Главная / Маданият ва санъат / Баъзе хосиятҳои асмоу-л-ҳусно

Баъзе хосиятҳои асмоу-л-ҳусно

Ҳар кӣ исми «ё Азиз»-ро то чиҳил рӯз чиҳил маротибагӣ бихонад, Худованди таоло ӯро азизу ғанӣ мегардонад. Ва ҳар кӣ ҳамеша пас аз фарзи намози бомдод чиҳилу як бор бихонад, Худо хоҳад ба касе мухтоҷ нашавад.

*                   *                     *

«Ё Ваҳҳоб» эй бағоят бахшандаи анвои атоё ва ниами зоҳиру ботин бесабаб ва беғараз. Ва асҳоби даъавоти ин исм ва мустафидони хосиёти асмо фармудаанд, ки ин исмест касирулбаракот ва азимулхосиёт ва сабаби суръати иҷобати даъват ва хосиёти ӯ аз он бештар аст, ки ба тақриру баён рост ояд.

Ва акобир фармудаанд, ки ҳар кӣ хоҳад дуое бикунад, ҳафт бор «ё Ваҳҳоб» бигӯяд, албатта, ӯро Ҳазрати Ҳақ, субҳонаҳу ва таоло иҷобат кунад.

Ва ҳар кас, ки чизе талабад, ё ба дасти хасме дар қайд афтад ва гирифтор бошад, ё дар ризқи ӯ тангӣ бошад, ё дар касби ӯ бисёр манфиат набошад, ё солиҳеро дар роҳ фатҳе падид наёяд, бояд ки се шаб, ё ҳафт шаб дар нимаи шаб вузу созад ва ду ракъат намоз бикунад ва cap бараҳна кунад ва ду даст бардорад ва сад бор «ё Ваҳҳоб» бигӯяд ва баъд аз он рафъи ҳоҷот бикунад ба Ҷаноби Ҳазрати Қозиюлҳоҷот. Ва Ҳақ субҳонаҳу ва таоло ҳоҷати ӯро раво гардонад.

Ва гуфтаанд, агар касе мудовимат намояд бар он, ки баъд аз намози чошт саҷда кунад ва ҳафт бор “ё Ваҳҳоб” гӯяд, Ҳақ, субҳонаҳу ва таоло ӯро тавонгарӣ бахшад.

Ва ҳар кӣ бар адади тақсир (14 бор) даъват кунад ин исмро муддати чиҳил рӯз ба ҳузури қалб ва меъдаи холӣ, он чи толиби он аст, ёбад.

Ва манқул аст, ки азизе яке аз машоихро дид, ки бо муридону асҳоб ҳама ағниёанд. Аз баъзе аз он муридон пурсид, ки:

  • Шайх шуморо аз асмо кадом исмро талқину таълим карда?

Он мурид гуфт:

  • Мудовимати мо бар исми «Ваҳҳоб» аст.

Шахсе, ки мубталои камбағалӣ бошад, исми «ё Ваҳҳоб»-ро бисёр хонад ва ё дар саҷдаи охири намози чошт чиҳил маротиба бихонад, Худо хоҳад аз ин камбағалӣ наҷот меёбад.

Агар ҳоҷати махсусе пеш ояд, пас дар хона ва ё дар саҳни масҷид се бор саҷда карда, даст бардошта, сад бор ин исмро хонад, Худо хоҳад ҳоҷаташ раво гардад.

*                   *                     *

Агар шахсе исми «ё Қобиз»-ро ба чаҳор луқмаи таом навишта, то чиҳил рӯз пайваста бихурад, Худо хоҳад аз машаққату нороҳатӣ ва гуруснагиву ташнагӣ ва захму дард ва ғайруҳу маҳфуз мемонад.

Касе, ки пас аз намози чошт даст ба сӯйи осмон бардошта, исми «ё Босит»-ро даҳ бор бихонад ва даст ба рӯйи худ бимолад, Худо хоҳад муҳтоҷи касе нагардад.

*                   *                     *

Ҳар кӣ шаби чаҳордаҳуми ҳар моҳ ба вақти нисфи шаб исми «ё Рофеъ»-ро сад бор бихонад, Худованди таоло ӯро аз мардум бениёз ва тавонгар месозад.

*                   *                     *

Ҳар киро кор баста шавад, бояд исми «ё Фаттоҳ»-ро бисёр бихонад, он кор дарҳол кушода гардад.

*                   *                     *

Ҳар кӣ рӯзона исми «ё Латиф»-ро як саду сиву се бор бихонад, Худо хоҳад дар ризқи вай баракат ояд ва корҳояш ривоҷу равнақ гирад.

Шахсе, ки дар мусибате ва ё камбағалӣ мубтало аст, ба хубӣ таҳорат карда, ду ракъат намоз хонда ва матлабашро дар дил оварда, исми «ё Латиф»-ро сад бор бихонад, Худо хоҳад комёб мегардад.

*                   *                     *

Ҳар кӣ ҳар рӯз ҳазору сад бор исми «ё Муғнӣ»-ро бихонад, ё як ҳазору дусаду шасту ҳафт бор бихонад, тавонгар ва бениёз гардад.

*                   *                     *

Шахсе мубтало дар тангии маишат ва ё дар нороҳатӣ ва захмат, агар рӯзона чиҳилу як бор исми «ё Шакур»-ро бихонад, Худо хоҳад, наҷот ёбад.

*                   *                     *

Ҳар киро муҳимме пеш ояд, бояд ҳафт рӯз аз рӯзи ҷумъа cap карда, бихонад. Рӯзи ҷумъа сад бор «Ё Аллоҳу, ё Воҳиду» ва рӯзи шанбе сад бор «Ё Раҳмону, ё Раҳиму» ва рӯзи якшанбе сад бор «Ё Воҳиду, ё Аҳаду» ва рӯзи Душанбе сад бор «Ё Самаду, ё Фарду» ва рӯзи сешанбе сад бор «Ё Ҳайю, ё Қайюму» ва рӯзи чаҳоршанбе сад бор «Ё Ҳаннону, ё Маннону» ва рӯзи панҷшанбе сад бор «Ё За-л-ҷалоли ва-л- икрому» бигӯяд.

*                   *                     *

Барои фарохии ризқ бояд, ки ин оятро як ҳазору як бор ба таваҷҷуҳи дил бихонад. Ояти карима ин аст:

«Аллоҳу латифум-би-ибодиҳи юрзаку май-яшоу ва Ҳува- л-Қавийю-л-Азиз».

*                   *                     *

Дар хонае, ки ҳар рӯз сураи «Қоф»-ро бихонанд, соҳиби он хона доим бадавлату босаодат ва боиззату каромат гардида аз хориву зиллат маҳфуз монад ва ба ҷиҳати афзунии давлат дар ҳар шаби ҷумъа се бор ин сураро бихонанд.

*                   *                     *

Аз Ҳазрати Хоҷа Баҳоуддини Нақшбанд (paҳ) нақл карда шудааст: Ҳар касе сураи «Фил»-ро баъд аз адои намози пешин бисту як бор бихонад, тавонгар шавад ва ризқаш аз ғайб бирасад. Сураи «Фил» ин аст:

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

А лам тара кайфа фаъала Раббука би асҳоби-л-фил. А лам яҷъал кайдаҳум фӣ тазлил. Ва арсала алайҳим тайран абобил. Тармиҳим биҳиҷоратим-мин сиҷҷил. Фа ҷаалаҳум каасфим-маъкул.

*                   *                     *

Агар касе дар вақти боридани борон сураи «Кавсар»-ро як саду як бор бихонад, дуояш ба иҷобат қарин хоҳад шуд. Сураи «Кавсар» ин аст:

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Инно аътайнока-л-Кавсар. Фа салли ли Раббика ва-нҳар. Инна шониака Ҳува-л-абтар.

 

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

Мазори Махдуди Аъзам дар Ҳисор /соли 1547/.

Бинокорӣ ва меъморӣ дар асри XVI

Дар санъати меъмории нимаи аввали асри XVI анъанаҳои аҳди Темурӣ идома дошт. Дар ин аср …