. Дар як қисми кишварҳои исломӣ ҳар ду равия аз ҷумла Ироқ, Лубнон, Сурия ва ғайра баробар нуфуз доранд, дар баъзе дигар фақат як равия, аз ҷумла равияи шиа дар Эрону Озарбойҷон нуфузи пурра дорад.

Мусулмонон бештар аз як миллиардро ташкил дода, дар 120 кишвари олам пайравони ислом мавҷуданд. 90% онро сунниҳо ва боқимондаро шиа ва фирқаҳои дигар ташкил додаанд. Дар 35 мамлакати дунё аксари аҳолӣ мусулмонанд. Ба ин қатор ҷумҳуриҳои Осиёи миёна, Афғонистон, Эрон, Туркия, ҳамаи давлатҳои араб, кишварҳои Африкаи Шимолӣ, Сенегал, Замбия, Нигерия, Сомалӣ, Индонезия, Покистон, Бангладеш дохил мешаванд. Дар кишварҳои боқимонда мусулмонон ақалияти аҳолиро ташкил медиҳанд. Дар 28 давлати Осиёю Африко ислом дини давлати мебошад. Аз инҳо фақат дар Эрон равияи шиа давлати эълон шудааст.

Супориш_ва саволҳо.

  1. Мамлакатҳои исломиро номбар кунед.
  2. Чаро дар дини Ислом ҷараёнҳои мухталиф пайдо шуданд?
Загрузка...

Дар борамон anvarj63

Инчунин кобед

bolisht

Туҳфа ба модаркалон (Болиштча)

Ба наздикӣ рўзи таваллуди модаркалонам. Ман бояд ба ў тўҳфаи махсусро интихоб карда, ба зодрўзаш …