Главная / Биология / МОҲИҲОИ ТОҶИКИСТОН

МОҲИҲОИ ТОҶИКИСТОН

Дар муҳити обҳои Тоҷикистон то ҳол зиёда аз 40 намуди моҳиҳо маълуманд. Аз онҳо баъзеашон аҳамияти калон доранд.

  1. Ширмоҳӣ дар обҳои ширин зиндагӣ мекунад. Дарозиаш то 50 см буда, вазнаш 1-2 кг мешавад. Вай дар дарёҳои хурду калони серобу камоби кӯхистон бештар вомехӯрад, Баъзан дар обҳои хунуки шаффоф чунин моҳиҳо дучор мешаванд. Бештар дар тагу байни сангҳо гашта, ба муқобили ҷараёни об нағз ҳаракат мекунанд. Хӯроки ширмоҳи ҳар гуна кирмҳо, харчангҳои хурд, кирминаи ҳашароти обӣ мебошанд. Ғайр аз ин обсабзҳоро бо лаби поёнаш аз болои сангҳои зериобӣ тарошида мехӯрад.

Ширмохӣ охири моҳи май ва ибтидои июн тухм мегузорад. Охирҳои тирамоҳ дарозии моҳичаҳои ширмоҳӣ 7-10 см шуда, вазнашон 8-12 гр мешавад.

riba-mohi-tajik-2

Ширмоҳӣ дар синни 3-4-солагиаш ба шикор мувофиқ аст. Дар вақти аз ширмоҳӣ тайёр кардани таом тухмаш ва пардаи сиёҳи рӯйи баданашро, ки барои одам ва ҳайвоноти хонагӣ заҳрнок мебошад, гирифта партофтан лозим аст.

  1. Храмуля бо ширмоҳӣ якҷоя зиндагӣ мекунад, вале миқдори зиёдаш дар дарёҳои сустҷоришаванда дучор мешаванд. Храмуля дар байни сангҳои даруни об мегардад, хӯрокаш хар гуна растаниҳои обӣ аст. Вай тухмашро дар байни сангчаҳо мегузорад. Дарозии моҳичаҳои он дар соли якум 6 см ва дар 5-солагиаш 25-30 см, вазнаш қариб ба 1,2 кг мерасад.

Дар вақти аз храмуля тайёр кардани таом онро мисли ширмоҳӣ тоза кардан лозим аст, чунки он хам тухму пардаи сиёҳи заҳрнок дорад.

  1. Зағорамоҳӣ дар обҳои сустҷоришаванда ё ором зиндагӣ карда, дар Вақти обхезӣ ҳамроҳи об ба ҳавзу заминҳои шоликории назди соҳил дохил мешавад ва ба оби шӯр нағз мутобиқ мешавад. Зағорамоҳиро дар обҳои шӯри ноҳияи Ҷилликӯл бисёр дидан мумкин аст. Онҳоро дар ҳавзҳои махсус ҳам парвариш мекунанд.

Зағорамоҳӣ аз синни 2-4-солагиаш ба наслдиҳӣ cap мекунад. Як зағорамоҳии калони модина дар як мавсим 150 ҳазор тухм мегузорад. Вай тухмашро дар байни растаниҳои обии соҳил мегузорад. Пас аз 5-7 рӯз аз тухмҳо зағорамоҳичаҳое мебароянд, ки 5 мм дарозӣ доранд. Рӯзҳои аввал беҳаракат буда, аз ҳисоби зардии тухм зиндагӣ мекунанд. Зағорамоҳӣ ҳар гуна чонварони бемӯҳраю растаниҳои обиро мехӯрад.

Зағорамоҳӣ яке аз моҳиҳои асосии шикорӣ мебошад. Ҳоло 10 намуди нави ин моҳиро ба вуҷуд оварда, дар ҳавзхои махсусгардонида парвариш мекунанд. Масалан, карпи пулакчадор, карпи булӯрин, карпи лучак зотҳои нави загорамоҳӣ мебошанд.

  1. Лаққамоҳӣ дар обҳои ҳавзу ҷӯйҳои обашон суст ҷоришаванда одат карда, дар кӯлҳою обанборҳои водии дарёи Вахш, Кофарниҳон, Зарафшон бештар дучор мешавад. Дар кӯлҳои водии Вахш, дар обанборҳои сунъии Фарҳод ва Қайроққум нағз парвариш меёбад. Вай бештар дар тагилб истода, лошаи ҳайвонот инчунин ҷонварҳои зиндаи хурди камҳаракатро мехӯрад. Вобаста ба тарзи ҳаёташ сари сербари пачақ, даҳони калон, бадани калта, шиками ғафс, думи пачақ, мӯйлаби дароз, пӯсти барахяаи луҳобдор ва ранги хокистарии баланд дорад.

Лакқамоҳиҳои азимҷуссаи дарёҳои Тоҷикистон то 1,5 м дарозӣ дошта, 60-70 кг вазн доранд. Онҳоро бо тӯр ё чангак шикор мекунанд. Гӯшташ сафеди мулоими хушлаззат аст.

  1. Лаккамоқии туркистонӣ дар дарёҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла дар Тоҷикистон зиндагӣ карда, дарозии баданаш то 25 см мешавад. Пӯсти баданаш бепулакчаи хокистарранг ё ҷигартоб, сараш аз боло ба поён пачақ, мӯйлабҳояш аввал сербару охираш борик аст. Вай дар дарёчаҳои кӯҳӣ зиндагӣ карда, моҳи июн ба тухмгузорӣ cap мекунад. Тухмҳояш то 2,6 мм буда, баъди аз тухм баромадан моҳичаҳо кирмакхои ҳашароти обиро мехӯранд.
  2. Гамбузня моҳии хурдест, ки макони асосиаш сохилҳои чанубу шаркии Америкаи Шимолӣ аст. Соли 1924 бо мақсади нест кардани кирминаю зочаи пашшаҳои гузаронандаи касалии малярия (варача) ба Иттиҳоди Шӯравӣ аввал ба Кавказ ва пас ба Осиёи Миёна, аз ҷумла ба ҳавзҳои беобдави маҳалҳои аҳолинишини Тоҷикистон оварда буданд, ки зуд паҳн гардид.

Гамбузия бисёр моҳии пурхӯр буда, дар вақти гурусна мондан ҳатто моҳибачаҳои худашро хам мехӯрад. Вале худи онҳоро окун ва зағорамоҳиҳо мехӯранд.

Ғайр аз ин, гамбузияро барои зебоиаш дар аквариум ҳам парвариш мекунанд.

Савол ва супоришҳо:

  1. Дар бораи моҳиҳои Тоҷикистон дар мисоли ширмоҳӣ, храмуля, зағорамоҳй, лаққамоҳӣ, гамбузия ва ғайраҳо маълумот диҳед.
  1. Расми моҳиҳоро дар дафтаратон кашед.
Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …