Главная / Илм / Маданияти ҳуқуқӣ

Маданияти ҳуқуқӣ

Маданияти ҳуқуқӣ яке аз намудҳои маданияти ҷамъиятӣ буда, барои таснифи ҳамаи низоми ҳуқуқии кишвар аз нуқтаи назари муайян истифода мегардад. Вай вазъи сифатии ҳаёти ҳуқуқии ин ё он ҷомеаро муайян намуда, дониши аҳолиро оид ба қонун муайян мекунад, дар кадом ҳолат қарор доштани эҳтироми қонунҳоро аниқ намуда, инчунин нишонаи чигунагии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҷараёни қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мебошад.

kitobМаданияти ҳуқуқии ҷамъият, пеш аз ҳама, аз сатҳи инкишофи шуури ҳуқуқии аҳолӣ вобаста мебошад. Яъне маданияти ҳуқуқӣ аз он, ки аҳолӣ то чӣ дараҷа арзишҳои ҳуқуқиро медонад ва оид ба муносибатҳои ҳуқуқӣ маълумот дорад, муносибати аҳолӣ ба қонун, суд, дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ чӣ гунна мебошад, ақидаву мафҳумҳои ҳуқуқӣ то чӣ андоза дар шуури одамон акс ёфтаанд, вобаста мебошад.

Сатҳи инкишофи шуури ҳуқуқӣ мумкин аст танҳо дар фаъолияти воқеии ҳуқуқӣ ва рафтори ҳуқуқии одамон ифода ёбад. Барои ҳамин унсури дуюми таркибии маданияти ҳуқуқӣ сатҳи инкишофи фаъолияти ҳуқуқӣ мебошад. Вай аз фаъолияти омўзишии донишҷўён ва шунавандагони факултаҳо ва донишкадаҳои ҳуқуқӣ, инчунин аз фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ва татбиқи он иборат аст. Ҳамзамон маданияти ҳуқуқии ҷамъиятро дар бисёр ҳолатҳо рафтори воқеии ҳуқуқии шаҳрвандон, фаъолияти онҳо оид ба амалӣ намудани ҳуқуқ, дараҷаи дониши ҳуқуқҳои худи онҳо ва дар сари вақт иҷро намудани ўҳдадориҳо, инчунин, тамоми амалҳои манъшуда ва то чӣ дараҷа ҳуқуқҳои худро пурра истифода бурдани одамон муайян менамояд.

Унсури сеюми маданияти ҳуқуқии ҷамъият сатҳи инкишофи низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар маҷмўъ мебошад. Ҳама гуна санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бояд ба талаботи тасаввурот оид ба адолатнокӣ, баробарӣ ва озодии дар шуури ҷамъияти ҳукмрон ҷавобгў бошанд. Санади меъёрии ҳуқуқӣ аз нуқтаи

назари шакл бояд мукаммал, бемухолифат, ба қадри имкон кўтоҳ, аниқ ва ба аҳолӣ фаҳмо, ба Конститутсия мутобиқ бошад ва дар сарчашмаи ба аҳолӣ дастрас ба нашр расонида шавад ва ғайра.

Ҷудо намудани унсурҳои таркибии маданияти ҳуқуқӣ шартӣ мебошад, зеро фаъолияти ҳуқуқие вуҷуд надорад, ки ҷудо аз шуури ҳуқуқӣ амалӣ карда шавад ва ҳамзамон шуури ҳуқуқӣ танҳо дар фаъолияти ҳуқуқӣ ва натиҷаи он – санади меъёрии ҳуқуқӣ ифода меёбад. Ҳамзамон қисмҳои таркибии мадани-

яти ҳуқуқӣ бе инсон, гурўҳи одамон ва аҳолӣ дар ягонагӣ вуҷуд дошта наметавонад. Маданияти ҳуқуқии гурўҳҳои иҷтимоӣ ва касбӣ, инчунин, аз сатҳи инкишофи фардҳои алоҳида вобаста мебошад. Аз ин лиҳоз, маданияти ҳуқуқии аҳолӣ, маданияти ҳуқуқии гурўҳӣ ва маданияти ҳуқуқии шахсиро бояд аз ҳам ҷудо кард. Маданияти ҳуқуқии шахсӣ сатҳи дониши ҳуқуқии шахсӣ, муносибати онро ба арзишҳои ҳуқуқӣ, ба қонун ва дараҷаи нишондоди ҳуқуқиро оид ба риояи навиштаҷоти ҳуқуқӣ ифода менамояд.

Оид ба маданияти ҳуқуқии шахс аз рўи рафтори ў дар соҳаи ҳуқуқ ва танҳо дар сатҳи инфиродӣ баҳо додан мумкин аст.

Саволҳо:

  1. Шуури ҳуқуқӣ чист?
  2. Таркиби шуури ҳуқуқӣ аз кадом унсурҳо иборат мебошад?
  3. Кадом намудҳои шуури ҳуқуқиро медонед?
  4. Дар бораи шуури ҳуқуқии инфиродӣ ва дастаҷамъӣ маълумот диҳед.
  5. Дар бораи маданияти ҳуқуқӣ маълумот диҳед.
  6. Унсурҳои таркибии маданияти хуқуқиро номбар намоед.
Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБӢ

Сабабҳои тағйирёбии фаслҳои сол. Аз курси табиатшиносӣ мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …